1. Диншиносӣ ҳамчун илм.
2. Сохтори диншиносӣ ва марҳилаҳои ташаккули он.
3. Зарурати омӯзиши фанни диншиносӣ.
1. Диншиносӣ ҳамчун илм. Омӯзиши фанни диншиносӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва умуман устувор намудани иродаи инсон ба шумор меравад. Чунки дин ҳамчун унсури муҳимтарини фарҳанг, метавонад дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти маданию ахлоқии инсоният нақши асосиро доро бошад. Инчунин рӯй овардан ба омӯзиши диншиносӣ ҳамчун предмети таълимӣ, метавонад омили асосии рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва берун кашидани тафаккури маҳдуд аз пойбанди хурофоту таассуб баромад намояд.Чунки донишҳои илмӣ дар самти диншиносӣ ягона воситаи такмилдиҳандаи тафаккури назариявӣ ва маърифати илмӣ ҳисоб меёбанд, ки бе омӯзиши амиқи фанни диншиносӣ наметавон ба чунин комёбии маънавӣ ноил гардид.
Диншиносӣ ҳамчун соҳаи нисбатан мустақили дониши илмӣ буда, ба гурӯҳи илмҳои гуманитарӣ шомил аст. Омӯзиши фанни диншиносӣ фарогири натанҳо як дин ва ё мазҳаб, балки ҳама динҳои чӣ қабл аз таърихӣ, чӣ таърихӣ, чӣ гузашта ва чӣ зинда, чӣ суннатӣ ва ғайри суннатиро фаро мегирад.
Омӯзиши диншиносӣ ва аз худ намудани донишҳои динӣ, дар шароити муосир барои баланд бардоштани маърифат, инкишофи тафаккури назариявӣ ва рушди ҷаҳонбиниву дарки моҳияти амалияи рӯзгор мусоидат намуда, насли ҷавони ин миллатро дар ҷодаи бошуурона ва бидуни эҳсос муносибат намудан водор сохта, дар замири онҳо сифатҳои ахлоқи накӯи инсонӣ, хештаншиносӣ дарки масъулият, маҳорату малакаи касбӣ, устувории идеявӣ, садоқатмандӣ ба арзишҳои милливу динӣ ва ҳисси уҳдадориву ҷавобгариро тарбия менамояд.
Диншиносӣ илми иҷтимоиест, ки маҷмӯи ҳодисаҳои марбут ба дин, ки аз рӯи эътиқоде, ки вуҷудият дорад ва одамон ояндаи худро бо он вобаста медонанд, онро ибодат ва парастиш менамоянд, аҳкому амалиёти эътиқоди динии онҳоро меомӯзад.
Калимаи дин аз калимаи арабӣ «дийн», ки аз решаи «дайна» мебошад, гирифта шудааст. Маънии луғавии он-миллат, мазҳаб, ойин, тоъат, ҷазо ва мукофот аст. Ҷамъи арабии он «адён» аст. Дар забонҳои аврупоӣ ин мафҳум ба калимаи лотинӣ-«религия» (ґеligio) ифода шуда, ки маънии луғавии он эътиқод, тақво, виҷдон ва худопарастӣ аст.
Дар дини насронӣ бошад динро чунин таъриф додаанд: «Дин эътироф ба ин ҳақиқат аст, ки ҳамаи мавҷудот таҷаллиёти қуввае ҳастанд, ки фаротар аз илм ва маърифати мост». (Герберт Спенсер) Таърифи дигар бошад чунин аст: «Дин посухи инсон ба нидои илоҳӣ аст».
Таърифи истилоҳии дин дар адабиёти ғайри динӣ низ зиёд аст. Масалан яке аз маъруфтарин мардумшинос ва фарҳангшиноси англис Э. Б. Тейлор динро эътиқод ба мавҷудоти рӯҳонӣ мешуморад. Яке аз диншиносони муосири Ғарб Ниниан Смарт бошад динро маҷмӯи унсурҳои маросимӣ, устуравӣ, эътиқодӣ, иҷтимоӣ ва таҷрибӣ медонад. Майкл Питерсон диншиноси амрикоӣ динро маҷмӯъе аз эътиқодот, амалияҳо ва эҳсосоти фардӣ ва иҷтимоӣ медонад.
Диншиносӣ яке аз илмҳои ҷомеашиносӣва фалсафию таърихист. Мавзӯъ ва объекти баҳси он дин ва масоили фалсафию назарӣ ва таърихи пайдоишу таҳаввул ва такомули адён аст. Диншиносӣ на як дин, балки тамоми динҳо, аз қабили динҳои табиӣ, солифа, сомӣ, суннатӣ ва ғайрисуннатӣ, миллӣ ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Мавзӯъи омӯзиши ин фан фарогири ҷанбаҳои таърихӣ, фалсафӣ, назарию амалии дин мебошад. Аз ин ру диншиносӣ робитаи наздик бо илмҳои фалсафа, таърих, ҷомеъашиносӣ, равоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғайра дорад.
Диншиносии илмӣ (ё илми адён) ҳамчун илму фанни алоҳидае, ки бевосита ба омӯзиши таҳлилию мукоисавии динҳои гуногун ва ошкор намудани қонунияти пайдоиш ва такомулу таҳаввули акоиди дини машғул аст, илми нисбатан навест. Baй дар нимаи дуюми асри XIX ба катори илмҳои ҷомеашиноси ворид гардид. То ин давра масоили диншиносӣ зимни баҳси матолиби илмҳои дигар, алалхусус таърих, фалсафа ва илоҳиётмавриди баҳсу барраси қарор гирифта буданд.
Нахустии бор Макс Мюллер мафҳуми «илми адён» ва «мутолиоти татбиқии» «дин»-роба кор бурдааст. Ҳарчанд мафҳуми «илми дин» қаблан низ истафода шуда буд, вале аввалин бор ин мафҳум ба маънои дақиқи диншиносӣ ё дониши илми дар робита ба дин ба кор бурда шуд. Таърихи диншиносӣ (илми адён) низ дар донишгоҳҳо аз ҳамин давра (охири асри XIX ) оғоз гардид. Нахустии кафедраи таълиму таҳқиқи таърихи дин соли 1873 дар Женева таъсис гардид ва сипас чаҳор чунин кафедра соли 1876 дар Ҳуланд ва соли 1879 дар «Колеҷ де - Фронс» ва соли 1884 дар донишгоҳи озоди Брюксел ва соли 1885 бахши махсуси илмҳои дини дар донишгоҳи «Сорбон» ташкил шуданд. Каме баъдтар дар соли 1910 кафедраи динҳо дар донишгоҳи Берлин ва ҳамчунин дар Леиптсиг ва Бонн ба вуҷуд омад.
2. Сохтори диншиносӣ ва марҳилаҳои ташаккули он. Диншиносӣ аз асри XIX то имрӯз ба як илми сершохае табдил ёфтааст, ки он шомили маҷмӯъи донишҳо чун: таърихи дин, фалсафаи дин, ҷомиашиносии дин, равоншиносии дин, падидашиносии дин мебошад.
Таърихи адён- яке аз қисматҳои асосии диншиносӣ мебошад, ки динро танҳо аз доираи муҳит ва замони инкишоф, шароити таърихии пайдоиш ва таҳаввули он баррасӣ мекунад. Таърихи дин шароити таърихии пайдоиши адёни мухталиф ва таҳаввули ғоявию ақидавӣ ва маросимии онҳоро дар тӯли таърихи инсоният меомӯзад. Огоҳии густарда аз таърихи ҳама шаклҳои гуногуни адён барои шинохти амиқи дин, ҳамчун падидаи маънавию иҷтимоӣ ва шинохти роҳҳои таҳаввули онҳо хеле муҳим аст.
Фалсафаи диняке аз қисматҳои таркибии диншиносии муосир буда, аз назари пайдоиш, таърихи қадим дорад. Фалсафаи дин дар атрофи масоили назарии дин, таърифи дин, хусусияти шуури динӣ, ҷиҳатҳои фалсафии таҷриба ва амалияи динӣ, назарияҳои пайдоиши адён, шинохти динҳамчун падидаи иҷтимоию маънавӣ, сохтори он, табақабандии динҳо, пайдоиш ва таҳаввули ғояи Худо ва бурҳон ва назарияҳои фалсафии исботи ҳастии Худо ва ғайра (чунон ки баъдан муфассалтар хоҳем дид) баҳс мекунад. Масъалаи таносуби фалсафа ва дин, фалсафаи дин бо фалсафаи динӣ ва фалсафаи дин бо илоҳиёт низ мавриди баҳси қисмати фалсафаи дин мебошад. Бояд мафҳуми фалсафаи динро аз фалсафаи динӣ фарқ кард, таносуби ин ду мафҳум мисли таносуби диншиносӣва илоҳиёт аст.Яъне фалсафаи дин таҳқиқу баррасӣ ва арзёбии фалсафӣ мабни ба истидлолу мантиқ аз дин ва мафҳумҳое, ки мутааллиқ ба дин аст, вале фалсафаи динӣ тавассути фалсафа ё бо истифода аз фалсафа ва далоили ақлӣ исбот кардан ва фаҳмонидани мафҳумҳо ва масоили динӣ ё худ фалсафаест, ки дар заминаи таълимоти ин ё он дин, барои дифоъ аз он ва радди далоили мухолифон ба вуҷуд омадааст.
Ҷомиашиносии дин (ё сотсиологияи дин) яке аз шохаҳои муҳими диншиносӣ буда, вазъияти диндории ҷомеа, вобастаги (детерминатсия) - и динро aз шароити иҷтимоӣ, қонунияти пайдоиш, такомул ва таҳаввули динҳо, нақш вавазифаи адёнро дар ҷомиа ва муносибати онро бо дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣмеомӯзад. Ҷомиашиносии дин дар нимаи дуюми асри XIX ба вуҷуд омада, дар асри XX инкишофи худро ёфтааст. Асосгузорони он Карл Маркс (1818-1883), Фридрих Энгелс (1820-1895), Макс Вебер (1864-1920) ва Эмил Дюркгейм (1858 -1917) мебошанд. Баъзе масъалаҳои ҷомиашиносии дин ҳанӯз аз тарафи Огюст Конт (1798 -1857) ва Герберт Спенсер (1820-1903), гузошта шуда буданд. Асоси фалсафии ҷомиашиносии динро навъҳои фалсафаи моддигароӣва зеҳнгароӣташкил мекунанд.
3. Зарурати омӯзиши фанни диншиносӣ. Баъзе масъалаҳои дин дар фалсафа, таърих ва фарҳангшиносию ҷомеъашиносӣ омӯхта мешавад, вале дар ин фанҳо ҷиҳатҳои амалии динҳо аз қабили маросимҳо, конунҳои шаръӣ ва ғайра омӯхта намешавад. Ин масоил танҳо дар илми диншиносӣ омӯхта мешавад. Диншиносӣ кисмате аз донишҳои фалсафӣ буда, робитаи ногусастание бо фарҳангшиносӣ дорад ва нақшу мақоми динро дар тамоми шаклҳои фарҳангӣ ҷомиа мавриди омӯзиш қарор дода, таъсири онро дар тамаддуни ҷаҳонӣошкор мекунад. Аз ин лиҳоз омӯзиши диншиносӣ барои шинохти дуруст ва амиқи фарҳанг бениҳоят бузург аст, чунки таърихан ҳамаи шаклҳои фарҳанг ба ин ё он меъёр зери таъсири дин карор гирифтаанд ва нақши дин дар онҳо хеле зиёд аст.
Диншиносии муосир чун ҳама гуна илм аз усулу равишҳо (методҳо) - и маъмули умумифалсафӣ, иҷтимоию фалсафӣ, умумиилмӣва илмии махсус, назария ва амалия, диалектика, усулҳои системавӣ, таҷзияву таҳлил ва натиҷагирӣ, таҷрид (абстраксиякунӣ), ҷамъбандӣ, қиёсу фарзия, натиҷагирии куллӣ, муҳокимаи куллӣ аз чузъӣ ва ҷузъӣ аз куллӣ ( индуктсия ва дедуктсия\, мушоҳида, таҷриба ва ғ-ра истифода мекунад. Яке аз хусусиятҳои усулии диншиносӣ бисёрравиши \полиметоди\-и он:истифода аз усулу равишҳои илмҳои гуногун-таърих, таърихи санъат, фалсафа, ҷомиашиносӣ, инсоншиносӣ, филологӣ ва ғ-ра мебошад.
Хулоса, диншиносӣ маълумоти илмию фалсафии воқеъбинона-объективӣоид ба дин, назарияхои диншиносӣ фалсафа ва таърихи адён, пайдоишу таҳаввули ҳамагуна таълимоту маросихои мазхабӣ ва нихоят оид ба накши динҳо дар хаёти ҷамъиятӣва умуман таърихи тамаддуни инсонӣ мебошад.
Ҳадафи ниҳоии диншиносӣ додани маълумоти илми оид ба адён, пажуҳишҳо чиҳати дарёфти арзишҳои умумибашарӣ ва исботи ваҳдати маънавии инсоният дар баробари касрати шакливу ақидавии адён аст. Дар диншиносии муосир кордкади мафҳумҳо, рамзу истилоҳот босуръат идома дорад. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки маҳфумҳо доир ба диншиносӣ хеле бо суръат дар олам паҳн мегарданд ва ҷудоии бештар аз мафҳумҳо ва мазмунҳои теологӣ мушоҳида мегардад. Омӯзиши диншиносӣ барои рушди интеллектуалӣ, маънавӣ ва фарҳангии инсон аҳамияти зиёддорад. Он касро бо пайдоишу инкишофи динҳо, моҳияти таълимоти динӣ, чун ҳодисаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ошно месозад ва таъсири динро ба соҳаи фарҳанг, ҳаёти иҷтимоӣ–сиёсӣ чи дар гузашта ва чи ҳоло муайян месозад. Омӯзиши илмии дин ба гуманизатсияшавии таълим, азхудкунии бозёфтҳои фарҳангии миллию ҷаҳонӣ, озодона муайян кардани мавқеъ ва тамоюли ҷаҳонбинӣ ба ҷавонон кумак мекунад. Илм дар бораи дин ба амалишавии озодии ваҷдон ба воситаи додани маълумот доир ба ҳуқуқҳои озодии инсон кумак намуда хусусиятҳои шаҳрвандии шахсиятро ташаккул медиҳад. Дониши илмӣ дар бораи дин имкон медиҳад, ки кас мақому ҷои худро дар ҷаҳони муосир муайян кунад. Ба сиёсату давлату ҳизбҳо ба дурустӣ сарфаҳм рафта, мавқёи худро дар ҷомеа муайян созад.
Омӯзиши диншиносӣ дар амалишавии бархуддорӣ аз арзишҳои гуманистӣ, таълими ризоият дар ҷомеа, беҳтаршавии муносибатҳои умумиинсонӣ, алалхусус дар байни мӯътақидони динҳои гуногун аҳамияти хос дорад, ки заминаи илмӣ ва фарҳангӣ барои фаъолияти инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд оварда, асосҳои таассуби динӣ, бадбинӣ ва ифротгароиро аз байн мебарад. Ниҳоят диншиносӣ фаннест, ки омӯхтани он шахсро аз доираи танги тасаввуроти мазҳабии ин ё он дин берун кашида, барои дохил шудан ба олами нопайдоканори маънавиёти адёни гуногун омода месозад. Илми диншиносӣ инсонро аз фуру рафтан ба таассубхои мазҳабӣ, хурофотпарастӣ, ҷаҳолат ва ифротгароии динӣ боздошта, барои рушди маънавию фарҳангӣ ва вусъати ҷаҳонбинии ӯмусоидат хоҳад кард.
Мастаҳкамкунии дарс:
- Ба воситаи саволу ҷавоб муайян намудани дониши азхудкардаи донишҷӯён.
- Шарҳдиҳӣ ва гузориши баҳои муносиб бароидонишҷӯ бо назардошти иштироки фаъолонаи ӯ дар машғулият.
1.Абдулозода Ш. Асосҳои диншиносӣ. Душанбе. 2015
2. Гарджа В. И. Религиоведения: М. Мысли, 2001. Т. З. – с. 435 - 436
3. Гарденко . Н. С. Основные религиоведения . СПб., 1997.
4. Гуманизм, атеизм, религия/ отв. ред: П. Курочкин; Н. Мизов. – М: политиздат, 1978. – 135 с.
5. Аринин. Е. И. Религиоведение Академический проет М. 2004.
Комментарии (1)