Аломати сакта(ъ) мавқеъ, ҷой ва вазифаи он дар калима


Нақша:
  1. Маълумот дар бораи ҳарф
  2. Вазифаҳои “ъ”
Аломати сакта(ъ) ҳарфи бисту чоруми алифбои тоҷикӣ буда, аз алифбои криллии русӣ соли 1940 гирифта шудааст. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ солҳои 1930-1940 сакта ё зада дар калима ба воситаи апостроф ишора мешуд. 
Аломати сакта дар забони тоҷикӣ ду вазифаро иҷро мекунад:
  1. Дар калимаҳои арабӣ ба ҷои овозҳои ҳамсадои ҳалқии зич “айн” меояд, вале талаффузи дурусти он дар баъзеаз шеваҳои забони тоҷикӣ (Варзоб, Зарафшон) ба назар мерасаду халос. Дар забони адаби ҳозираи тоҷик ин овоз талаффузи ин овоз одатанба тариқи ист (пауза) –и кутоҳмуддат кутоҳмуддат ба вуқӯъ меояд. Масалан: маълум - ма-лум, маъруф - ма-руф ва ғ. Варианти дигари талаффузаш ба дараҷаи сусти талаффузи айн, яъне таранг ва зич шудани девораҳои ҳалқ ва сипас фавран аз ҳам ҷудо шудани онҳо ба назар мерасад. Ҳангоми баъд аз ҳамсадо ва пеш аз садонок омаданаш бо таъсири он садонок бошиддат талаффуз мешавад (суръат, масъул, қатъӣ...). Дар байни ду садонок талаффузи таркишмонанд ба вуҷуд меояд( таъин,фаъол). Дар аввали калимаҳои иқтибосии арабӣ талаффуз мешавад, вале дар хат ифода намеёбад (арӯз,аср). Дар охири калимаҳо бошад бо таркиши суст талаффуз мешавад ( мисраъ, матоъ, мавқеъ). Агар ҳарфи сакта дар мобайни ду садонок ояд пас онро навишта намешавад ба истиснои 2 клима ( фаъол, таъин). Дар калимаҳои тоҷикӣ ҳарфи сакта дар охир ва мобайни калима дучор мешавад.
  2. Дар калимаҳои советию интернатсионалӣ, ки дар забони тоҷикӣ қабул гардиданд,пеш аз йотбарсарҳо ҳамчун аломати ҷудоӣ ва шиддатнокӣ талаффуз ва навишта мешуд. (съезд, объект, субъект...).    

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив