Ҷисмҳои муҳити атроф шаклҳои гуногун доранд. Дар байни онҳо на танҳо бисёррӯяҳо, балки ба ном ҷисмҳои чархзанӣ (гирд, лӯнда) ҳам вомехӯранд. Дар навбати аввал аз байни чунин ҷисмҳо силиндр, конус ва кураро номбар кардан даркор аст. Мо ба омӯзиши онҳо ҳамчун ҷисмҳои геометрӣ шурӯъ мекунем.
Бигузор дар ҳамвории α, ки ба ҳамвории β параллел аст, доираи даврааш D –и радиусаш R ва марказаш О, инчунин хати рости a, ки доираро намебурад, дода шудаанд (расми 36). Аз рӯи ҳар як нуқтаи давраи D хати рости ба а параллелро мегузаронем. Буриши ин хатҳо бо ҳамвории β давраеро ҷудо менамояд, ки онро бо D1 ишорат мекунем. Порчаҳое, ки нуқтаҳои ин ду давраро бо ҳам пайваст менамоянд, сатҳеро ташкил медиҳанд, ки он сатҳи силиндрӣ ном дорад.
Таъриф. Ҷисми геометрие, ки бо сатҳи силиндрӣ ва ду доираи давраашон D ва D1 маҳдуд аст, силиндр (аниқаш, силиндри гирд) номида мешавад (расми 36). (Калимаи силиндр юнонӣ буда (kylindros) маънояш ғелидан ё чарх задан аст. Ашёи гуногуни бо дасти одам сохташуда, масалан, қатораи биноҳо, қубурҳо, истаконҳо, ғӯлачубҳо ва ғайра шакли силиндрро доранд. Кӯлоҳи мардонае, ки дар асри 18 васеъ паҳн гашта буд, низ номи силиндрро дошт).
Порчаҳое, ки нуқтаҳои давраҳоро пайваст мекунанд, ташкилдиҳандаҳои силиндр номида мешаванд. Сатҳи силиндрӣ, ки аз ташкилдиҳандаҳо иборат аст, сатҳи паҳлуии силиндр, доираҳо бошанд асосҳои силиндр ном доранд. Ҳамин тариқ, сатҳи пурраи силиндр аз сатҳи паҳлуӣ ва доираҳо (асосҳо) иборат аст. Бо ибораи дигар, сатҳи силиндр аз қисмҳои ҳамвор ва қисми каҷ иборат аст. Сатҳи бисёррӯя бошад танҳо аз қисмҳои ҳамвор иборат буд.
Дарозии перпендикуляри умумии ҳамвориҳои параллел баландии силиндр аст. Ташкилдиҳандаҳо ҳамчун хатҳои рости параллел, ки дар байни ду ҳамвории параллел ҷойгиранд, ба ҳамдигар баробаранд (теоремаи 10-и «Геометрия - 10», саҳ. 43). Инчунин аз ҳар як нуқтаи сатҳи паҳлуии силиндр танҳо якто ташкилдиҳанда мегузарад. Радиуси давраҳои асос радиуси силиндр аст.
Силиндр рост номида мешавад, агар ташкилдиҳандаҳо ба ҳамвориҳои асос перпендикуляр бошанд, вагарна онро моил мегӯянд. Дар расми 37 силиндрҳои рост ва моил оварда шудаанд. (Дар оянда асосан ба омӯзиши силиндри рост машғул мешавем. Агар махсус таъкид карда нашавад, зери мафҳуми силиндр силиндри рости гирдро мефаҳмем.) Аёнӣ силиндри ростро ҳамчун ҷисме, ки дар натиҷаи дар атрофи яке аз тарафҳои худ чарх задани росткунҷа ҳосил мешавад, тасаввур кардан мумкин аст. (Ана барои чӣ силиндрро ҷисми чархзанӣ ҳам мегӯянд.) Дар расми 38 силиндре оварда шудааст, ки он дар натиҷаи дар атрофи тарафи AD чарх задани росткунҷаи ABCD ҳосил шудааст.
Порчаи хати рост, ки маркази асосҳоро пайваст мекунад, тири силиндр ном дорад. Тир ба ташкилдиҳандаҳо параллел ва баробар аст.
Силиндр — (аз калимаи юн. kylidros – маънояш ғелидан ё чарх задан аст. Ҷисми геометрие, ки бо сатҳи силиндрӣ ва ду доираи давраашон D ва D¹ маҳдуд аст, силиндр аниқаш, силиндри гирд, номида мешавад. Ашёи гуногуни бо дасти одам сохташуда масалан: қатори биноҳо, қубурҳо, истаконҳо, ғӯлачӯбҳо ва ғайра силиндрро дорад. Кӯлоҳи мардонае, ки дар асри XVIII васеъ паҳн гашта буд, низ номи силиндрро дошт.
Силиндр
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)