Аз ин сабаб, қаблан ҳар яки Шуморо бо Иди Сада, ки имрӯз ботантана ҷашн гирифта мешавад, самимона муборакбод менамоем. Доир ба Ҷашни Сада, таърихи пайдоиш ва то ба замони мо расида омадани он маълумоти басо ҷолиб пешниҳод хоҳем кард.
Иди Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Иди Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне рӯзи 10-уми баҳманмоҳ мувофиқ ба санаи 30-юми январ ҷашн гирифта мешуд. Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Дар асари машҳури Умари Хайём «Наврӯзнома» омадааст: «Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳок бигрифт, Ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Таърих
Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:
«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»— Эмомалӣ Раҳмонов. «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, С.263Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22 марти тақвими мелодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Аммо Абӯрайҳони Берунӣ гуфтааст: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид».
Оё медонед, ки калимаи «Сада» дар китоби «Авесто» ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Тавре донишманди эронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ навиштааст: «Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст».
Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун: сат, сатаг, сазак ва ё саз омадааст ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт, яъне ҳангоми ҷашни Сада мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро рӯзи панҷуми моҳи обон, яъне 27-уми октябр мешумориданд ва охири зимистони бузургро рӯзи даҳуми моҳи баҳман меҳисобиданд, яъне 30-юми январ ва ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд.
Роҷеъ ба Ҷашни Сада дар асрҳои миёна ва баъзе унсурҳои он дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар шаҳрҳои бостонӣ ва ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А.Кисляков ва И.С.Брагинский маълумот дода, унсурҳои боқимондаи ин ҷашни мансуб ба табиатро, ки аз нафас кашидани замин ва борвар шудани он шаҳодат медиҳад, бо дигар маросимҳои маъмул дар асрҳои миёна муқоиса намудаанд. Абдулазими Разоӣ ва Муҳаммад Муин иттилоъ додаанд, ки оташафрӯзию фурӯғи ҷашни Сада тибқи солшумории авестоӣ баъди 310 рӯз аз оғози фарвардинмоҳ баргузор мешуд. Бо изофаи 50 шабу 50 рӯз ҷашни Наврӯз аз аввали «панҷаи дуздида» ба унвони муқаддамоти наврӯзӣ, ки худ аз силсилаи маросимҳо иборат буд, иди соли нав таҷлил мегардид.
Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷмандону камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондаанд. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада ба ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур додааст, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шудааст, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада, иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи аз 3 то 5 ҳазорсоларо доро мебошад. Калимаи Сада аз забони мардуми ориёӣ гирифта шуда, оташро ифода менамояд. Дар таърих аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.
Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
(Унсурӣ)
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар Тоҷикистон аз рӯи тақвими мардуми форсизабон рӯзи ҷашни Сада дар баъзе аз деҳот ҷашн гирифта мешавад.
Бори дигар ҳамаи Шумо — хонандагони азизу арҷмандро бо Иди Сада табрик намуда, бароятон сиҳатмандии ҳамешагӣ, хонаи ободу қалби шод ва сарбаландиву некномиро таманно менамоем!
Ҷашни Сада мубораку хуҷаста бод!
Комментарии (0)