Фаҳмонидани матн на танҳо ба мазмуни он, инчунин ба нормаи талаффузи адабӣ низ вобаста аст. Ҳангоми тайёрӣ дидан ба дарс муаллим бояд пешакӣ матни диктантро барои дикта кардан ба қисмҳо ҷудо намояд. Калима ва ибораҳои душворро дар дафтар қайд кунад,аз ҷиҳати талаффуз интонатсия ва задаи мантиқӣ аз назар гузаронад. Қисмҳои асосии матнро ҳатман бо овози баланд хонад. Хонандагон баробари навиштани диктант дар хусуси дурустнависӣ, интихоби луғат, тартиби луғат, тартиби ҷумлаҳо фикр менамоянд. Ин ҷиҳати масъала аз хонанда бештар бодиққатиро талаб мекунад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо матни хондашуда ҳамон вақт бештар дар хотир мемонад, ки он пай дар пай хонда ва такроран шунида шавад. Аз ин рӯ, ба хонандагон тавсия карда мешавад, ки то навишти диктант дар хусуси ҷумлаҳои матн андеша кунанд. Агар ҷумла дароз ва мушкил бошад, муаллим онро такроран ё қисм – қисм мехонад. Хонандагонро одат кунондан лозим аст, ки дар як маротиба дикта кардани муаллим 6-9 калимаи матн дар хотирашон монад. Кӯтоҳ ва калима ба калима дикта кардани муаллим хонандаро ба сустнависӣ одат кунонида, боиси суст шудани қувваи ҳофиза ва бад иҷро кардани вазифа мегардад.
Пас аз он ки навиштани диктант анҷом меёбад, бо супориши муаллим хонандагон навиштаашонро такроран дида мебароянд. Сипас, муаллим матнро нисбатан ором ва оҳиста мехонад, хонандагон аз рӯйи хониши муаллим (агар ғалат содир карда бошанд, онро ислоҳ мекунанд) матнро бодиққат аз назар мегузаронанд.
Тартиби гузаронидани диктант:
- Сарлавҳаи диктант ба тахтаи синф навишта мешавад.
- Пеш аз хондани матни диктант муаллим калима ва ибораҳои душворро шарҳ медиҳад.
- Муаллим матнро пурра хонда, маънои калимаҳои номафҳумро шарҳ медиҳад.
- Ҳар як ҷумла то се бор, аммо ҷумлаҳои мураккаб қисм – қисм хонда мешаванд.
- Баъди навиштани диктант муаллим матнро бори дигар оҳиста ва бурро мехонад, хонандагон дурустии матни навиштаашонро месанҷанд ва муаллим диктантро меғундорад.
Миқдори корҳои хаттии санҷишӣ аз фанни забони модарӣ
Синфҳо | Миқдори калимаи диктант |
V VI VII VIII IX X XI | 100 – 110 110 – 120 120 – 130 130 – 140 140 – 160 160 – 190 180 – 200 |
Синфҳо | V | VI | VII | VIII | IX | X | XI |
Миқдори корҳои санҷишӣ (дар давоми соли таҳсил) | 18 | 16 | 14 | 12 | 10 | 8 | 8 |
Баъд аз он ки талабагон гурӯҳи муайяни қоидаҳоро ба воситаи машқҳо аз худ карданд, бо мақсади санҷидани дониши онҳо диктанти санҷишӣ гузаронида мешавад. Агар талабагон қоидаҳои омӯхтагиашонро нағз аз худ карда бошанд, дар диктанти санҷишӣ бояд хато накунанд. Диктанти контиролӣ (санҷишӣ) бе ҳеҷ як таъкиди пешакии хатоҳо гузаронида мешавад, чунки мақсади он санҷидани дониши талабагон аст. Мумкин аст, ки дар ин кор тамоми як дарс бахшида шуда,қоидаҳо такрор ва ҷамъбаст карда шаванд, то ки дар вақти гузаронидани диктанти санҷишӣ ба маънидоди зиёдатии калимаҳо эҳтиёҷ набошад.
Диктанти санҷишӣ, ғайр аз санҷишӣ будани худ, ба андозае вазифаи таълими имлоро ҳам иҷро мекунад, чунки барои навиштани он диққати талабагон ба қоидаҳои имло ҷалб мешаванд.
Комментарии (1)