Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ бо иқлими қаҳратун, яхҳои фаровон ва чуқуриҳои нисбатан ками худ аз дигар уқёнусҳо фарқ мекунад. Ҳаёт дар он пурра бо тағйирёбии об ва гармӣ аз уқёнусҳои ҳамсарҳад вобаста аст.
Мавқеи географии уқёнус. Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ - уқёнуси нисбатан хурдтари Замин аст. Он камобтарин мебошад. Уқёнус дар маркази Арктика, ки масоҳаташ фарохи атрофи Қутби Шимолиро ишғол кардаасту қисмҳои ҳамшафати материк, ҷазира ва галаҷазираҳоро дарбар мегирад, ҷой гирифтааст. Арктика минтакаи Кутби Шимолии Замин буда, Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, қисми Авруосиё ва Амрикои Шимолӣ ва қисми ба он ҳамшафат уқёнуси Атлантик ва Фритоф Нансен Ором шомиланд. Баъзан сарҳади шартан (1861-1930) аз доираи Қутби Шимолӣ мегузарад. Ин минтақа таҳти ситораи бузурги Хирси Калон маъруф аст. Хирс бо лафзи юнонй «аркос» ва шимол «Арктикос».
Қисми зиёди масоҳати уқёнусро баҳро ташкил медиданд. Аксарияти баҳрҳо канорӣ буда, танҳо як бадр дохилӣ аст. Дар уқёнус бисёр ҷазираҳо дар соҳили материкҳо ҷой гирифтаанд.
Таърихи тадқиқи уқёнус. Тадқиқи уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ таърихи корнамоиҳои қаҳрамононаи як қатор мамлакатҳо мебошад. Дар гузаштаи дур мардуми рус - поморҳо дар қаиқҳои чӯбини ноустувор саёҳат мекарданд. Онҳо дар Грумент (Шписберген) зимистон гузаронида, ба сӯи резишгоҳи дарёи Об шино мекарданд, моҳӣ ва ҳайвонҳои бақриро шикор мекарданд. Онҳо шароити сафарро дар обҳои қутб ба хубӣ медонистанд.
Англисҳо ва ҳолландиҳо маълумотҳо оид ба сафари русҳоро истифода карда, ба дарёфти роҳи кутоҳтарин аз Аврупо ба мамлакатҳои Шарқ (Чин ва Ҳиндустон) кушиш намуданд. Дар натиҷаи сафари марди ҳолландӣ Биллем Баренс дар охири асри XVI харитаи қисми ғарбии укёнус тартиб дода шуд.
Экспедитсияи Бузурги Шимолӣ (солҳои 1733-1743) ба омӯзиши мунтазами соҳилҳои уқёнус ибтидо гузошт. Иштирокчиёни он корнамоии илмӣ намуданд - соҳил ва баҳрҳоро аз резишгоҳи Печора то гулугоҳи Беринг тай карданд ва ба харита гирифтанд. Дар охири асри XIX бо мақсади омӯхтани Қутби Шимолӣ дар киштии «Фрам» уқёнусшинос Ф. Нансен ва дар оғози асри XX ҳангоми сафари Г. Седов дар киштии бодбонии «Фокаи Муқаддас» оид ба табиати ноҳияҳои Г.Я.Седов наздикугбии укёнус маълумоти аввалин (1877-1914) ҷамъ оварда шуд. Дар Русия нақшаи нави омӯзиши уқёнус ба вуҷуд омад. Соли 1899 мувофиқи нақшаи адмирал С. О. Макаров дар чаҳон нахустин киштии яхшикани «Ермак» сохта шуд ва ӯ дар он ба обҳои қутб се маротиба сафар карда, исбот кард, ки яхҳоро тавассути қувваи мошин фатҳ кардан мумкин аст.
Имконпазирии дар мавсими зимистон аз уқёнус гузаштан соли 1932 бо экспедитсияи киштии яхшикани шӯравии «Сибиряков» исбот гардид. Иштирокчиёни ин экспедитсия таҳти роҳбарии О. Ю. Шмидт чуқурии уқёнус ва ғафсии яхро чен карда, обу ҳаворо мушоҳида карданд.
Олимоии Русия усулҳои нави тадқиқи уқёнуси Яхбастаи Шимолиро таҳия намуданд. Соли 1937 дар яхпораи равон нахустин маркази қутбии «Қутби Шимолӣ I» (ҚШ-1) ташкил ёфт. Чор нафар қутбчиёни шӯравӣ бо сардории муҳаққиқи Арктика, доктори илмҳои география, адмирал И. Д. Папанин аз қутби Шимоли то баҳри Гренландия
дар яхпора қаҳрамонона шино намуданд.
Ҳоло барои тадқиқи уқёнус тайёраҳоро истифода мебаранд, ки ба болои яхҳо фуруд меоянд ва мушоҳидаҳои якбора мегузаронанд. Суратҳои аз кайҳон гирифташуда оид ба тағйироти ҳолати атмосфера дар болои уқёнус, оид ба ҷойивазкунии маҳали яхҳо хабар медиҳанд. Дар тадқиқотҳо оид ба омӯхтани табиати уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ доир ба иқлим, олами органикӣ, релефи қаър, ҷараёнҳои зериобӣ ва ғайраҳо маводи зиёд ҷамъ оварда шудааст.
Бисёр асрори табиати уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ кашф шудаанд, вале боз бисёр асрори нухуфтаи он вазифаи насли оянда аст.
Хусусиятҳои табиати уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ. Релефи қаър, чуқурии зиёдтарини уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ 5449 м (ҳамии Нансен) ва чукурии миёнааш 1131 метрро ташкил медиҳад. Маҷрои уқёнус сохти мураккаб дорад. Дар қисми марказии он қаторкуҳҳо ва таркишхои чукур мав- чуданд. Байни қаторкӯҳҳо хамиҳои чуқуроб ва ҳавзаҳо ҷой гирифтаанд. Мавқеи қутбии уқёнус хусусияти иқлими онро муайян мекунад. Хусусияти хоси уқёнус тунукобаи калон аст, ки бари он то ба 1300-1500 км мерасад. Тунукоба бештар аз сеяки масоҳати уқёнусро ташкил медиҳад. Дар болои уқёнус тамоми сол анбуҳи ҳавои арктикӣ афзалият дорад. Тобистон пайиҳам туман мешавад. Анбуҳи ҳавои Арктика нисбат ба ҳавое, ки дар болои Антарктида ташаккул меёбад, хеле гарм аст. Сабаби он захираи гармии оби уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ аст, ки мунтазам бо оби гарми Атлантик ва ба қадри кам бо оби уқёнуси Ором пурра мешавад. Мавҷудияти яхҳо яке аз хусусияти хоси ин уқёнус мебошад. Ҳосилшавии онҳо бо ҳаракати паст ва шурии нисбатан ками анбуҳи оби сатҳ ки бо миқдори зиёди оби дарёҳои аз материкҳо ҷоришаванда ширин шудааст, вобаста мебошад. Дар ин ҷо яхи бисёрсолаи ғафсиаш 2-4 м бештар аст. Бодҳо ва ҷараёнҳо боиси ҳаракати зуд-зуди яхҳо, ҳосилшавии бардама мегарданд.
Аксарияти организмҳои уқёнусро обсабзҳо ташкил медиҳанд, ки дар оби сард ва ҳатто дар мағзи яхҳо зиста метавонанд. Ҳаёт танҳо дар ноҳияи наздиатлантикӣ ва дар тунукобаи наздикии резишгоҳи дарёҳо мавҷуд аст. Дар ин ҷо планктон ҳосил мешавад, дар қаър обсабзҳо месабзанд, моҳиҳо, сукунат доранд. Дар уқёнус кит, тулен, морҷ, хирси сафед зиндагӣ мекунанд. Тобистон ба ин чо паррандахои сершумор меоянд ва дар болои шахҳо «бозор»-и паррандаҳоро ташкил мекунанд.
Ҳудуди минтақаи табиии шимолии қутбй (арктикй) дар ҷануб тақрибан бо канори тунукобаи континентй мувофиқ меояд. Ин қисми аз ҳама чуқуроб ва қаҳратуни уқёнуси Яхбастаи Шимолиро яхҳои равон пӯшондаанд. Дар ин ҷо шаби кутбӣ то шаш моҳ давом мекунад, тобистон офтоб он қадар баланд намебарояд. Ғарамшавии ях хос аст. Майдони яхӣ то 10-12 м баланд мешаванд. Тобистон яхпораҳоро қабати оби барф мепушад. Ин минтака барои ҳаёт на чандон мувофик мебошад.
Дар минтакаи шимолии наздиқутбӣ тобистон об дар наздикии соҳилҳо ях баста, оби дарёҳо ниҳоят камнамаканд. Ба баҳрҳои Норвегия ва Баренс обҳои гарм ворид мешаванд. Дар ин ҷо қисми асосии планктон ҳосил мешавад, моҳиҳои сайдшаванда сукунат доранд.
Укёнуси Яхбастаи Шимолиро одамоне меомӯзанд, ки онҳоро «қутбчиён» меноманд. Мафҳуми қутбчиён на танҳо ба касб, балки ба фаъолияти географияшиносии онҳо низ ишора мекунад. Бо вуҷуди он ки инсон бо техникаи пуриқтидор мусаллаҳ аст, дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ кор кардан душвор мебошад. Ба қутбчиён на танҳо мардонагӣ, тобоварӣ ва меҳнатдустӣ, балки шуҷоати баланди касбӣ хам хос аст.
Укёнуси Яхбастаи Шимолӣ
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Cаволу ҷавоб аз фанни география
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
Комментарии (0)