Абдулқодирхоҷа Савдо


Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи ранҷурон мапурс,
Захм донад чист ҳоли қисми лоғар теғро.
      Яке аз шоирони хушзавқи нимаи дуюми асри XIX Абдулқодирхоҷа Савдо дар рушди адабиёти давр саҳми сазовор гузоштааст. Ӯ асосан шоири ғазалсаро буда, дар тахаввули навъҳои адабии дигар низ ҳиссагузор аст.
Абдулқодирхочаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати ӯро миёнаи солҳои 1823-1825 муқаррар кардаанд. Тибқи шаҳодати Возеҳ дар «Тӯҳфат-ул-аҳбоб...», баромади иҷтимоии Савдо ба хонадони олими маъруфи асри XVII - Мавлоно Шариф тааллуқ доштааст. Корӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси дониши ҳаматарафаи Абдулқодирхоҷаи Савдо ва тақрибан дар овони 20 - 22 - солагӣ мадрасаро хатм намудани ӯ хабар медиҳад, ки хеле муҳим ва арзишманд мебошад. Савдо чӣ дар илмҳои табиатшиносй мисли риёзиёт, табииёт, нучум, хандаса ва чи дар илмхои инсоншиносй ба монанди таърих, адабиёт, сарфу наҳв, луғат, мантиқ ҳикмат ва ғайра баҳраи хеле комил дошта, нозукиҳои улуми мусиқӣ ва аз ҷумла, «Шаш мақом»-ро низ азбар намуда, ҳатто дар навохтани асбоби мусиқии танбур соҳибтабъ будааст.
      Савдо ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоми таҳсил дар Мадраса ба эҷоди шеър низ шуғл варзидааст. Муҳим он аст, ки шоир дар эҷоди ғазалиёту мусам-матҳо тахаллуси «Савдо»-ро ба кор бурда, дар эҷоди осори тамоюли ҳаҷвидошта тахаллуси «Бепул»-ро кор фармудааст. Зиёда аз ин, Мирзо Абдулазими Сомӣ дар «Миръот-ул-хаёл» хабар медиҳад, ки Савдо дар аҳди Насруллохон (1826-1860) ба дарбор ҷалб карда мешавад ва ӯ дар ин ҷо бо пешаи тарроҳй (кашидани тарҳи иморатҳо) ва наққошӣ касби маош мекардааст.
      Муаллифи ҳамин тазкира, яъне дар аҳди амир Насруллоххон ба дарбор роҳ ёфтани Мирзоабдулқодирхоҷа Савдоро хотиррасон менамояд. Аз ҷумла, ӯ таъкид менамояд, ки:
 
Дар айёми султони волоҷаноб,
Амир Насруллохи баҳодурхитоб.
Ба тарроҳию нақш маъмур буд,
Зи инъоми алтоф масрур буд.
 
      Баъди ба сари қудрат омадани писари Насруллоххонамир Музаффархон (1860-1885) Савдо хамчун яке аз надимони хоси Музаффархон фаъолият кардааст. Вале маълум аст, ки амир Музаффархон хеле шахси айёшу камҳавсала ва нисбати мулку давлат бепарвотаре будааст ва аз ин рӯ, ин хислати ӯ ба Савдо чандон писанд наомадааст. Соли 1873 Абдул қодирхоҷаи Савдо бо як супориши амир Музаффархон роҳи Балҷувонро пеш мегирад, вале аз рӯи тасдиқи устод С.Айнӣ, шоир дар синни 50-солагӣ дар дарёи Вахш ғарк шудааст.
 

ЭҶОДИЁТИ САВДО

      Савдо, асосан дар эҷоди ғазал, рубой, мусаммат табъи ба­ланд доштааст, вале бисёр афсус, ки тангии маишй ӯро имкон надодааст, ки ашъорашро мураттаб намуда ба табъ бирасонад. Аз тарафи дигар, Абдулқодирхоҷаи Савдо дар тахаввули нас­ри бадей низ саҳми босазо дорад. Ашъори ғиноии Савдо аз мавзуъҳои ишқу ошиқӣ, шуру исёнҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти нозуку латифи одамӣ, бемеҳрии маҳбуба, вафодории ошиқ бесабриву ношикебоии маъшуқа ва бовафоиву шикебоии ошиқ ва ғайра иборат аст.
      Умуман, лирика ва осори манзуми Савдоро муҳаққиқон ибо­рат аз ду қисмат донистаанд: лирикаи ошиқӣ ва ашъори ҳаҷвӣ- мутоибавӣ. Дар рӯзгори Савдо таъсири Бедил ва ҷараёни бедилизм дар шеъру адаби Осиёи Миёна махсус буд. Аз ин рӯ, ин таъсир дар ашъори Савдо низ ба хубӣ ба мушоҳида мерта, ашъоре, ки то андозае охангҳои тасаввуфӣ доранд, ӯ дар тақлид ба ғазалиёти Ҳофиз эҷод кардааст ва чунин муносибати Сав­до дар пайравии ашъори Бедил низ ба мушоҳида мерасанд. Чунончӣ, ғазали зерин, ки онро зери нуфузи ашъори абулмаонй Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст, мунтхабан зикр хоҳем кард: 
 
Зи  ранчурон зи кас аҳволи ранҷурон  мапурс,
Захм донад чист ҳоли ҷисми Лоғар теғро.
Донишат ҳap ҳаёт, асбоби тамаллуқ гӯ мабош,
Зевараш лозим набошад, ҳаёт гавҳар теғро.
 

МАВЗӮЪ ВА МУНДАРИҶАИ «МУЗҲИКОТ»

       Савдо на танҳо шоири тавоно, балки дар насри адабӣ ҳам табъи баланд доштани худро нишон додааст. Аз ӯ асари насрӣ низ боқи мондааст, ки намунаи хеле хуби насри мутоибавӣ мебо­шад. Ин асари мутоибавӣ таҳти унвони «Музҳикот» машҳур аст. Асари мазкур аз панҷ қисм иборат буда, муаллиф онҳоро таҳти унвони «Нағма» ёд кардааст. Ҷанри «Музҳикот» анъа- навӣ нест. Масалан, ба асарҳои машҳуртарин нависандаи ҳаҷвнигори асри XIV- Убайди Зоконӣ («Ахлоқ-ул-ашроф», «Сад панд», «Даҳ фасл» ё «Таърифот» ва ғайра) монанд нест. Яъне аз ҷиҳати хусусиятҳои ҷанрӣ асари Савдо навоварӣ дар насри бадеист. Аз ин рӯ, дар лексикаи забони адабии тоҷик низ таъсири фаровон гузоштааст.
      Аз ҷанри дигар, дар насри ҳаҷвию мутоибавии Савдо унсурҳои насри мусаччаъ ба назар мерасад, ки ин унсур яке аз хусусиятҳои насри бадеии мутоибавии нависандаро фарохам овардааст: 
«Аммо мисрае намехонд, ки калимоташ пӯла нашуда бошад ва аркони авзонаш шӯла. То ҳалворӣ гоҳе лундае ҳалвое дар кори мулло кардӣ ва муллоро аз ин ҳавлои бедуд хушнуд сохтӣ. Мулло бо даҳони ширин ба ширинмаколӣ  ба мадҳи зуҳурулғайбаш низ пардохтӣ» .
      

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив