Душанбе соли 1929 ҳамагӣ як кӯчаи калон дошт. Дар ду тарафи он кӯча, дар биноҳои назарногири чӯбиву похсагӣ ҳамаи идораҳои давлатӣ ва муассисаҳо ҷой гирифта буданд. Ҳоло дарозии роҳҳои асфалтпӯши Душанбе аз чаҳор миллион метри мураббаъ бештар аст.
Соли 1926 вусъати манзилгоҳҳои истиқоматии шаҳр 30 ҳазор метри мураббаъ буд. Ин рақам соли 1940 ба 457 ҳазор, соли 1964 ба як миллиону 856 ҳазор, соли 1971 ба зиёда аз се миллион расид. Солҳои 50 – ум ва 60 – ум ба масъалаи бештар дар атрофи шаҳр сохтани маҳалҳо диққат дода шуд. Ҳоло дар атрофи Душанбе беш аз 50 маҳалли нав қад афрохта, ба ҳусни рӯзафзуни пойтахтамон ҳусн зам кардаанд.
Душанбе
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)