Каюмарс


Дар қадимтарин ривоятҳои аҷдодони мо – қавму қабилаҳои Бохтария, Суғд, Эронзамини бостонӣ чунин омадааст, ки инсонҳо нахуст дар ҷангалҳо мезистанд, хӯрокашон меваҳои ёбоӣ, пӯшокашон барги дарахтон будааст, на киштукорро медонистаанд ва на шикорро.
Як вақт аз байнашон Каюмарс ном марди доное баромада, ба онҳо шикори ҷонваронро ёд додааст. Каюмарс оини подшоҳиро ба ҷаҳон овард ва нахустин подшоҳ ӯ шуд. Бохирад марде буд, акл ҷӯяндаву офарандае дошт. Аз санг ва чӯб олатҳои буррандаву шикофанда тарошида,ба воситаи онҳо ба шикори ҷонварон пардохт. Дар ҷангалзору кӯҳсорон дарандаю чаранда фаровон буд.
Каюмарс мақомгоҳашро аз ҷангалзор ба кӯҳсор кӯчонида, пойтахти худро дар ин ҷо устувор кард.
Мардумон чун шикорро ёд гирифтанд ба хӯроквориашон гӯшт зам шуд, машаққати пайдо кардани хӯрок қадаре осонтар гардид...

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив