Театр дар ҳаёти ман


Театр дар ҳаёти манТеатр ин навъи махсуси санъат ва ҳунар аст. Театр маконест, ки будан дар он хеле гуворост. Он дар ҳаёти ман нақши бузург дорад. Ба назари ман он яке аз мушкилтарин навъҳои ҳунар аст. Зеро он дар худ ҳам адабиёт, ҳам иҷрои нақш ва ҳам мусуқиро сарҷамъ мекунад. То ин ки намоишнома дар театр сифатан олӣ бошад, ҳунармандон меҳнати зиёди пурмашақатеро бояд ба сомон расонанд. Аз давраҳои пеш театр макони дилхушию дӯстдоштаи одамон буд. Вале аз чӣ бошад, имрӯзҳо қадру қиммати пешинаи худро то чанде аз даст додааст. Ба ин пеш аз ҳамма интернет, синамо таъсири худро гузоштааст. Инчунин айни замон қариб, ки ҳама дар хонаҳояшон компютер ва оинаи нилгун доранд ва аз ин рӯ, театр диққати онҳоро камтар ба худ ҷалб мекунад. Бар замми ин бисёриҳо фикр мекунанд, ки театр ин макони дилгиркунандаю номарғуб аст. Касонеро, ки волидон аз кӯдакӣ ба театр мебурданду меҳри онҳоро нисбат ба театр пайдо менамуданд, маҳз онҳо тамошобинони доимии театранд.

            Вале дар асл театр макони беҳтарини фароғатию дилхушист. Ҳар як шахс бояд дар ҳаёташ ақалан як маротиба театри воқеиро тамошо кунанд. Шахсан барои ман театр хеле шавқовар аст ва зуд-зуд ба онҷо меравам. 

Ҳангоми тамошои намоиши театрӣ, на танҳо мафтун мешавем, балки якҷоя бо қаҳрамонон эҳсосоти онҳоро ҳис мекунем: дард, нафрат, ғаму ғуссаву дилхушӣ, мо механдем, гиря мекунем, ғамгин мешавем ва ба ҳунармандон дилсӯзӣ мекунем… Ҳамин тавр ҳангоми дар инҷо дар як ҳуҷраи торик нишастан, мо таҷрибаи бебаҳои зиндагӣ, маслиҳат хоҳем гирифт. Ва ин дар ҳақиқат бузург аст!


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив