Ба ифтихори ҷашни Наврӯз


Яке аз ҷашнҳои писандидаи халқҳои ориёинажод – Наврӯзи дилафрӯз бо ба диёри меҳмоннавози мо қадами муборак гузошт. Ин идест, ки таърихи боифтихор ва пуршараф дорад. Он аз боду борон, сардиву оташи замона газанд наёфта, лашкаркашиҳои аҷнабиён, сиёсати ғосибонро паси сар карда, дар дилу дидаи халқи тоҷик абадӣ маъво гирифтааст. Наврӯзро дар тамоми давраҳо иди ҳалқӣ мешуморидем. Бори нахуст дар давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷикон Наврӯзи куҳан иди давлатӣ эълон шуд.
Наврӯзи куҳан зи нав ҷавонӣ дорад,
Дар кӯҳназамин тоза замоне дорад,
Ҳар бор зи омадаш замин гирад ҳусн,
З – ин ҳаст, ки умри ҷовидонӣ дорад.
Ба ин маънӣ танҳо давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистон Наврӯзи куханбунёдро дубора бар тахти ҳақиқӣ ва ифтихори худ нишонд ва акнун он бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив