Қаҳрамононро фаромӯш накунед!


Аз одамоне, ки ин рӯзҳоро сиҳату саломат аз сар мегузаронанд, факат як хоҳиш дорам: фаромӯш накунед!
Неконро ҳам, бадонро ҳам фаромӯш накунед. Дар бораи одамоне, ки ҷонашонро барои худ ва барои шумо фидо карданд, пурсаброна гувоҳӣ ҷамъ кардан гиред. Рӯзҳое мерасад, ки айёми ҳозира гузашта мардум замони бузург ва қаҳрамониҳои беномро, ки офарандаи таърих мебошад, ёд мекунанд.
Ман мехостам мардум дониста монанд, ки ҳеҷ як қаҳрамони беном набуд, одамоне буданд, ки номи худ, қиёфаи худ, орзую умеди номаълумтарини онҳо аз азобу уқубати касе, ки номаш ба таърих даромада мемонад, камтар набудааст.
Бигзор одамоне, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, ҳамчун дӯстон, ҳамчун қадрдонҳоятон ба шумо наздик бошанд!
Ҳазорон – ҳазор қаҳрамонҳо ҳалок шудаанд. Лоақал ягон нафари онҳоро дӯст доред, бо вай ҳамчун бо одами бузурге, ки дар орзуи оянда умр гузаронидааст, фахр кунед.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив