Зокири 12-сола кундзеҳн буда, зуд-зуд хаста мешавад. Хосият дар рӯи писараш доғҳои сафедро дида ба даҳшат меафтад. Сартабиби беморхонаи касалиҳои сироятии бачагонаи пойтахт Файзалӣ Саидов бурд.
Чунин гуфт:
Кирми рӯда чӣ хавф дорад?
-70 дар сади гирифторони кирми рӯдаи кӯдакони аз 3 то 14 солаанд ва дар шиками баъзеашон чаҳор панҷ навъи кирмҳои хатарнок макон доранд. Ин кирмҳо ба суръати қадкашию вазни кӯдакон, ба фикрронӣ ва асаби онҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Кирми рӯда боиси камхунӣ мегардад ва ҳамчунин метавонад бачаҳоро ба даҳҳо дарди дигар гирифтор созад. -Зиёда аз 280 намуди кирмҳо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон ба таври расмӣ 10 намуди онҳо ба қайд гирифта шудааст ва аз ҳама зиёд кирмҳои энтеробиоз (острица), геменолепидоз (часпаки пакана), аскаридоз ва лямбилёзи рӯдаҳо, қариб зиёда аз 90 фисади ҳамаи кирмҳои вомехӯрдагиро ташкил медиҳад.
-Саривақт табобат накардани кирм натанҳо сабабгори дар ҷойихоб пешоб кардани кӯдакон, балки боиси рехтани мӯйи сар ва сафедшавии пӯст низ мегардад.
-Сабаби афзудани кирми рӯда дар чист?
-Нимпухта, меваю сабзавоти ношуста, оби ноҷӯшида, риоя накардани гигенаи шахсӣ, яъне нашустани дастҳо, паст накардани нохунҳо, тоза накардани бистари хоб ва либоси тагпӯш сабабҳои асосии паҳн гаштани кирми рӯда ба ҳисоб мераванд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон имрӯз барои коҳиш додани ин беморӣ чораҳои зиёде андешида истодааст, аз ҷумла доруҳои бекирмгардонии рӯда марҳила ба марҳила ба мардум аз тарафи мутахасисон ройгон дода шудаанд.
-Дар беморхонаи касалиҳои сироятии кӯдакона кирми рӯда табобат карда мешаванд. Табобат ройгон мебошад.
-Пешгирии беморӣ аз табоботаш осонтар аст, чӣ бояд кард, то кӯдакон ба азоби кирми рӯда гирифтор нашаванд?
-Ба кӯдаконашон пеш аз таом ва баъди ҳоҷатхона бо собун даст шустанро омӯзонанд.
-Вуҷуди бемор ду ҳолат дорад: ҳолати компенсатсия ва дискомопенсатсия. Дар стадияи компенсатсия организми бемор худаш худашро муҳофизат мекунад. дар ҳамин ҳолат беморро ба беморхона оранд, ҳатман шифо меёбад. Дар ҳолати дискомпенсатсия (вақте ки бадан зидди беморӣ дигар мубориза бурда наметавонад) касалро ба беморхона баранд, аксаран кӯшишҳои табибон натиҷа намедиҳад. Сабаби асосии фавти беморон маҳз дер муроҷиат намудан ба табибон мебошад, нисбати саломатии фарзандонашон бепарво набошанд ва баробари мушоҳида намудани ноҷурии вазъи солимии тифлашон ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.
Кирми рӯдаи кӯдакон ва оқибатҳои он
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Асосҳои Web-дизайн
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
Комментарии (0)