Роғун ба мо чӣ медиҳад?


Роғун ба мо чӣ медиҳад?Роғун Тоҷикистонро нурафшон мекунад! Пас аз ба истифода дода шудани НБО Роғун кишвари мо соҳиби 13,1 млрд киловат соат нерӯйи барқ мешавад. Тамоми хонаҳо, иншоотҳо, корхонаву кӯчаву хиёбонҳо ҳамарӯза, 24 соат бо барқ таъмин мегарданд. Тоҷикистон метавонад, ки ба кишварҳои ҳамсоя: Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон, ҳатто ба Қазоқистон, ки бо мо ҳамсарҳад нест, зарур шавад нерӯйи барқ фурӯшад!
Албатта даромаде, ки аз ин кор ба даст меояд, барои боз ҳам ободтару зеботар шудани кишварамон сарф мешавад.
Сарбанди НБО Роғун аз 330м баландтар хоҳад шуд,ки яке аз сарбандҳои баландтарин дар олам ба шумор меравад.
Ғунҷоиши обанбори Роғун 13,3 км мукааб аст. Ин қадар об барои бунёди боғҳо, обёрӣ кардани заминҳои нав, захира кардани об барои НБО Норак дар фасли зимистон даркор мешавад. Дар атрофи обанбор фароғатгоҳу табобатгоҳҳои бузург бунёд мешаванд, ки диққати тамоми сайёҳони оламро ба худ ҷалб мекунад!

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив