Таснифи иншоотҳои муҳофизатӣ:
1. Вобаста ба хусусиятҳои муҳофизатӣ:
· гурезгоҳ;
· паноҳгоҳи зиддирадиатсионӣ (ПЗР);
· паноҳгоҳи оддӣ.
2. Вобаста ба таъинот:
· барои ҳимояи аҳолӣ;
· барои ҷобаҷо намудани мақомотҳои идоракунӣ (нуқтаҳои идоракунӣ).
3. Вобаста ба ҷойгиршавӣ:
-иншоотҳои муҳофизатии махсус сохташуда (дар таҳхонаи бино);
-иншоотҳои муҳофизатии алоҳида сохташуда (берун аз бино).
4. Вобаста ба мӯҳлати сохтмонӣ:
-пешаки дар замони осоишта сохташуда;
-зудсохташаванда (ҳангоми хавфи ҳуҷуми душман сохта мешаванд).
Гурезгоҳҳо муҳофизати паноҳшавандагонро аз таъсироти баҳисобгирифтаи омилҳои зараровари яроқи ядроӣ (бо баҳисоб нагирифтани рӯирост ба нишон задан), воситаҳои бактереологӣ, моддаҳои заҳролудкунанда, ҳамчунин ҳангоми зарурат аз моддаҳои заҳролуди сахттаъсиркунанда, маҳсулотҳои радиоактивӣ ҳангоми вайрон шудани таҷҳизотҳои барқии ядроӣ, ҳарорати баланд ва маҳсулотҳои сӯхтанӣ ҳангоми сӯхторҳо, таъмин менамоянд.
Тамоми гурезгоҳҳо бояд муҳофизати паноҳшавандагонро аз фишори иловагии дар ҷабҳаи мавҷи зарбазанандаи таркиши ядроӣ таъмин намояд–100 кПа (1кгс/см2) ва дараҷаи паст кардани вояи радиатсияи шуъодиҳии иондор ба 1000 баробарро доро бошанд.
Маҷмӯи ҳаёт таъминнамоии гурезгоҳ бояд, дар онҳо бетанаффус будани паноҳшавандагонро мувофиқи ҳисоби паноҳшавандагон дар муддати 2 шабонарӯз таъмин намояд.
Вобаста ба ғунҷоиш паноҳгоҳҳо чунин мешаванд:
· то 300 нафар – ғунҷоиши кам;
· 300-600 нафар – ғунҷоиши миёна;
· Аз 600 нафар зиёд – ғунҷоиши калон.
Дар гурезгоҳ хонаҳои асосӣ ва ёрирасон мавҷуд мебошад.
Ба хонаҳои асосӣ инҳо дохил мешаванд:
· хона барои паноҳшавандагон;
· нуқтаҳои идоракунӣ;
· нуқтаи санитарӣ (тиббӣ).
Ба хонаҳои ёрирасон инҳо дохил мешаванд:
· хонаҳои ҳавотозакунӣ (фильтровентиятсионӣ);
· нуқтаҳои санитарӣ (санузел);
· стансияи дизелии барқии муҳофизатшуда;
· чапараки барқӣ (электрошитовая);
· хона барои нигоҳдории хӯрокворӣ;
· стансияҳои кашидани ҳаво;
· хонаи баллонҳо;
· дарвоза-банд (тамбур-шлюз);
· дарвозаҳо.
Меъёри масоҳат барои як нафар паноҳшаванда 0,5м2 ҳангоми дуошёна ҷойгиршавии катҳо ва 0,4 м2 ҳангоми сеошёна ҷойгиршавии катҳо мебошад. Ҳаҷми хона барои як нафар – 1,5м3-ро дарбар мегирад.
Баландии хона аз 2,15 то 3,5 м.
Миқдори ҷой барои хоб рафтан бо ҳисоби: 20%-и ғунҷоиш ҳангоми дуошёнаи катҳо ва 30%-и ғунҷоиш ҳангоми ҷойгиршавии катҳои сеошёна мебошад.
Маҷмӯи филтровентилятсионӣ дар ду реҷа (режим) фаъолият менамояд:
· мувофиқи реҷаи вентилятсияи ҳавои тоза – то 13 м3/соат;
· мувофиқи реҷаи филтровентилятсионӣ – 3 м3/соат.
Миқдори ҳавои талабмешуда аз ҳарорати атроф вобаста буда, ҳангоми лоиҳа кашидани гурезгоҳ ба ҳисоб гирифта мешавад. Нуқтаҳои санитарӣ дар (санитарные узлы) гурезгоҳҳо–на камтар аз 2 адад, алоҳида барои мардон ва занон мешавад.
Гармкунии гурезгоҳ баъди пур гардидани гурезгоҳ бо паноҳшавандагон қатъ карда мешавад.
Захираи садамавии об барои як нафар одам – то 3 литр пешбини карда мешавад.
Фоизи камтарини рухсатдодашудаи оксиген (барои одам хатарнок) дар таркиби ҳаво – 14% ва аз он камтар.
Дар гурезгоҳҳои ғунҷоишаш кам, одатан ҳавотозакунакҳои барқӣ-дастӣ барои кашидан ва тақсим намудани ҳаво дар хонаҳои гурезгоҳ таҷҳизонида мешавад.
Барои гурезгоҳҳои ғунҷоиши миёна ва калон таҷҳизонидани стансияҳои барқӣ-дизелӣ пешбинӣ карда мешавад.
Дар гурезгоҳҳо, чун қоида, на камтар аз 2 баромадгоҳ мавҷуд мебошад, яке аз онҳо ҳамчун баромадгоҳи садамавӣ истифода бурда мешавад. Дарҳои берунаи гурезгоҳҳо – муҳофизати-герметикӣ, дарҳои дохили бошанд, герметикӣ мебошад.
Паноҳгоҳҳои зудсохташаванда – инҳо иншоотҳои муҳофизатии бо лавозимотҳои оддӣ, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ бо ҷори намудани хатари ҳуҷуми душман дар мӯҳлати аз 15 шабонарӯз то 1 моҳ сохташаванда, мебошанд.
Ғунҷоиши онҳо чун, қоида 50 ва 100 нафар мебошад.
Гузаронидани иншоотҳои дар замони осоишта истифода бурдашаванда, дар асоси фармони Сардори мудофиаи гражданӣ ба реҷаи иншооти муҳофизатӣ дар мӯҳлатҳои аз тарафи он муайянгардида, аммо на зиёда аз 12 соат амалӣ карда мешавад.
Ба ҳолати омодагӣ овардани иншоотҳои муҳофизатӣ барои қабули паноҳшавандагон аз тарафи ҳайати шахсии гурӯҳи (звенои) хизматрасонии иншооти муҳофизатӣ амалӣ карда мешавад. Миқдори ҳайати шахсии гурӯҳ (звено) вобаста ба ғунҷоиши иншооти муҳофизатӣ ва мавҷудияти лавозимоти муҳандиси-техникӣ муайян карда мешавад.
Тартиби ба ҳолати омодагӣ овардани иншооти муҳофизатӣ, истифодабарӣ ва хизматрасонии онҳо дар «Дастурамал оид ба истифодабарии иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ дар замони осоишта ва ҷангӣ» оварда шудааст.
Паноҳшавандагон ҳангоми дар иншооти муҳофизати будан, бояд қоидаҳои муқаррар гардидаи рафтору тартиботи дохилӣ, чораҳои бехатарӣ, тамоми супоришҳои ҳайати шахсии гурӯҳи (звенои) хизматрасонии иншооти муҳофизатиро риоя намоянд. Ба паноҳшавандагон бо худ овардани ҳайвоноти хонагӣ ба иншооти муҳофизати иҷозат дода намешавад. Инчунин дигар чораҳои маҳдудкунӣ муқаррар гардидааст.
Паноҳгоҳҳои зиддирадиатсиони (ПЗР) бояд муҳофизати паноҳшавандагонро аз таъсири нурафкании иондоркунанда, ҳангоми заҳролудшавии радиоактивии маҳал ва дар давоми 2 шабонарӯз дар паноҳгоҳ доими будани миқдори баҳисобгирифтаи паноҳшавандагонро таъмин намояд. Ҳангоми ҷойгиршавии паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ дар минтақаи эҳтимолии вайроншавиҳои суст (слабых разрушений) конструксияҳои иҳота намудаи онҳо, ба фишори изофагии ҷабҳаи зарбаи мавҷи ба 20кПа (0,2кгс/см2) баробар бударо ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Паноҳгоҳҳои барои паноҳ шудани коргарону хизматчиёни иншоотҳои иқтисодии аз минтақаи вайроншавиҳои сахт дуртар ҷойгиршуда, инчунин барои аҳолии дар шаҳрҳои ғайридараҷанок, шаҳраку деҳотҳо истиқоматкунанда ва аҳолии ба минтақаҳои бехатар эвакуатсияшаванда таъин шудааст.
Ҳангоми нарасидани иншоотҳои таҳхонави (заглубленных), ки онҳоро барои паноҳ шудани одамон истифода бурдан мумкин аст, паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ сохта мешаванд. Барои сохтмони онҳо воситаҳои зердастию маҳаллӣ истифода бурда мешавад.
Ғунҷоиши паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ чун, қоида 10-50 нафар, дар ҳолатҳои алоҳида 100 ва зиёда аз онро ташкил медиҳад.
Дар дохили паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ хонаҳо барои ҷобаҷогузории паноҳшавандагон, нуқтаҳои санитарӣ, ҳавотозакунӣ ва хонаҳо барои нигоҳдории либосҳои олуда пешбинӣ карда мешавад.
Меъёри масоҳати фарш барои як нафар паноҳшаванда, чи тавре, ки дар гурезгоҳ буд, ҳамин қадар мебошад. Миқдори даромадгоҳҳо на камтар аз 2 адад мебошад. Барои шамолдиҳии паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ маҷмӯи ҳавотозакунӣ таҷҳизонида мешавад.
Ҳавотозакунии паноҳгоҳҳои ғунҷоишашон то 50 нафар, одатан бо шамолдиҳии табиӣ бо воситаи қуттии ҳаво дарояку ҳавокашӣ, паноҳгоҳгоҳҳои ғунҷоишашон аз 50 нафар зиёд–бо системаҳои ҳавотозакунии маҷбури амалӣ карда мешавад. Дар паноҳгоҳҳо ҷой барои нигоҳдории хӯрокворӣ, қуттии тиббии дастаҷамъӣ ва асбобҳо пешбинӣ карда мешавад.
Паноҳгоҳҳои оддӣ.
Ҳангоми нарасидани гурезгоҳҳо ва паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ, инчунин ҳангоми мавҷуд набудани воситаҳо ва вақт–бо қувваи тамоми аҳолии қобили меҳнат паноҳгоҳҳои оддӣ – ҳандақҳо (кушода, пӯшида) сохта мешаванд.
Онҳо паноҳшавандагонро аз мавҷи зарбазананда, нури шуъодиҳӣ ва радиатсияи гузарои таркиши ядроӣ муҳофизат менамоянд. Талафотҳо нисбат баҷойгиршавӣ дар маҳалли кушод 1,5-2 маротиба кам мешаванд.
Эҳтимолияти шуоъзанӣ 2-3 маротиба кам мегардад.
Агар ҳандақро болопӯш намоем, дар он вақт аз шуъои нурафкани пурра, аз мавҷи зарбазананда 2,5-3 маротиба, аз радиатсияи гузаро бошад, 200-300 маротиба муҳофизат менамояд. Ба ғайр аз он болопӯш намудани хандақ, одамонро аз фаромадани бевоситаи моддаҳои радиоактивӣ ба либос, инчунин зарар дидан аз пораҳои биноҳои вайроншуда муҳофизат менамояд.
Ҳангоми паноҳшавӣ дар паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ ва паноҳгоҳҳои оддитарин воситаҳои ҳимояи фардиро истифода бурдан зарур аст.
Паноҳгоҳҳои оддӣ марҳилаи мобайнии таъмин намудани аҳолӣ бо иншоотҳои муҳофизатии ба монанди гурезгоҳу паноҳгоҳҳои зиддирадиатсионӣ мебошад.
Ҳандақҳо даставвал кушода мешаванд. Онҳо бо чуқурии 180-200 см, васеги ба баландии 110-120 см ва ба чуқурии то 80 см канда мешаванд.
Дарозии ҳандақ вобаста ба миқдори паноҳшавандагон муайян карда мешавад ва мувофиқи ҳисоби 50-60 см барои як нафар аниқ карда мешавад. Ғунҷоиши меъёрии ҳандақ 10-15 нафар, аз ҳама зиёд 50 нафар мебошад.
Саволи дуюм таълимӣ: Намудҳои иншоотҳо муҳофизатӣ. Роҳҳои захиракунии фонди иншооҳои муҳофизатӣ дар замони осоишта.
Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳои муҳофизати дар замони осоишта.
Иншоотҳои муҳофизатиро дар замони осоишта барои эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва хизматрасонии аҳолӣ мувофиқи лоиҳа истифода бурдан мумкин аст.
Ҳангоми истифодабарии иншоотҳои муҳофизатӣ дар замони осоишта тамоми талаботҳое, ки коршоямии иншоотро дар мӯҳлати муқарраршудаи гузаронидани онҳо ба реҷаи иншооти муҳофизати таъмин менамояд, инчунин шароити паноҳ шудани одамонро дар иншооти муҳофизатӣ дар давраи хатар таъмин менамояд, иҷро карда мешаванд.
Иншоотҳои муҳофизатиро дар замони осоишта ба монанди чунин мақсадҳо истифода бурдан тавсия дода мешавад:
· Нуқтаҳои таълими, синфхонаҳои ҲФ ва МГ;
· Анборхонаҳо барои нигоҳдории амволи МГ ва маводҳои насузанда;
· Иншоотҳои истеҳсолии аз сӯхтор бехатар;
· Нақбҳои технологи, нақлиёти ва пиёдагардҳо;
· Иншоот барои навбатдорони барқи, алоқа, бригадаҳои навбатдор;
· Макони нигоҳдории мошинҳои сабукрав (гараж);
· Иншооти савдо ва хӯроки умум;
· Иншооти варзиши;
· Иншооти барои хизматрасонии хонаги (бытовой);
Комментарии (0)