Сулҳ баҳорест, баҳор оварад


Дар ҳақиқат, бо шунидани калимаи сулҳ симои хушбахтонаи модарон, табассуми кӯдакон пеши назар меояд. Ба ин хотир сулҳ бояд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ қадр карда шавад ва номи сулҳоварон чун қаҳрамонон машҳур гардад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз вирди забон ва боиси омӯзиши ҷаҳониён гардидааст. Зеро гирифтани пеши алангаи ҷанг, дур кардани кинаву адоват ва нишастан ба сари мизи гуфтушуниду оштӣ кори осон нест.
Сулҳ, ки дар Тоҷикистон ба даст оварда шуд, натиҷаи муборизаи фарзандони барӯманди миллат аст.
Тоҷикистони тозаистиқлоли мо барои ба даст овардани сулҳ роҳи ниҳоят пурпечутоби мислаш дар таърих диданашударо тай намудааст. Дар ин роҳ садҳо нафар фарзандони вафодору содиқи ин халқи бузург талаф ёфтанд.
Ба қадри ҳамаи онҳое, ки барои ба ҳам омадани мардуми мо хизмат кардаанд ва ё қурбон шудаанд, бояд расем.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив