НБО-и Роғун яке аз иншоотҳои бузурги асри 21 ба шумор рафта, баландии сарбанди нерӯгоҳ 3395м аст. Ғунҷоиши об дар ин нерӯгоҳ бошад, ба 13,5 миллиард метри мукааб мерасад, ки захирааш қариб баробари кӯли Сарез. Агар мисриҳо бо аҳромҳои Хеопс, ҳиндуҳо бо Тоҷмаҳал, чинҳо бо Девори бузурги Чин ва ғайраҳо фахр намоянд, мо - тоҷиконро месазад бо сарбанди дар ҷаҳон баландтарини НБО Роғун ифтихор намоем.
Модоме чунин аст, беихтиёр суоле пайдо мешавад, ки Роғун ба мо чӣ медиҳад?
Оҳ, Роғун, Роғун! Охир ту ояндаи дурахшони миллат, пешбарандаи иқтисодиёти давлат ва ғурури халқи тоҷикӣ! Оре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми меҳнатқарин ва баору номусаш қудрати азалии хешро ба ҷаҳониён нишон дода, аз рисолати созандагӣ, соҳибтоҷӣ ва бофарҳангии хеш дарак дод. Ҳоло, манфиати НБО Роғун дар он аст, ки тамоми хонаҳо, иншоотҳо, корхонаву кӯчаву хиёбонҳо ҳамарӯза 24 соат бо барқ таъмин мегарданд. Ин гуфтаҳоро суханони Пешвои миллат тасдиқ менамояд:
«Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод».
Инчунин, Тоҷикистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя: Узбекистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон, зарур шавад, нерӯи барқ фурӯхта метавонад. Албатта, даромаде, ки аз ин кор ба даст меояд, барои бунёди боғҳои нав, муассисаҳо, майдонҳои гуногуни варзишӣ, биноҳои истиқоматии замонавӣ, корхонаҳои азими саноатӣ сарф мегардад. Яъне НБО-и Роғун метавонад ба халқи ҷоноҷонаш рӯшанӣ, ободонӣ, фаровонӣ, сарбаландӣ ва бо кори доимӣ таъмин намуданро кафолат диҳад. Дар оянда дар атрофи обанбор фароғатгоҳу табобатгоҳҳои бемисл бунёд мегарданд, ки тамоми сайёҳони худиву оламро ҷалб намуда, дар ҳайрат мегузорад.
Роғун, Роғун чароғи сабзи Ватан аст,
Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.
Бо заҳмати халқи мо бишуд он бунёд,
Роғун ба мисоли мактабу илму фан аст.
Ҳеҷ гоҳ санаи мубораки 16. 11. 2018. аз ёди халқ ва таърих фаромӯш нахоҳад шуд, зеро дар ин санаи нек орзуи деринтизори тоҷикони олам ҷомаи амал пӯшид.
Ҳоло ин иншооти бебаҳо барои миллати тоҷик на танҳо нуру зиё, балки баракоту фаровонӣ, якдиливу якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд.
Комментарии (0)