Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорон фарзандони тоҷик дар қатори дигар миллату халқиятҳои баҳри торумори Германияи фашистӣ ҷоннисорӣ карда, қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.
Ҳар як ҷавону навраси имрӯзаи мо дар қалби худ орзу мепарварад, ки ҷасуру қавӣ, далеру нотарс ба камол расад, ватани азизашро посбон шавад. Дар саросари кишварамон боз як иди далерию шуҷоат ҷашн гирифта мешавад ва он ба ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон марбут аст.
29 сол қалб, яъне 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо саҳифаи хеле муҳими таърихӣ таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат боз гардид. Зарурати ташкили он ба тағйиротҳои ба амал омадаи сиёсӣ вобастагӣ дошт. Барои ин Артиши обутобёфта ва бо интизом зарур аст.
Дар айни замон Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд.
Артиши миллии Тоҷикистон дар муҳорибаҳои зидди душманони давлат, хоинони миллати точик ва қувваҳои иғвогаронаи беруна, ҳамин гуна дастаҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша таҷрибаи нодир ва арзишмандро ба даст овард.
Артиши миллӣ мактаби умумимиллӣ мебошад, ки аз сафҳои он қисми солимтарини миллат, ҷавонони бо нангу номуси мо сарбаландона мегузаранд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахсони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, руҳан солиму ба Ватан содиқ, бунёдгарони фаъоли давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, дунявӣ ва демократӣ шуда метавонад.
Артиши миллӣ
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Саволномаи тестӣ аз фанни сиёсатшиносӣ
- Заминаҳои ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқии наврасон
Комментарии (0)