Ноҳанчории мизоҷ (диатезҳо)


диатезҳоБа ноҳанҷории мизоҷ нобаробар ҷавоб додани организм ба як катор ангезандаҳои муҳити беруна тааллук дорад, ки дар бисер кудакони дигар радкуниро ба вучуд намеорад.
Асоси диатезҳоро радкунӣ ба мубодилаи моддаҳо ва хусусияти ҷавобҳои масуниятӣ ташкил медиҳад.
Дар кӯдакон 3 шакли диатезҳоро фарқ мекунанд:
1)Рашҳӣ - назлавӣ;
2)Лимфатикӣ - хипопластикӣ;
3)Асабӣ - бугумдардӣ.
Диатези рашҳӣ-назлавӣ.
Диатези рашҳӣ-назлавӣ - ҳолати пайдошавии доначаҳои гуногуншакл дар пӯст, ҳассоснокии баланд ва захмдоршавии луобпардаҳо, пастшавии муқобилиятнокӣ нисбати бемориҳои уфунатӣ, вокунишхои тахсосӣ (аллергияовар), бесуботии мубодилаи обу намакро ифода мекунад.
Сабаб ва тарзи пайдоиш.
ДРН аз омилҳои генетикӣ (дар 70-80%-и кӯдакон бо машаққати ирсӣ), хусусияти системаҳои ферментии маҷрои ҳозима ва ҳифзи масуниятӣ, инчунин аз таъсири беруна вобастагӣ дорад. Ба омилхои хавфнок шароитҳои номусоиди инкишофи дохилибатнӣ, хипоксияи ҷанин. осеббинии СМА ҳангоми зоиш, бемориҳои сироятй, муоличҷаи пурзӯр бо доруҳо, хислати ғизодиҳӣ, тааллуқ доранд.
Шаклҳои диатези масъунӣ ва ғайримасъунӣ фарқ карда мешавад.
ДРН-и масъунӣ бо тамоми ирси бо зиёдшавии иммуноглобулини Е (LgE) -реагинҳо, аз ҳамин сабаб вокуниши тахсосӣ ба амал омада, аз рӯзҳои аввали ҳаёт бо ҷоришавии падидаҳои пӯст, муолиҷаи бетаъсир тавсиф ёфтааст. Махсусан ҳамин шакли ДРН дар оянда метавонад шакли бемориҳои диатезиро (таҳсосиро) дигаргун созад.
Дар бисёр кӯдакон ДРН генези ғайримасуниро дорост. Аз як тараф, шояд бо тарашшуҳи аз ҳад зиёд ва озодшавии гистамини ҳуҷайраҳои фарбеҳ (варианти лабораторӣ), аз тарафи дигар аз норасоии он (варианти гистаминӣ) вобаста бошад. Ҳассоснокии бофтаҳои кӯдакони ширмак ба гистамин нисбат ба мактаббачаҳо хеле баланд аст, аммо озодшавии миқори зиёди гистаминҳо аз ҳуҷайраҳои фарбеҳ мумкин аст зери таъсироти хунукхурӣ, норасоии витаминҳо, бемориҳои гуногун (ОРВИ, сироятҳои рӯдавӣ, дисбактериозҳо) ба амал ояд омилҳое, ки қобилиятнокии клиникии ДРН-ро нишон медиҳанд, инҳо сафсдаҳои ғизоии (шири гов, тухм, лимӯ, афлесун, қулфинай, шула ва ғ.) мебошанд. Кӯдаконе, ки дар ғизодиҳии шири модар қарор доранд, диатез дар мавриди аз тарафи модар истеъмол кардани маҳсулотҳои зикргардида мумкин аст, пайдо шавад .
Кӯдакони ДРН дошта ба об тоб наоварда, аз як тараф ба нигоҳдошташавии об, натрий дар организм, ки ба хамирмонандии пӯст, пурковокӣ, вазни барзиёди бадан, аз тарафи дигар ба беобшавии бадан ҳангоми бемориҳое, ки ягон ҷараёни ягон бемории дигар пайдо мешавад, оварда мерасонад.
Клиника. Падидаҳои пӯстӣ дар нимсолаи дуюм афзун мегардад. Дар аввал ин гнейс дар қисми муйдори cap (ҳосилшавии бошиддати равғаншорӣ, сабуссакунӣ), пайдошавии тулум дар ҷойҳои ҷинҳои пӯст, ҳатто дар ҳолати нигоҳубиии хуби беҳдоштӣ, ба вуҷуд меояд. Сипас ҳиперемия, иртишоҳ ва сабуссакунии бари рӯ карахши ширӣ ва дарди хоракдоначаҳои хурди гиреҳдори хоришкунанда, ки дар марказаш нуқтачаи ҳубобча мавҷуд аст, ҳамроҳ мешавад. Барои пӯст осеби ниҳоят вазнин ин намлаи (экземаи) тарҳшаванда ба ҳисоб меравад. Дар пӯсти рӯ, бадан, пойҳо пукакҳои хурд ҳосил мешавад, ки онҳо ба зуди ба ҳубобчаҳо табдил меёбанд.
Ҳубобчаҳо кафида сатҳи таршаванда пайдо мешавад, ки аз дохили он миқдори зиёди моеӣ зардчаранг ҷудо мегардад. Ҳангоми хушкшавии он пӯстлохи намла ҳосил мешавад. Бусурот дар намуди теладиҳи ба вуҷуд омада бо хориши азобдиҳанда ҷорӣ мешавад, намлаи (экземаи) таршаванда дурудароз ва матин ҷараён мегирад. Ба миқдори кам намлаи хушк бо сабӯсаккунии фаровони пӯст вомехӯрад.
Дар кӯдакони синнашон аз яксола боло хоришакро мушоҳида кардан мумкин аст , ки онҳо хурд, зич, гиреҳчаҳои сахти хоришовар буда, бештар дар пойҳо ҷойгир шудаанд. Пӯсти чунин кӯдакон бисёртар хушк, сабусаккунанда мебошад. Захмдоршавии зиёди пардаҳои луобӣ дар намуди шиддатнок ва нобаробар ҷудошавии эпителияи забон («забони ҷуғрофӣ»), тағйирёбии пардаҳои луобии ковокии даҳон (стоматит) зоҳир гардидааст. Бемориҳои чашм (коюктивит, блефарит) ва роҳҳои болоии нафас (зуком, фарингит, синусит, бронхит, буғмаи ғайриҳақиқӣ) ба осонӣ ба вуҷуд меояд. Дар кӯдакони ДРН дошта тағйирот дар пешоб (протеинурия, лейкоситурия) ва бесомонии фаъолияти рӯдаҳо ба қайд гирифта мешавад.
Намуди зоҳирӣ дар кӯдакон одатан варамҷаи пӯст, пуккагӣ, заифӣ - дида мешавад.
Варамча; ё ки харобшавӣ, бетокатӣ , дороӣ пӯсти мулоим, бусуроти дар пӯст буда хушк, хоришкунанда намуди баландҳассосӣ, дида мешавад.
Ҳиперлазияи бофтаҳои лимфавӣ-бо зоҳиршавии аломатҳои клиникии ДРН хос мебошад. Калоншавии аденоидҳо ва бодомакҳо, гиреҳҳои лимфатикӣ, гоҳ-гоҳ ҷигар ва испурч ба вуҷуд меояд. Падидаҳои ДРН баъди 2-3 сол нобуд гашта, аммо дар 23 -30%«-и кӯдакон дар оянда мумкин аст бемориҳои аллергиявӣ (экзема, нейродермит, диққи нафас ва ғ.) инкишоф ёбад.
Табобат. Аз ҳама муҳим, ин дуруст риоя кардани нигоҳубин ва реҷа бо истифодаи кифоягӣ дар ҳавои тозаро ташкил намудан зарур аст. Ғизои кӯдакон бояд хушсифат ва аз хӯроки онҳо аллергенҳои ҳатмиро дур кардан лозим аст. Ба кӯдакони вазнашон ниҳоят зиёд хӯрокҳои дар таркибашон карбогидратҳо (шулаҳо, макут (кисел), маҳсулотҳои ордӣ) доранд кам дода мешавад. Воридкунии иловагии намакҳои калий, кам кардани миқдрои намаки ошӣ ва моеъҳо тавсия дода мешавад. Аз ғизои модароне, ки ба кӯдак шири сина медиҳанд, аллергенҳои ғизоӣ, моддаҳои ниҳоят фаъол, маҳсулотҳои дар таркибашон консервантҳо дошта, изофагиҳои ғизоиро хориҷ кардан лозим аст. Дар ҳолатҳои ҷараёни матини диатез, махсусан ҳангоми исбот шудани аллергия аз шири гов, кӯдаконро ба ғизодиҳии беандоза мулоим мегузаронанд. Нахустин ғизои иловагиро ба кӯдаконе, ки бемории ДРН дораду дар ғизодиҳии сунъӣ мебошанд дар намуди сабзавоти пухта соидашуда, барвақт яъне дар синни 4 - 4,5 моҳагӣ ворид мекунанд. Аз шӯлаҳо бештар ярмаи қарабош, сукӣ, ҷавӣ, биринҷӣ афзалтар мебошанд.
Барои тайёр кардани шӯлаҳо аз оби ҷушонидашудаи сабзавоти истифода бояд бурд.
Аз сабаби он, ки дар бисёр ҳолатҳо аллерген ба воситаи ғизоӣ ворид мешавад, таъин кардани қурси даҳрӯзаи лактобактерин ва бифидумбак терин таъсири мусбат мебахшад. Қурси 7-10 рӯзаи доруҳои антигистаминӣ (тавегил, супрасгин, фенкарол, перитол ва ғ.) истифода бурда мешавад. Дар муолиҷаи ДРН қабули адаптогенҳо (дибазол, пентоксил, этимизол), витаминҳои (В1 В2 В]5, А) ба назари эътибор гирифтан лозим аст. Ҷузъи муҳими табобат ин муолиҷаи мавзеии зарарёфтаи пӯст буда, қабул кардани ваннаҳо бо растании ботлоқии гулҳояш зард, булут, гули бобуна, танин тавсия дода мешавад. Барои ҳимоя кардани пӯст аз хоридан, ба дастони кӯдак дастпушакҳои газворӣ пӯшонида ё ки дар хамаки оринҷ ҷабираи аз картон тайёркардашуда мегузоранд. Оббозӣ накунонидани кӯдак ниҳоят муҳим аст, чунки хоридани пӯстро афзун мегардонад. Нохунҳо кӯтоҳ гирифта мешавад. Назорат кардан ба тозагии либосҳо ва ҷойхоби кӯдакон ҳатмист.
Диатези лимфатики -ҳипопластикӣ.
Диатези лимфатикӣ -ҳипопластикӣ - ноҳанҷории мизоҷ бо афзуншавии устувори интишорёфтаи гиреҳҳои лимфатикӣ буда, ҳатто ҳангоми вуҷуд надоштани аломатҳои сироятӣ, бесомонии фаъолияти системаи ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ бо пастшавии мутобиқат аз таъсироти муҳити атроф, тасриф шудан ба реаксияҳои аллергиявӣ хос мебошад. Дар пайдошавии ДЛХ омилҳои мӯҳлати атроф, ки ҳам таъсир дохилибатнӣ (касалиҳои заҳрогинии ҳомилагӣ, бемориҳои сироятии модар дар марҳилаи дуюми ҳомиладорӣ) ва ҳамчунин таъсири баъди таваллудӣ (бемориҳои дуру даром сироятӣ -заҳрогинӣ, ғизодиҳии ғайриоқилона бо барзиёдии сафедаҳо ё ки карбогидратҳо), нақши асосиро мебозанд. ДЛҲ бештар дар кӯдаконе, ки оилаҳои онҳо мубталои аллергия мебошанд, вохурдан мумкин аст.
Клиника. Дар кӯдакони гирифтори ДЛҲ мебошанд, рангпаридагӣ, беҳолӣ, руҳафтодагӣ, хамирмонандии пӯст, барзиёдии вазни бадан ба назар мерасад, фишори ҷараёнӣ паст мебошад. Бештар номутаносибии сохти бадан (кутоҳии қаду қомат ва гардан, пойҳои дароз) ба чашм мерасад. Кӯдакон тез монда шуда ангезандахои дурудароз ва кавиро бад аз cap мегузаронанд. Насчи зери пӯст барзиёд инкишоф ёфта, обталаб, нодуруст тақсим шудааст (бисёртар дар шикам ва рон).
Барои ДЛҲ хусусиятҳои зерин хос аст:
1.Ҳосилшавии барзиёди ҳуҷайраҳои лаҳнёфта, бофтахҳои ғуддамонанд, калоншавии ғадуди чоғар, бодомакҳои калон ва пуккагин дар кӯдакон, афзоиши бофтаҳои аденоидӣ, мушоҳида мешавад; ғадуди ҷоғар бисёр вақт то андозае калон мешавад, ки дар ин ҳолат мумкин аст носозии нафаскашӣ, нафаси ҳуштакдор, ҳолати нафастангӣ, хуруҷи буғикунӣ, рагкашӣ ба вуҷуд ояд.
2.Норасоии инкишофи як қатор узвҳои дарунӣ (дил, аорта, гурдаҳо) ва ғадудҳои тарашшуҳи дарунӣ (кишри ғадудҳои болои гурда, сипаршакл, наздисипаршакл, ғадудҳои ҷинсӣ).
3.Бесомонии фаъолияти ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ .
  1. Ба осонӣ ва вазнин моил шудани кӯдакон ба бемориҳои дурударози роҳҳои нафас, бо инкишоф ёфтани нейротоксикоз ва вайроншавии гардиши хун дар рагҳои майдаю хурдтарин, яъне ки якбора камшавии мукобилиятнокӣ ва мутобиқшавӣ ба шароитҳои муҳити атроф, мушоҳида мешавад.
ДЛҲ оҳиста - оҳиста пайдо шуда ва ниҳоятдараҷа то синни 3-6 солагӣ намудор мегардад.
Дар оянда зуҳуроти ноҳанҷорй оҳиста - оҳиста бартараф гашта ё ки тамоман нобуд мегардад, ҳол он ки дар чунин кудакон мумкин аст боздошти ба балоғатрасии чинсӣ, ба вуҷуд ояд.
Табобат. Риоя намудани реҷаи рӯз, ба дараҷаи кофӣ сайругашт дар ҳавои тоза, масҳ ва варзиш аҳамияти асосӣ дорад. Дар хӯроки кӯдак кам истифода бурдани шири гов ва карбогидратҳои ба осонӣ хазмшаванда (шӯлаҳо, канд). Ба ҷои шири гов чурғот доданро тавсия додан лозим аст. Аз хӯрокҳои иловагӣ бештар сабзавоту меваҳо бояд дода шавад. Таъин кардами адаптогенҳо, моддаҳое, ки қувваҳои химоявии организм ва вазифаи ғадуди болои гурдаҳоро фаъолкунанда: глитсерам, дибазол, метасил, пемтоксил, витаминҳои гуруҳҳои Л.В. С.Е алоэ, элеутерококк, ҷеншен, оротати калий, нишон дода шудааст.
ПешгирӣАз ҳама муҳим ин муолиҷаи бемориҳои сироятие, ки бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ мегузарад (зиёда аз 20 -то ) ғизои оқилонаи зани ҳомиладор ва ғизодиҳии дуруст ба кӯдак, мувофиқи синну сол, ба хисоб меравад.
Диатези асабӣ - буғумӣ
Диатези асабӣ - буғумӣ (ДАБ ) - ба дигаргунии системаи асаб, мубодилаи пуримӣ ва вазифаҳои як қатор узвҳои дарунӣ хос аст. Дар пайдошавии ДАБ аз як тараф баъзе хосиятҳои ирсии маразии мубодилаи моддаҳо, аз тарафи дигар-хӯрок, реҷа, муҳит нақш мебозад . Дар волидайн ва наздикони кулаки (бештар аз тарафи падарӣ) ба ДАБ гирифтор буда, дарди буғумҳои дасту пой, фарбеҳӣ, дарди шадиди асаб, дарди нимсара, бемории санги гурда ва самти талха ба қайд гирифта мешавад. Дар инкишофёбии ДАБ, ҷамъшавии пуримҳо дар хум ва туршшавии маҳсулоти охирини онҳо кислотаи карбамидаҳамияти асоси дорад. Мубодилаи чарб ва карбогидрат вайрон мегардад.
Клиника. Аломатҳои сарири вобаста ба синну сол ва алоимҳои гуногуни беморӣ ифода карда шудааст: асабсустӣ, мубодилавй, ташаннучӣ, пустӣ.
Алоимҳои асабсустӣ аз ҳама бештар (84%) вомехӯрад. Дар соли аввали ҳаёт бо бартарии ҷараёнҳои ҳаяҷоннокӣ намудор мегардад:   кӯдакон беқарор, гирёнчак, тарсончак, камхоб
мешаваид. Минбаъд то андозае инкишофи барвақтии эҳсосӣ - руҳӣ мушоҳида карда мешавад: кӯдакон барвақт гaп заданро cap мекунанд, хабарҳоро нағз дар хотир нигоҳ медоранд, кунҷков мешаванд, барвақт ба хондан cap мекунанд. Аммо ин бо бесуботии пурэҳсос, вайроншавии хоб, тарсу ҳарос дар шаб, нобудшавии иштиҳо, дар баъзе ҳолатҳо бо бесомонии асабии нутқ, серҳаракатӣ ва пешобкунии ғайриихтиёрӣ мегузарад.
Алоимҳои вайроншавии мубодилавӣ дар намуди зудгузарандаи дарди буғумҳо (бештар шабона), вайроншавии даврии пешобкунӣ (ба хунукхурӣ ё сироят вобаста намебошад), дар таркиби пешоб ба миқдори зиёд мавҷуд будани оксалатҳо, уратхо, фосфатхо намоён мегарданд.
Дар кӯдаконе, ки ба бемории ДАБ гирифтор шудаанд баъзан, ногаҳон ё ки пас аз бемории кӯтоҳмудат (ҳаяҷонӣ, дарди cap, дилбеҳузурӣ, набудани иштиҳо, қабзият) мумкин аст қайкунии беист такроршаванда, ки 1-2 рӯз ва аз ин ҳам зиёд давомкунанда, дарди ҳалалкунандаи шикам, бӯи атсетон аз ковокии даҳхон, ба амал меояд. Қайкунӣ дарҳол беист давом карда, боиси ташнагӣ, камобшавии бадан, захролудшавй, баландшавии ҳарорати бадан, камшавии вазн, ҳаяҷоннокӣ мешавад. Ин ҳолат муайян мекунад, ки қайкунии атсетоиӣ аст ё ки хуруҷӣ. Омилҳои башуроваранда инҳо, шуда метавонанд: бемориҳои шадид, тахоҷум, истеъмол кардани хӯрокиҳои гуштӣ ва равғанӣ. Дар ин маврид дар хун баландшавии миқдори ҷисмҳои кетонӣ, аммиак, кислотаи карбамид, инкишофи ҳипогликемия дида мешавад. Бештар вақт қай кунӣ инчунин ногаҳон қатъ мегардад: кӯдак зуд ба ҳолати пештара бармегардад. Дар 9-11 coлai й бухронхои (кризхои) асетонемикй дар кудакон, дар аксар холатхо катҳ мегардад.
Алоимҳои ташаинуҷии нойҷахо (бронххо), бо дарди нисфи cap, фишорбаландй, дардкунии даромадгохи меъда (кардиали), гурдавй, нигари халаи рудавй, кабзият падидор мешавад.
Алоимҳои пӯстӣ бештар дар кӯдакони синну солашон калонтар дар намуди каҳир, варами Квинке, нейродермит, намлаи хушк ва равғаншорӣ вомехурад. Кӯдакони ба ДАБ гирифторшуда мубталои инкишофи фарбеҳшавӣ, диабети қанд, диққи нафас, бемории фишорбаландӣ, буғумдард мешаванд.
Табобат. Услуби асосии табобат - речаи оқилона ва пархезӣ мебошад. Кӯдаконро аз сарбории руҳӣ нигоҳ дошта, тамошои барномаҳои телевизиониро маҳдуд кардан лозим аст. Мунтазам обу тоб додани бадан, сайругашт, машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ, фоидабахш мебошад. Дар пархезӣ бояд маҳсулотҳои ширӣ, сабзавотҳо, меваҳо, орди ҷавӣ, шӯлаҳо (ярмаи марҷумакӣ, ярмаи ҷавӣ, ҷави русӣ, сукӣ) бартарӣ домна бошанд. Миқдори гушти парранда, мохӣ (махсусан бирёпкардашуда, дуд додашуда), ниёба, равғанҳоро (ба ғайр аз растанигӣ), қанд, молҳои қаннодиро маҳдуд мекунанд.
Маҳсулотҳои аз асосҳои пуринӣ ва кофеин (ҷигар, мағз, шӯрмоҳӣ, лубиёиҳо, шоколад, кофе, какао) бой бударо аз анвои хӯрокиҳо дур кардан лозим аст. Помидор, нахути сабз, шпинат, шавел, турб тавсия дода намешавад. Кӯдакони ДАБ доштаро маҷбур хӯронидан лозим нест, аммо танаффуси дурудароз низ ҳангоми хӯронидан лозим нест.
Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои хурӯҷи атсетонемӣ баъди ҳар як 10-15 дақиқа нӯшокӣ дар намуди глюкоза, чойи ширин, шарбати нав тайёркардашудаи мевагӣ, оби минералӣ ё ки маҳлули 0,5-1%-и гидрокарбонати натрий таъин мекунанд. Барои беҳтар баровардани ҷисмҳои кетонӣ аз рӯдаҳо, ҳатман имолаи дарунтозакунанда кардан даркор аст.
Кӯдак бо хуруҷи кайкунии атсетонемӣ бояд дар беморхона хобонида шавад. Муолиҷа барои мубориза бо издиёди туршии хун, камобшавии бадан ва пурзӯрсозии баровардани ҷисмҳои кетонӣ, равона карда мешавад. Бо ҳамин максад дохили варид, махҳлули 5-10%-и глюкоза, 0,9%-и хлориди натрий, маҳлулӣ 4%-и гидрокарбонати натрий, кокарбоксилаза, витамиии С, ворид менамояид. Таъин кардани пантотенати калсий, оротати калий, панангин, витаминҳои гурӯҳи В нишон дода шудааст. Барои бартараф кардани ҳаячоннокии баланди системаи асаб доруҳои бром ва валерианаро истифода мебаранд.
Пешгирӣ. Риоя кардани реҷаи рӯз барои кӯдак, ғизодиҳии оқилона, эҳтиёткорӣ аз сарбории барзиёд. Тарбияи дуруст метавонад муддати дурудароз мубодилаи вайронгаштаро пур намояд. 
 
 
 
 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив