Саволномаи тестӣ аз фанни сиёсатшиносӣ


Тест бо як ҷавоби дуруст
1.Кадоме аз таснифоти даврабандии инкишофи таълимоти сиёсӣ дуруст аст?
А)форматсионӣ, таърихӣ-хронологӣ, тамаддунӣ, рўоварии иҷтимоӣ;
В)пешаздавлатӣ, тамаддунӣ, форматсионӣ, таърихӣ-хронологӣ;
С)антропологӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, хронологӣ;
D)пешаздавлатӣ, тамаддунӣ, таърихӣ-хронологӣ, форматсионӣ;
2.Кадоме аз ин тасни­фоти афкори сиёсӣ таърихию хронологӣ     маҳсуб меёбад?
А.Дунёи қадим, асрҳои миёна, давраи Эҳё, Замони нав;
В)форматсионӣ, рўоварии иҷтимоӣ, тамаддунӣ;
С)ҷомеаи анъанавӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ;
D)Замони навтарин;
3.Ба андешаи Демокрит  шакли беҳтарини идоракунӣ кадом аст?
А)Демократия;
В)Тирания;
С)Монархия;
D)Аристократия;
4.Шогирди беҳтарини Афлотун кист?
А)Арасту;
В)Протагор;
С)Суқрот;
D)Кратил;
5.Таркиби сохти ҷумҳурии Афлотун иборат аст аз:
А)ҳокимон,  ҷанговарон, ҳунармандон;
В)ҳокимон, ходимони дин, ҷанговарон;
С)ҳокимон, ҷанговарон, ғуломон;
D)ҳокимон, ҷанговарон, тоҷирон;
6.Фаҳмиши инсон «ҳамчун мавҷудоти сиёсӣ» ба кӣ тааллуқ дорад?
А)ба Арасту;
В)ба Демокрит;  
С)ба Афлотун;
D)ба Гераклит;
7.Категорияҳои сиёсатшиносӣ
А)ҳокимият, давлат, низоми сиёсӣ, ҳизби сиёсӣ; 
В)пул, мол, иқтисоди бозоргонӣ, мубодила, арзиши аслӣ;
С)фалсафа, таърих, ҳуқуқ, сотсиология;
D)меъёрҳои ҳуқуқӣ, қонун, кодекс, конститутсия;
8.Муаллифи китоби «Насиҳат-ул-мулук» 
А)Имом Ғаззолӣ; 
В)Мирсаид Алии Ҳамадонӣ;
С)Низомулмулк;
D)А. Дониш;
9. Ин гуфта ба кадом мутафаккир тааллуқ дорад«Бо одамони баробар баробар муносибат намо ва бо одамони нобаробар нобаробар»
А)Арасту;
В)Афлотун;
С)Ойзо Б.;
D)Демокрит;
10.Бузургтарин хислати подшоҳро Мазолӣ дар чӣ мебинад?
А)Одилӣ;
В)Нармӣ;
С)Идора карда тавонистани давлат;
D)Таъмин намудани хостаҳои ҷомеа;
11. «Ахлоқи Носирӣ» ба қалами кадом мутафаккир таалуқ дорад?
А)Насриддини Тўсӣ;
В)Фахриддини Розӣ;
С)Абунасри Форобӣ;
D)У. Кайковус;
12.Кадоме аз ин асарҳо ба Мир Саид Али Ҳамадонӣ таалуқ дорад?
А) «Захирот-ул-мулк»;
В)«Наводир-ул-вақоеъ»;
С)«Насиҳат-ул-мулук»;
D)«Ислом ва адолат»;
13.Либералҳои классикиро номбар намоед?
А)Гоббс, Локк, Руссо ва Кант;
В)Роберт О., Сен Симон;
С)Монтеские, Хайек;
D)Р.Нозик, Фридрих Фон Ҳайек;
14.Афлотун хушии аҳли башарро аз чи вобаста медонист
А)дар мақоми салтанат қарор доштани фалсафа ва файласуфон; 
В)таъмини идораи халқӣ ва плюрализми сиёсӣ;
С)шаҳрвандони бохабар аз сиёсат ва ҳукумат;
D)тақсими баробари моликият ва сарватҳои ҷамъиятӣ;
15. Афлотун кадом асарашро ба масъалаи адолатнокӣ бахшидааст?
А)«Ҷумҳурӣ»;
В)«Қонунҳо»;
С)«Давлат»;
D)«Сиёсат»;
16.Ба андешаи Августин одамон то кадом андоза бо қудрати худ метавонандки ҷомеаи комил ва боадолатона созанд
А)Инсоният ҳастии беқудрат (заиф) ва нотавон барои гурез аз гуноҳ бо қувваи худ аст ва наметавонад ҷомеаи комил созад;
В)Инсоният ҳастии қудратманд буда, метавонад бо кўшиши худ ҷомеаи боадолатона созад;
С)Инсоният қудрати аз гуноҳ гурехтанро дорад ва метавонад аз беадолатӣ низ фирор намояд;
D)Инсоният дорои қудрати гурез аз гуноҳ набошад ҳам тадриҷан метавонад ҷомеаи комил ва боадолат бунёд гузорад;
17.Асоси ғояи «маорифпарварон»-ро чи ташкил медиҳад?
А)Маорифпарварон замони инкишофи асримиёнагӣ ва асосҳои онро танқид намуда, ҷомеаи навро асоснок карданӣ мешуданд; 
В)Маорифпарварон замони инкишофи атиқаро танқид намуда, ҷомеаи навро асоснок карданӣ мешуданд;
С)Маорифпарварон давраи инкишофи замони навро танқид мекарданд;
D)Маорифпарварон низоми демократиро танқид менамуданд;
18.М.Вебер сиёсатро чӣ тавр таъриф додааст?
А)кўшиши иштирок намудан дар ҳокимият ё таъсир расонидан дар тақсимоти ҳокимият, хоҳ байни давлатҳо ва ё хоҳ дар дохили давлат байни гурўҳи одамон мебошад;
В)кўшиши иштирок дар идоракунӣ;
С)кўшиши иштирок дар раванди таъсиррасонӣ;
D)муборизаи байниҳамдигарии ҳизбҳои сиёсӣ барои давлат; 
19.Намояндагони мактаби маорифпарварии халқи тоҷик киҳо буданд
А)А. Дониш, Ш. Шоҳин, А. Сомӣ, С. Айнӣ;
В)Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ;
С)А. Ҷомӣ, Воизи Кошифӣ;
D)Форобӣ ва Н. Тусӣ;
20.Шакли муносибатҳои иҷтимоӣ мебошадки қобилияти таъсир расонидан ба характер, самти фаъолият ва рафтори одамон, синфҳо ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба воситаи механизмҳои иқтисодӣ, идеологӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин бо ёрии эътиборанъанаҳозўрӣ ва ғайраҳоро дорад.
А)Ҳокимият;
В)Сиёсат;
С)Давлат;
D)Анъанаҳо;
21.«Ҳокимият қобилияти воқеии амалӣ намудани иродаи худ дар ҳаёти иҷтимоӣ мебошадки аз рўи зарурат ба одамони дигар бор карда мешавад» - ин таърифи кадом мутафаккирон аст?
А)Ф. М. Бурлатский,  А.А. Галкин;
В)М. Вебер ва К. Маркс;
С)Дюркҳейм ва Милл;
D)Мишел Фуко;
22.Муайяннамоии сохтории (структурии) қудратро шарҳ диҳед.
А)ҳокимиятро ҳамчун шакли муҳими муносибатҳои миёни идоракунанда ва идорашавандагон инъикос менамояд;
В)ҳокимият ин навъи муҳими рафтори субъкетҳои сиёсат ба ҳисоб меравад;
С)ҳокимият чун воситаи сафарбарнамоии захираҳои ҷамъият барои ба даст овардани мақсадҳои аз тарафи кулли ҷомеа эътирофшуда баромад менамояд;
D)Ҳокимият чун механизми амалишавии институтсионалӣ алоқаманд бо ниҳодо баромад мекунад;
23.Муайяннамоии функсионалии қудратро шарҳ диҳед.
А)ҳокимият чун воситаи сафарбарнамоии захираҳои ҷамъият барои ба даст овардани мақсадҳои аз тарафи кулли ҷомеа эътирофшуда баромад менамояд;
В)ҳокимиятро ҳамчун шакли муҳими муносибатҳои миёни идоракунанда ва идорашавандагон инъикос менамояд;
С)ҳокимият ин навъи муҳими рафтори субъкетҳои сиёсат ба ҳисоб меравад;
D)ҳокимият чун механизми бунёди сиёсат ва зўригарӣ баромад мекунад;
24.Гуфтаи М. Веберро пурра намоед. Одамон ба ду тарз ба сиёсат рў меоранд «аз ҳисоби сиёсат ва ……...» 
А)ба хотири сиёсат; 
В)аз ҳисоби ҳукумат намудан;
С)ба хотири бой шудан;  
D)ба хотири ҳукумат;
25.Се навъи беҳтарини давлатро аз нигоҳи Арасту номбар намоед.
А)монархия, аристократия, полития;  
В)тирания, олигархия,  демократия;
С)монархия,  аристократия, плутократия;  
D)тирания, анархия, полития;
26.Навъҳои бадтарини давлат аз нигоҳи Арасту кадомҳоанд
А)тирания, олигархия,  демократия;
В)монархия,  аристократия, плутократия;  
С)монархия, аристократия, полития;  
D)тирания, анархия, полития;
27.Арасту шаҳрванд гуфта киро дар назар дорад?
А)Шахсе ки дар суд ва идоракунӣ иштирок менамояд;  
В)Шахсе ки соҳиби молу мулк аст;    
С)Шахсе ки  соҳиби мансаб аст;
D)Шахсе ки хукуки овоздиҳӣ дорад;
28.Асосгузори равияи маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ кист?
А)А.Дониш;
В)Ҳофизи Ш.;
С)М.Турсунзода;
D)А.Фирдавсӣ;
29.Кадоме аз ин гуфтаҳо суханони Маркс мебошад?
А)Дар ҷомеае, ки бардадорӣ, феодализм ва ё капитализм ҳоким аст ҳеҷгуна адолате наметавонад вуҷуд дошта бошад;
В)Адолати иҷтимоӣ дар ҳеҷ ҷомеае вуҷуд надорад;
С)Бо одамони баробар баробар муносибат намо;
D)Адолати иҷтимоӣ падидаи нисбӣ мебошад;
30.Кадом элементи системаи сиёсӣ аз маҷмўи тасаввуроти сиёсӣрўовариҳои арзишӣмеъёрҳо, анъанаҳо ва рамзҳои рафтори сиёсӣ таркиб ёфтааст.
А)шуури сиёсӣ; 
В)меъёрҳои сиёсӣ ва принсипҳо;
С)ниҳодҳои сиёсӣ;
D)муносибатҳои сиёсӣ ва маданият;
31.Афлотун ҷомеаро ба чӣ ташбеҳ медод?
А)Ба ҷисми инсон;
В)Табиат;
С)Ба олами ҷангал;
D)Ба олами фариштаҳо; 
32. Дар шароити имрўза дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудаанд?
А)7 ҳизб;
В)8 ҳизб;
С)9 ҳизб;
D)10 ҳизб;
33. Андешаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии А.Августин дар кадом асараш гирд омадааст?
А) «Дар бораи шаҳри Худо» ва «Оид ба иродаи озод»;
В)«Аналитикаи 2-юм» ва «Сиёсат»;
С)«Категорияҳо»;
D)«Капитал»;
34.Асосгузори фалсафаи Шарқӣ ва «Муаллими сонӣ» пас аз Арастуки буд?
А)Абунасри Форобӣ;
В)Суқрот;
С)Афлотун;
D)Гегел;
35.Сабаби ба шўриш бархостани одамонро Фирдавсӣ дар чӣ мебинад?
А)Норасогиҳои замона қашшоқию гуруснагӣ;
В)Зулму истибдоди берунӣ;
С)Амри шоҳони замона;
D)Нодонӣ ва ҷоҳилии мардум; 
36.Кадоме аз ин таълифотҳо аз ЖРуссо мебошад?
А)Муҳокимаҳо бар бораи пайдоиш ва асосҳои нобаробарии байни одамон;
В)Назарияи адолат; 
С)Роҳи бардагӣ;
D)Муроқибат ва танбеҳот;
37.Форобӣ ба ҳоким чанд сифатро хос медонист?
А)12;
В)10;
С)8;
D)6;
38.«Подшоҳ чу Офтоб астНашоядки ба яке тобаду бар яке натобад». Ин гуфта аз таълимоти кист? 
А)У. Кайковус;
В)Фирдавсӣ;
С)И. Сино;
D)Ф. Розӣ;
39.У. Кайковус дар таъмини нафарон ба вазифаҳои муҳимми давлатӣ кадом ҷиҳатро муҳим медонад
А)Шоистасолорӣ;
В)Хеши наздик будан;
С)Тобеъият доштан ба ҳокимон;
D.)Тамаллуқкор будан;
40.«Чора набошад подшоҳеро аз онки дар ҳафтае ду рўз ба мазоли биншинад ва дод аз бедодгарон биситонаду инсоф бидиҳадва сухани раият бишнавад бевосита»Ин гуфтаи кадом мутафаккир аст?
А)Низомулмулк;
В)Форобӣ;
С)И. Сино;
D)М. Ғазолӣ;
41.Вазифаи мудириятро дар ниҳодҳои давлатӣ кадоме аз гурўҳи зерин хубтар иҷро менамояд?
А)маъмурият ё бюрократия; 
В)элитаи сиёсӣ;
С)аҳолӣ;
D)муассисаҳои соҳаи маориф; 
42.Андешаи «Чи тавре, ки бошед, ҳамон тавр ба Шумо ҳукм ронанд» аз таълимоти кадом мутафаккир аст?
А)М. Ғазолӣ;
В)И. Сино;
С)Ф. Розӣ;
D)Н. Тўсӣ;
43.Ҳукмронии анъанавӣ гуфта чиро мефаҳмед?
А)ҳукмронӣ дар асоси урфу одатҳо;
В)ҳукмронӣ дар асоси арзишҳои либералӣ; 
С)ҳукмронии меросӣ; 
D)ҳукмронии монархӣ; 
44.Ҳукмронии харизматикӣ гуфта чиро мефаҳмед?
А)боварӣ ба сифатҳои шахсии сарвар;
В)ҳукумати легитимӣ; 
С)ҳукумат бо истифодаи зўрӣ; 
D)ҳама ҷавобҳо дурустанд;
45.Ҷанбаи мусбати ҳукмронии монархия ва аристократия ба андешаи мутафаккирони атиқа дар чӣ буд?
А)Хирад ва хайрият;
В)Таъмини аҳолӣ бо пул;
С)Озодӣ ва баробарӣ;
D)Баробарии инсонҳо;
46.«Бархе касон табиатан барда ва бархе озоданд. Барои дастаи аввал бардагӣ на танҳо фарохўри ҳолбалки одилона астки табиатан моли худаш нест ва аз они дигаре аст ва табиатан барда аст». Ин гуфтаҳои кадом мутафаккир аст?
А)Арасту;
В)Афлотун;
С)Ситсерон;
D)Суқрот;
47.Асосгузори таълимоти либералии адолат кист?
А)Т. Гоббс;
В)Ҷ. Локк;
С)Ш. Монтескё; 
D)Ж. Руссо;
48.Таълимоти Ситсерон оид ба адолати иҷтимоӣ нисбат ба пешгузаштагони юнонии худ чи фарқияти муҳимме дошт?
А)Космополитикӣ буд;
В)Маҳдуд ва танҳо ба шаҳрдавлатҳо бахшида шуда буд;
С)Танҳо фарогири ҷомеаи Рими қадим буд;
D)Таълимоти ў аз пешгузаштагони юнонияш ягон фарқияте надошт;
49.Хосияти асосии фарқкунандаи таълимоти сиёсии замони эҳё аз давраҳои пешин аз чи иборат буд
А)гузариш аз парадигмаи космосентрикӣ ба инсонмеҳварӣ;
В)гузариш аз таълимоти динӣ ба таълимотҳои атеистӣ;
С)гузариш аз парадигмаи инсонмеҳварӣ ба космосентрикӣ;
D)гузариш аз парадигмаи инсонмеҳварӣ ба давлатмеҳварӣ;
50.Вазифаи асосии ҷамъияти сиёсӣ ба андешаи Локк аз чи иборат аст?
А)Ҳимояи ҳуқуқҳои заминавии инсон ба моликият;
В)Ҳимояи амният ва тартибот дар ҷомеа;
С)Азнавтақсими манобеъи молӣ ва пулӣ;
D)Таъмини баробарии байни инсонҳо;
51.Асари Т. Компонелла кадоме аз инҳост?
А)Шаҳри офтоб;
В)Рўҳи қонунҳо;
С)Назарияи адолат;
D)Утопия;
52.Намояндагони сотсиализми аврупоии асри 16 ва 17 киҳо ҳастанд?
А)Т. Мор, Т.Компонелла;
В)К. Маркс ва Ф. Энгелс;
С)А. Грамши ва М. Фуко;
D)Т. Гоббс ва Ҷ. Локк;
53.Агар ҳокимияти сарвари кишвар ба мерос дода шавад ва аз ягон мақомоти давлатӣ ва ё аҳолӣ вобастагӣ надошта бошад пас чунин давлат дорои кадом дизайн (сохтор) аст? 
А)Монархӣ;
В)Ҷумҳурӣ;
С)Либералӣ;
D)Коммунистӣ;
54.Агар сарвари давлат ивазшаванда бошад ва ҳокимияти он аз мақомоти намояндагӣ ва ё аҳолӣ вобастагӣ дошта бошад пас чунин давлат дорои кадом дизайн (сохтормебошад
А)Ҷумҳурӣ; 
В)Федеративӣ;
С)Монархӣ;
D)Либералӣ;
55. Шакли таърихии умумияти этникии одамон кадомҳоянд?
А)қабила, халқ, миллат;
В)авлод, табақа, халқ;
С)синф, миллат, табақа;
D)гурўҳ, мардум, издиҳом;
56. С.Ҳантингтон дар кадом асараш оиди тамаддунҳо сухан мекунад?
А)Бархўрди тамаддунҳо;
В)Низоми сиёсӣ дар ҷомеаи ташаккулёбанда;
С)Мавҷи сеюми демократикунонӣ дар охири асри ХХ;
D)Мо ки ҳастем – даъвати ҳуввияти миллии амрикоӣ;
57.Кадом дизайнҳои ниҳодии идораи давлатӣ вуҷуд доранд
А)Монархия ва республика;
В)Либерализм ва консерватизм;
С)Коммунизм ва сотсиализм;
D)Секуляризм ва атеизм;
58.Кадом навъҳои монархия вуҷуд доранд?
А)Мутлақ ва конститутсионӣ;
В)Сиёсӣ ва фарҳангӣ;
С)Либералӣ ва консервативӣ;
D)Демократӣ ва авторитарӣ;
59. Кадоме аз ин навъҳои маданияти сиёсӣ бештар хоси ҷомеаҳои демократӣ мебошанд
А)Маданияти сиёсии фаъол;
В)Маданияти сиёсии маҳдуд;
С)Маданияти сиёсии патриархалӣ;
D)Маданияти сиёсии раиятӣ  (тобеъиятB);
60.Ҳокимияти легитимӣ гуфта чиро мефаҳмед?
А)Эътирофи машрўияти ҳокимият аз ҷониби мардум ва қабули он аз ҷониби мардум;
В)Аз рўи меъёрҳои қонунӣ ташаккул ёфтани ҳокимият новобаста аз эътирофи он аз ҷониби мардум;
С)Ҳокимияти хосияти анъанавӣ дошта;
D)Ҳукмронии як гурўҳ ва ё як нафар дар ҷомеа;
61.Ченаки рушди ҷамъиятӣ дар шароити имрўза чӣ дониста шудааст?
А)Инсон; 
В)Моликият; 
С)Иқтисод; 
D)Манобеи табиӣ;
62.Элементҳои асосии ҳокимият
А)субъект, объект, захираҳо;
В)қонунбарор, иҷроия, судӣ;
С)ҳокимияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
D)демократӣ ва ғайридемократӣ;
63.Субъектҳои асосии сиёсат кадоманд?
А)давлат, ҳизби сиёсӣ, гурўҳҳои иҷтимоӣ;
В)ҳокимияти легитимӣ;
С)ташкилотҳои сиёсӣ;
D)монархия ва республика;
64.Муассисаҳои асосии иҷтимоишавии сиёсӣ
А)оила, муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, омўзишгоҳҳо, техникумҳо, мактабҳои олӣ;
В)гурўҳҳои калони иҷтимоӣ;
С)иттифоқҳои касаба;
D)муносибатҳои сиёсӣ;
65.  Функсияҳои сарвари сиёсӣ
А)муттаҳидсозӣ, равонасозӣ, сафарбарсозӣ, идоранамоӣ;
В)дохилӣ, хориҷӣ;
С)кафилӣ, василасозӣ;
D)ҳамкорӣ бо давлатҳои дигар;
66. Мафҳуми бихевиоризм…
А)услубест, ки бо назорати рафтори индивидҳо, ходисаҳои сиёсиро таҳлил менамояд;
В)услубест, ки таркиб ва сохтори ҷомеаро меомўзад;
С)услубест, ки бо таҳлили сиёсӣ машғул аст;
D)яке аз услубҳои илми ҳуқуқ мебошад;
67.Тарҳи иҷтимоию кибернетикии системаи сиёсӣ аз ҷониби кадом муҳаққиқ пешниҳод шудааст?
А)Д. Истон; 
В)К. Маркс; 
С)Г. Алмонд; 
D)Г. Моска; 
68.Раванди аз тарафи инсон ё гурўҳ аз худ кардани меъёр ва арзишҳои сиёсӣ
А)иҷтимоишавии сиёсӣ;
В)адаптатсияи сиёсӣ;
С)интегратсияи сиёсӣ;
D)идеологияи сиёсӣ;
69.Кадоме аз ин мафҳумҳо нисбати дигар мафҳумҳои овардашуда васеътар мебошад: «ҳаёти сиёсӣ»«системаи сиёсии ҷомеа»«ташкилоти сиёсии ҷомеа», «системаи ҳокимияти сиёсӣ», «системаи ҷамъиятӣ»
А)«системаи ҷамъиятӣ»;
В)«ҳаёти сиёсӣ»;
С)«системаи сиёсии ҷомеа»;
D)«ташкилоти сиёсии ҷомеа»;
70.Он яке аз шаклҳои иттиҳодияҳои одамон будабарои муваффақ гаштан ба мақсадҳои сиёсии муайян бунёд шудааст ва ҳокимияти расмиро ҳамчун маркази идоракунӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҷассум менамояд
А)«ташкилоти сиёсии ҷомеа»;
В)«системаи ҷамъиятӣ»;
С)«системаи сиёсии ҷомеа»;
D)«ҳаёти сиёсӣ»;
71.Кадом муҳаққиқ бори аввал мафҳуми «системаи сиёсӣ»-ро тобиши илмӣ додааст?
А)Д. Истон; 
В)Г. Алмонд; 
С)Т. Парсонс; 
D)К. Дойч;
72.Сиёсати иҷтимоии давлат ин….
А)таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандон;
В)таъмини ниёзмандон бо нафақа;
С)таъмини озодӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва ғайраҳо;
D)таъмини кафолати иҷтимоӣ барои табақаи муайяни ҷомеа;
73. Функсияҳои  элитаи сиёсӣ.
А)стратегӣ, ташкилӣ, муттаҳидсозӣ;
В)ҳукмрон, мухолифин;
С)роҳҳои тағйироти падидаҳои сиёсӣ;
D)таъмини озодӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва ғайраҳо;
74.М. Вебер сарварии сиёсиро ба 3 навъ ҷудо намудааст
А)анъанавӣ, харизматикӣ, ратсионалӣ-қонунӣ;
В)анъанавӣ, ратсионалӣ, низомӣ;
С)либералӣ, консервативӣ, марксистӣ;
D)анъанавӣ, қонунӣ, ғайриқонунӣ;
75.Барои он ки система қобили ҳаёт бошад, бояд ба даъватҳо ва хатарҳою таъсиррасониҳо ҷавоб гардонад. (андешаи кист?) 
А)Д. Истон; 
В)К. Маркс; 
С)Г. Алмонд; 
D)Г. Моска; 
76.Муносибати методологии таркиботию функсионалиро дар таҳқиқи системаи сиёсӣ кадом муҳаққиқ пешниҳод намудааст? 
А)Г. Алмонд; 
В)Д. Истон;
С)Ч. Эндрейн;
D)Р. Михелс; 
77.Г. Алмонд муносибати худро дар мавриди системаи сиёсӣ бо мафҳуми «дивелопменталӣ» ошкоро мегардонад, ки чунин маънӣ дорад……..
А)мушоҳида намудани система дар тағйирот ва инкишоф;
В)мушоҳида намудани система дар карахтӣ ва ҳолати исто;
С)мушоҳида намудани система дар сукут ва пастравӣ; 
D)мушоҳида намудани система дар ҳолати вайронгардӣ; 
78.Кадом муҳаққиқ дар ташаккули системаи сиёсӣ мақоми маданияти сиёсиро афзал медонад? 
А)Ч. Эндрейн;
В)Д. Истон;
С)Р. Михелс;
D)Г. Моска;
79.«Ҳаёти сиёсӣ мубориза ва ивазшавӣ, «даврзании» элита мебошад» - ин андешаи кадом муҳаққиқ аст
А)В. Парето;
В)Р. Михелс;
С)М. Вебер;
D)Г. Моска;
80.Мафҳуми «элита»-ро дар илми сиёсӣ бори аввал ки истифода намудааст?
А)В. Парето;
В)Р. Михелс;
С)М. Вебер;
D)Г. Моска;
81.Ба андешаи В. Парето элита, асосан дар кадом соҳаҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад?
А)соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ақлонӣ;
В)соҳаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ;
С)соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ;
D)ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;
82.Кадоме аз ин асарҳо ба ВПарето тааллуқ дорад?
А)«Пешрафт ва фанои элита»;
В)«Роҳи бардагӣ»;
С)«Синфи ҳоким»;
D)«Иқтисод ва ҷомеа»;
83.Ба андешаи В. Парето кадом омил боиси шикасти элитаҳои ҳоким мегардад? 
А)аз музаффариятҳо қаноатманд мегардад ва бо ҳамин ҳушёриро аз даст дода, нерўи эҷодиро гум менамояд;
В)ба нерў такя намуда мардумро аз худ дур месозад;
С)элита пир мешавад ва одамони заруриро ба худ ворид сохта наметавонад;
D)ба хешутаборчигӣ такя намуда, аксари ҳол ба элита наздикони худро ворид месозад;
84.Г. Моска дар инкишофи элитаи сиёсӣ кадоме аз ин ду тамоюлҳоро дарҷ намудааст?
А)аристократӣ ва демократӣ;
В)интихобот ва инқилоб;
С)осоишта ва ҳарбӣ;
D)авторитарӣ ва мардумӣ;  
85.Ду системаи маъмули ташаккули элита, ки бештар диққатҷалбкунанда мебошанд кадомҳоянд
А)Системаи гилдий ва антрепренёрӣ;
В)Системаи авторитарӣ ва тоталитарӣ;
С)Системаи демократӣ ва ҳуқуқӣ;
D)Системаи осоишта ва ҳарбӣ;
86.Кадоме аз ин хосиятҳо ба системаи гилдий дар ташаккули элитаи сиёсӣ дахл дорад?  
А)махфияти ташаккули элита;
В)хосияти кушода дошта, имконияти зиёд барои намояндагони умумиятҳои иҷтимоӣ ҳангоми ташаккули элитаи сиёсӣ муҳайё мебошад;
С)монеаҳои институтсионалӣ ҳангоми ташаккули элита хеле каманд;
D)сатҳи рақбат хеле баланд мегардад;
87.Шаклҳои мавҷудаи моликият, ҳаҷми маҳсулоти миллӣ, захираҳои табиии ҷамиятии стратегидошта, захираи тилло, арзиши асъори миллӣ, сатҳи истифодаи пешрафти илмию техникӣ дар иқтисодиёт кадом асосҳои системаи сиёсӣ мебошанд 
А)Асосҳои иқтисодӣ; 
В)Асосҳои иҷтимоӣ;
С)Асосҳои маъмурӣ ва қудратӣ; 
D)Асосҳои фарҳангӣ; 
88.Дар муносибат бо рақибонкадом навъи сарварони сиёсӣ мавҷуданд?
А)муросокор ва мутаассиб;
В)авторитарӣ ва тоталитарӣ;
С)демократӣ ва прагматик;
D)озод ва тобеъ;
89.Навъҳои маъмули сарварӣ кадомҳоянд
А)сарварии авторитарӣ ва демократӣ;
В)сарварии тоталитарӣ ва шаҳрвандӣ;
С)сарварии анъанавӣ ва муосир;
D)сарварии муросокор ва мутаасиб
90.Вазифаэътибор, сатҳи маълумоттаъминоти иҷтимоӣ, сатҳи ҳифзи саломатии умумиятҳои иҷтимоӣ – кадом захираи системаи сиёсӣ аст?
А)Захираҳои иҷтимоӣ;
В)Захираҳои иқтисодӣ;
С)Захираҳои маъмурӣ ва қудратӣ;
D)Захираҳои фарҳангӣ; 
91.Муассисаҳои ҳокимиятӣ ва дастгоҳи ҳокимият – кадом асоси системаи сиёсӣ мебошад?
А)Асосҳои маъмурию қудратӣ;
В)Асосҳои фарҳангӣ;
С)Асосҳои иқтисодӣ; 
D)Асосҳои иҷтимоӣ;
92.Моҳияти этатизм……
А)марказонидани давлат ва таъсиррасонии фаъоли он ба ҳаёти ҷомеа, ҳатто ба ҳаёти шахсии одамон;
В)ғайримарказонидани давлат ва таъсири васеъ надоштани он ба ҳаёти ҷомеа; 
С)муътадил намудани муносибати давлат ва ҷомеа;
D)ғайримарказонидани давлат бо фаъол сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ;  
93.Моҳияти муносибати либералиро дар системаи сиёсӣ кадом ҷиҳат ташкил медиҳад
А)маҳдуднамоии ҳокимияти ҳукумат, ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, пеш аз ҳама шахсони мансабдор ва шахсони дигар;
В)марказонидани давлат ва таъсиррасонии фаъоли он ба ҳаёти ҷомеа, ҳатто ба ҳаёти шахсии одамон;
С)маҳдуд намудани ҳуқуқҳои инсон ва мустаҳкам намудани давлат; 
D)ташаккул бахшидани низоми сиёсии берақобат ва яккаҳукмронӣ;  
94.Дар Конститутсия, қонунҳобарнома ва ойинномаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳо ва одатҳои сиёсйки масъалаҳои ҳаёти сиёсиро танзим менамояндтаҷассум меёбанд.
А)Принсипҳо ва қоидаҳои умумии сиёсӣ;
В)Шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ; 
С)Ниҳодҳои сиёсӣ; 
D)Муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ; 
95.Меъёри самаранокии амали системаи сиёсии ҷомеа……
А)вазифаҳои хешро иҷро карда тавонад;
В)мардумро маҷбур намуда тавонад; 
С)ҳукумати гурўҳҳои алоҳидаро ҳимоят намояд;
D)тағйирпазириро дар ҳаёти сиёсӣ маҳдуд созад;
96.Тавсифи навъбандӣ вобаста ба муносибатҳои байниҳамдигарии системаи сиёсӣ ва муҳити беруна
А)маҳдуд ва кушода;
В)тоталитарӣ ва авторитарӣ; 
С)кўҳна ва нав; 
D)пурқудрат ва заиф; 
97.Кадоме аз ин навъҳои иҷтимоикунонии сиёсӣ дар ҷомеаҳои пўшида ва тоталитарӣ зиёд ба чашм мерасад?
А)навъи пешоҳангӣ;  
В)навъи мавзун; 
С)навъи плюралистӣ; 
D)навъи моҷарогароӣ; 
98.Мафҳуми «сотсиаликунонӣ»-ро ки аввалин шуда тобиши илмӣ додааст?
А)сотсиологи амрикоӣ Ф. Гиддингс;
В)сотсиологи немис М. Вебер;
С)муҳаққиқи франсуз М. Фуко;
D)сотсиолог О. Конт;
99.Томас Гоббс кадом тарҳи иҷтимоикунонии сиёсиро ҷонибдорӣ менамуд?
А)Итоатнамоӣ;
В)Манфиатҳо;
С)Плюралистӣ;
D)Демократӣ; 
100. Дар таълимоти Д. Истон баҳамтаъсиррасонии системаи сиёсӣ ва муҳит тавассути кадом принсип амалӣ карда мешавад?
А)«даромад ва баромад»;
В)«калон ва хурд»;
С)«фаъолӣ ва ғайрифаъолӣ»;
D)«самаранокӣ ва бесамарӣ»;
101.Кадоме аз ин воситаҳои иҷтимоикунонии сиёсӣ воситаҳои муқаррарӣ мебошанд
А)Оила ва муҳити иҷтимоӣ;
В)Ташкилотҳои сиёсӣ ва муассисаҳои таълимӣ; 
С)Иттиҳодияҳои сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ;
D)Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум; 
102.Марҳилаи аввалини иҷтимоикунонии сиёсӣ кадом аст
А)сиёсигардонии шахс;
В)шахсигардонии сиёсат;
С)идеаликунонии сиёсат;
D)институтсионаликунонии шахсият;
103.Нигилизми сиёсӣ чист?
А)Беэътиноӣ ба сиёсат ва равандҳои сиёсӣ ва бефоида донистани иштирок дар сиёсат;
В)Иштироки фаъолона дар сиёсат ва баҳрабардорӣ аз он;
С)Иштирок намудан дар сиёсат ба таври касбӣ ва тахассусӣ;
D)Иштироки фаъол дар сиёсат, аммо баҳра набурдан аз он;
104.Д. Истон ду навъи «даромад»-ро дар системаи сиёсӣ ҷудо мекунад: 
А)талаботҳо ва дастгирӣ;
В)ивазкунӣ ва танқидӣ;  
С)пешниҳод ва тағйир;
D)талабот ва таклифот; 
105.Консолидатсияи демократия гуфта чиро мефаҳмед?
А)Раванди мустаҳкамшавии демократия;
В)Раванди гузариш ба демократия;
С)Раванди рўй гардонидан аз демократия;
D)Раванди ислоҳи демократия;
106.Принсипи «тақсими ҳокимият» кадом шохаҳои ҳокимиятро фаро мегирад?
А)тақсими ҳокимият ба шохаҳои қонунбарор, иҷроия ва адолати судӣ;
В)ҳокимияти сиёсӣ ва судӣ;
С)ҳокимияти намояндагии бевосита;
D)ҳокимияти қонунгузор; 
107.Дар Тоҷикистон ки ҳуқуқ дорадки ҳокимиятро ғасб намояд
А)Ягон нафар ҳуқуқ надорад;  
В)Созмонҳои иҷтимоӣ; 
С)Ҳизбҳои сиёсӣ; 
D)Гурўҳи одамҳо ва фардиятҳо;  
108.Фаъолияти лоббистӣ
А)расонидани таъсир ба шахсони мансабдор бо мақсади қабули қарор  ба манфиати гурӯҳе;
В)сохтани симои ин ё он арбоби сиёсӣ;
С)иштирок дар интихобот, райпурсӣ;
D)ҷустуҷӯи роҳи ҳалли низоъҳоисиёсӣ;
109.Демократияи иштирок чи маъно дорад?
А)ин низоми ташкилии сиёсии ҷомеа аст, ки дар он шаҳрвандон бевосита, бемиёнаравии намояндагони интихобшаванда мушкилоти худро ҳал менамоянд;
В)Технологияҳои нави компютерӣ мебошад, ки дар натиҷаи инкишофииқтисодиёт пайдо шудааст;
С)Ин абзорҳои нави техникӣ мебошад, ки дар ҷараёни системаи пахшииттилоот истифода мешавад;
D)Демократияи маҳдуд дар ҷомеаи шаҳрвандӣ;
110.Актори асосии муносибатҳои байналхалқӣ кадом аст
А)Давлат;
В)созмонҳои байниҳукуматӣ;
С)созмонҳои ғайриҳукуматӣ;
D)созмонҳои ҳарбию сиёсӣ;
111.Сиёсатшиносии амалӣ аз назариявӣ чӣ фарқ дорад?
А)Фарқияти дар онҳо дар амал ва назария мебошад, яъне сиёсатшиносии назариявӣ ба тарзи назариявӣ дарҷи масъалаҳоро баён мегардонад ва сиёсатшиносии амалӣ  бошад дар амал ин назарияҳоро иҷро мекунад;
В)Фарқияте  надорад;
С)Фарқияти дар онҳо истифодаи натиҷаҳои пурсишҳои давраи гузашта мебошад;
D)Фарқияти дар онҳо махфияти коршиносон мебошад;
112.Кадоме аз инҳо вазифаи бевоситаи интихобот нест
А)муайян намудани самти пешрафти кишвар;
В)роҳи осоиштаи ҳалли масъала, масъала тавассути изҳори андешаи одамон анҷом меёбад;
С)воридоту содироти нерўҳои нави сиёсӣ ва одамони алоҳида ба элитаисиёсӣ;
D)ташаккули оппозитсияи сиёсии комил; 
113.Тағйироти назаррас дар системаи сиёсии Тоҷикистон дар кадом замон падид омад
А)Дар давраи бозсозӣ ва соҳибистиқлолӣ; 
В)Дар солҳои 70-уми асри гузашта; 
С)Пас аз ҷанги бузурги ватанӣ;  
D)Тағйироти назаррасе дар системаи сиёсии кишвар ба вуҷуд наомадааст;
114.Ҳамчун парадигмаи илмӣ «системаи сиёсӣ» дар кадом замон дар илми сиёсӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифт
А)Солҳои 60-70-уми асри ХХ;
В)Солҳои 40-50-уми асри ХХ;
С)Дар асри Х1Х;
D)Дар солҳои 90-уми асри ХХ;
115.Марксизм ба системаи сиёсӣ кадом навъи муносибатро ихтиёр намудааст?
А)Форматсионӣ; 
В)Иҷтимоию кибернетикӣ; 
С)Функсионалӣ; 
D)Таркиботӣ; 
116.«Асоси системаи сиёсиро афзалияти муносибатҳои муқовиматомези байни умумиятҳои бузургтарини ҷомеа – синфҳои ҷамъиятӣ ташкил менамояд» - андешаи……
А)Марксизм; 
В)Д. Истон; 
С)Т. Парсонс; 
D)М. Вебер; 
117Н.Макиавеллӣ сиёсатро чӣ тавр тавсиф намудааст?
А)ҳамчун ҳукмронӣ, фаъолият барои мустаҳакам намудани давлат ва пахш кардани муқобилони субъекти ҳукмронинамоӣ;
В)фаъолият барои мустаҳакам намудани давлат ва беътибор намудани субъектҳои ҳукмронӣ;
С)ҳамчун ҳукмронӣ барои мустаҳакам намудани давлат ва идораи корҳои давлатӣ;
D)шакли фаъолият барои мустаҳакам намудани идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ;
118.Барои он ки системаи сиёсӣ қобили ҳастӣ бошад, зарур аст ба хатарҳою таъсиррасониҳои муҳит ҷавоб диҳад (андешаи кист?) 
А)Д. Истон; 
В)К. Маркс; 
С)Г. Алмонд; 
D)Г. Моска; 
119Муносибати таркиботию функсионалиро дар баррасии системаи сиёсӣ ---------------------- пешниҳод кардааст? 
А)Г. Алмонд; 
В)Д. Истон; 
С)Ч. Эндрейн;
D)Р. Михелс; 
120.Муҳаққиқ Карл Дойч дар фаҳми системаи сиёсӣ кадом тарҳро ироа намудааст?
А)Иттилоотӣ-коммуникативӣ; 
В)Форматсионӣ; 
С)Таркиботию функсионалӣ; 
D)Културологӣ; 
121Т. Парсонс чанд вазифаи системаи сиёсиро ҷудо намудааст?
А)Чор вазифа; 
В)Ду вазифа; 
С)Се вазифа; 
D)Панҷ вазифа; 
122.Оё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сензураи давлатӣ иҷозат дода шудааст
А)дар Тоҷикистон сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст;
В)сензураи давлатӣ мувофиқи қонунҳои матбуот иҷозат дода шудааст;
С)дар ҳолати зарурӣ сензураи давлатӣ иҷозат дода шудааст;
D)дар Конститутсияи Тоҷикистон ба сензураи давлатӣ иҷозат дода шудааст;
123.Кадоме аз инҳо метавонанд аъзои якумрии Маҷлиси миллӣ дар Тоҷикистон бошанд
А)Президенти собиқи кишвар;
В)Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
С)Судяҳо;
D)Аъзои  ҳукумат;
124.Шӯрои адлияро дар Тоҷикистон ки таъсис медиҳад
А)Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
В)Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С)Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ;
D)Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
125.Таркиби асосии сиёсатро баён намоед.
А)шакл, мазмун ва раванди сиёсӣ;
В)муносибатҳои сиёсӣ, раванди сиёсӣ ва субъектҳои сиёсат;
С)муносибатҳои сиёсӣ, объект ва субъектҳои сиёсат;
D)раванди сиёсӣ, объект ва субъектҳои сиёсат;
126Ҷ. Коулмен системаи сиёсиро ба кадом навъҳо ҷудо намудааст?
А)рақобатӣ, нимрақобатӣ ва авторитарӣ;
В)сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ;
С)англо-амрикоӣ, континенталию аврупоӣ, тоталитарӣ ва тоиндустралӣ;
D)тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ;
127.Фардият ҳамчун субъекти асосии сиёсат дар ҳодисаҳои сиёсӣ дар кадом ҷомеа мавқеи хешро шахсан худаш муаян мекунад?
А)Ҷомеаи кушод;
В)Ҷомеаи тоталитарӣ;
С)Ҷомеаи ғайридемократӣ;
D)Ҷомеаи авторитарӣ;
128Идеология кадом гурўҳ чун идеологияи давлатӣ дар Тоҷикистон эътироф мешавад
А)Идеологияи ягон гурўҳ чун идеологияи давлатӣ эътироф намегардад;
В)Идеологияи ҳизбҳо; 
С)Идеологияи ҳизбҳои либералӣ; 
D)Идеологияи гурўҳи ҳукмрон; 
129Парлумони дупалатагӣ дар Тоҷикистон натиҷаи ………… мебошад
А)Музокироти сулҳи тоҷикон;
В)Пешниҳоди ИМА; 
С)Фармони Президенти Тоҷикистон; 
D)Пешниҳоди Федератсияи Россия;  
130.Хосияти системаи сиёсии Тоҷикистон 
А)Демократӣ; 
В)Либералӣ; 
С)Тоталитарӣ; 
D)Консервативӣ; 
131Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  
А)27-уми июни соли 1997; 
В)16-уми ноябри соли 1992;
С)9-уми сентябри соли 1991;
D)22-уми июни соли 1989;
132Барои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон чанд ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ ташкил карда мешавад?
А)41 ҳавзаи ҳудудии якмандатӣ;
В)63 ҳавзаи ҳудудии умумиҷумҳуриявӣ;
С)1 ҳавзаи якмандатии умумиҷумҳуриявӣ;
D)41 ҳавзаи ҳудудии бисёрмандатӣ; 
133. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом системаи интихоботӣ истифода менамоянд?
А)Омехтаи мажоритарию мутаносиб;
В)Аксарияти мутлақ;
С)Мутаносиб;
D)Мажоритар;
134.Дар шароити имрўза Тоҷикистон кадом навъи сиёсати хориҷиро пеш гирифтааст?
А)Дарҳои боз; 
В)Инзивоъ;
С)Нейтралитет;
D)Дарҳои баста;
135.Кадоме аз ин ташаббусҳои байналхалқии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд
А.Ҳамаи ташаббусҳои зикршуда;
В)Аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон;
С)Ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика;
D)Мубориза алайҳи тероризм, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир;
136.Ниҳоди асосии таҳиякунанда ва татбиқкунандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон кадом аст?
А)Вазорати корҳои хориҷӣ;
В)Сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои дигар;
С)Консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар дигар кишварҳо;
D)Ҳамаи ниҳодҳои зикршуда;
137.Кадоме аз ин навиштаҳои зер дуруст аст?
А)Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад;
В)Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси хостаҳо ва манфиатҳояш муайян мекунад;
С)Тоҷикистон дар асоси водоркунии иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ метавонад ба онҳо дохил шавад ва аз онҳо барояд;
D)Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва блокҳои ҳарбӣ дохил шавад;
138.Кадом ҳуҷҷати давлатӣ принсипҳои асосӣҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд?
А)Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
В)Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С)Низомномаи Вазорати корҳои хориҷӣ;
D)Ҳамаи ҷавобҳо дуруст мебошанд;
139.Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадоме аз ин хусусиятҳоро дорад?
А)ҳамаи хусусиятҳои зикршударо дорост;
В)дарҳои кушода;
С)сулҳхоҳона ва беғараз;
D)Бисёрсамта;
140.Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавиятҳои сиёсати хориҷии худро чигуна муайян ва амалӣ мекунад
А)бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ;
В)бо баҳисобгирии манфиати кишварҳои дўст;
С)бо дарназардошти салоҳиятҳои вазорати корҳои хориҷӣ; 
D)мувофиқ бо хостаҳои вазири корҳои хориҷии кишвар; 
141.Шарикони анъанавии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ кадом кишварҳо маҳсуб мешаванд
А)Кишварҳои узви ИДМ;
В)Кишварҳои арабии Халиҷи Форс;
С)Кишварҳои Аврупоӣ;
D)Хитой ва ИМА;
142.Шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон дар асоси кадом қонун баста мешаванд?
А)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
В)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон»;
С)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон»;
D)Дар асоси консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
143.Зарурати зуҳури созмонҳои байналхалқӣ дар чист?
А)мавҷудияти мушкилиҳои мухталифи сатҳи байналхалқӣ;
В)зарурат ба актори нави муносибатҳои байналхалқӣ;
С)зарурат барои бурдани сиёсати кишварҳо;
D)пешбурди иқтисоди кишварҳои ҷаҳон;
144.Фарқияти идораи ҷаҳонӣ аз идораи як кишвар дар чист?
А)сохтори иерархӣ надорад;
В)сохтори пешрафта дорад;
С)ниҳодҳои зиёд дорад;
D)сохтори иерархӣ дорад;
145.Созмонҳои байналхалқиро асосан ба кадом навъҳо ҷудо менамоянд?
А)байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ;
В)иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
С)дохилӣ ва хориҷӣ;
D)ҳарбӣ ва сиёсӣ;
146.Кадоме аз ин созмонҳо барои расидан ба як мақсади муайян дар соҳае таъсис ёфтааст
А)Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC);
В)Созмони ҳамкории Шанхай;
С)Созмони Милали Муттаҳид;
D)Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо;
147.Андешаи тавозуни қувва ва боздорандагӣ ба кадоме аз ин мактабҳои фикрӣ таалуқ дорад
А)Реализм; 
В)Либерализм;
С)Марксизм;
D)Неолиберализм;
148.Дар таъсиси созмонҳои байналхалқӣ ба кадом принсип таваҷҷўҳи хосса карда мешавад
А)ягонагии ҳудудӣ ва истиқлолияти сиёсии давлатҳо;
В)дахлпазирии ҳудудӣ ва умури дохилии кишварҳо;
С)ҳатмӣ будани иҷрои шарномаҳо ва меъёрҳои созмон;
D)авлавияти меъёрҳои созмон нисбат ба меъёрҳои дохилии кишварҳо;
149.Меъёри самаранокии фаъолияти созмонҳои минтақавӣ кадом аст
А)ба даст омадани ҳадафҳо ва ҳалли мушкилиҳои мавҷуда;
В)тўлонӣ будани фаъолияти созмони минтақавӣ;
С)мураккабияти маъмурӣ ва созмонии созмони минтақавӣ;
D)аъзогии кишварҳои зиёд ва пешрафта дар он;
150.Имрӯзҳо аксарияти давлатҳои ҷаҳони муосир аз рӯи кадом модел сиёсати хориҷии худро ба роҳ мондаанд?
А)аз рӯи модели демократӣ ва қонунҳои умумибашарӣ;
В)аз рӯи модели сотсиалистӣ ва қонунҳои умумибашарӣ;
С)аз рӯи моделҳои либералӣ ва қонунҳои умумибашарӣ;
D)аз рӯи модели гуногун ва қонунҳои умумибашарӣ;
151.Мақсади асосии СММ ин ..
А)таъмин намудани сулҳи байналхалқи ва ҳамкори байни давлатҳо;
В)мубориза бар зидди яроқи атомӣ;
С)мубориза барои терроризм ва экстремизм;
D)рушд додани соҳаи иқтисодиёти давлатҳои аъзо;
152.Дезинтегратсия чи маъно дорад?
А)Парокандашавӣ;
В)Ҳамроҳшавӣ;
С)Пайвастшавӣ;
D)Тарккунӣ;
153.Ҷаҳонишавӣ аз интегратсия бо чи фарқ мекунад?
А)ҷаҳонишавӣ новобаста аз хоҳиши давлатҳо ба вуҷуд меояд;
В)бо якчанд хусусиятҳо;
С)бо шакли таъсиррасонӣ;
D)бо функсияҳо;
154.Эъломияи умумии ҳуқуқи башар соли чанд қабул шудааст?
А)1948;
В)1945;
С)1999;
D)1987;
155Ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон
А)амнияти озуқаворӣ, роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонӣ;
В)амнияти миллӣ, амнияти озуқаворӣ;
С)роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ;
D)рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ;
156.Мавҷи дуюми демократикунонӣ кай шурўъ шудааст?
А)Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ;
В)Дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ;
С)Дар давраи Ҷанги сард;
D)Дар солҳои 70-ум асри гузашта;
157.«Ҳар инсон ҳақ дорад дар идораи кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагонеки озодона интихоб шудаандширкат кунадИдораи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад» аз кадом меъёри ҳуқуқӣ гирифта шудааст
А)Эъломияи умумии ҳуқуқи башар; 
В)Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С)Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ;
D)Оинномаи СММ;
158.Дар миёни ин принсипҳо кадоме принсипи ҳуқуқи интихоботӣ намебошад?
А)Алтернативӣ; 
В)Умумият;
С)Баробарӣ;
D)Махфӣ будани овозҳо;
159.Дар интихоботҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тафовути шумораи интихобкунандагон дар ҳавзаҳо ба чанд фоиз мерасад?
А)ба 15 фоиз мерасад;
В)аз 2% зиёд нест;
С)аз 17 то 40 ҳазор мерасад;
D)то 20 фоиз иҷозат дода шудааст;
160.Чаро пешбинии сиёсӣ ба низомҳои сиёсӣ лозим аст?
А)Барои дуруст ба роҳ мондани мудирияти ҷомеа ва равандҳои сиёсӣ;
В)Барои дуруст дарки равандҳои сиёсӣ;
С)Барои ошкор намудани воқеияти сиёсии оянда;
D)Барои низомҳои сиёсӣ пешбинии сиёсӣ чандон лозим нест;
161. Таркиби сиёсатшиносии махсусро нишон диҳед.
А)сиёсатшиносии амалӣ, сиёсатшиносии муқоисавӣ, геополитика, моҷарошиносӣ, таърихи таълимоти сиёсӣ;
В)сиёсатшиносии амалӣ, таълимоти байналхалқӣ, сиёсатшиносии муқоисавӣ, геополитика, моҷарошиносӣ, таърихи таълимоти сиёсӣ;
С)амнияти миллӣ, сиёсатшиносии амалӣ, сиёсатшиносии муқоисавӣ, геополитика, моҷарошиносӣ, таърихи таълимоти сиёсӣ;
D)сиёсатшиносии амалӣ, фалсафаи сиёсӣ, иқтисоди сиёсӣ, сиёсатшиносии муқоисавӣ, геополитика, моҷарошиносӣ, таърихи таълимоти сиёсӣ;
162.Таркиби сиёсатшиносии омехтаро тавсиф намоед.
А)фалсафаи сиёсӣ, таърихи сиёсӣ, психологияи сиёсӣ, антропологияи сиёсӣ, таърихи афкори сиёсӣ, модернизатсияи сиёсӣ, глобалистикаи сиёсӣ;
В)фалсафаи сиёсӣ, сиёсатшиносии амалӣ, таърихи сиёсӣ, геополитика, психологияи сиёсӣ, антропологияи сиёсӣ, таърихи афкори сиёсӣ, модернизатсияи сиёсӣ, глобалистикаи сиёсӣ;
С)сиёсатшиносии муқоисавӣ,  таърихи сиёсӣ, психологияи сиёсӣ, антропологияи сиёсӣ, таърихи афкори сиёсӣ, модернизатсияи сиёсӣ, глобалистикаи сиёсӣ;
D)фалсафаи сиёсӣ, таърихи сиёсӣ, моҷарошиносӣ, антропологияи сиёсӣ, таърихи афкори сиёсӣ, модернизатсияи сиёсӣ, глобалистикаи сиёсӣ; 
163.Тадқиқоти сиёсиро шарҳ диҳед?
А)ин мамўи равишҳои хусусияти ташкили-техникии услубҳои таҳлили сиёсӣ, ки мақсади гирифтани маълумотҳои илмӣ тасдиқшудаи ҳодисаҳо, равандҳо ва падидаҳои сиёсӣ мебошад;
В)донистани манфиати гурўҳи муайян;
С)ин назарияи тасдиқнашуда мебошад;
D)ин ташкилоти  озоди одамон мебошад;
164.Аввалин донишҳои сиёсӣ дар бораи xомеа дар кадом давлатҳои қадим пайдо шуданд?
А)дар давлатҳои Шарқи Қадим;
В)дар давлатҳои Америка;
С)дар давлатҳои Африка;
D)дар давлатҳои Аврупо;
165.Нақши асосии созмони байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир
А)рушд ва инкишоф додан, муттаҳид ва ҳал намудани муаммоҳои давлатҳои аъзо;
В)танҳо муттаҳид намудани давлатҳое, ки ба ин ё он ташкилот аъзоанд;
С)инкишоф додани давлатҳои аъзо аз ҷиҳати сиёсӣ ин ё он минтақа;
D)мубориза бурдан бар зидди дигар созмонҳои байналхалқӣ;
166.Самти инкишофи сиёсати хориҷиро чӣ муайян менамояд?
А)сиёсати дохилӣ;
В)сиёсати анъанавӣ;
С)сиёсати классикӣ;
D)муносибати радикалӣ;
167.Кадоме аз шаклҳои номбаршуда шакли муносибатҳои расмии байни давлатҳо ба шумор меравад? 
А)Дипломатия;
В)Эълон намудани ҷанг;
С)Баста шудани сулҳ;
D)Сепаратизм;
168.Инфрасохтори интихоботӣ гуфта чиро мефаҳмед?
А)Шароити ташкилию ҳуқуқӣ;
В)Тими интихоботии номзад;
С)Интихобкунандагон;
D)Худи номзад дар алоҳидагӣ;
169.Технологияҳои интихоботӣ чист?
А)ин маҷмуи усулҳои таъсиррасони ба рафтори интихоботии мардум ва барои овоздиҳӣ ба номзад  ё иттиҳоди муайяни ҷамъияти сиёсӣ водор намудани онҳо мебошад;
В)ин мақсаднок истифода  бурдани механизмҳои иҷтимоиӣ психологӣ мебошад;
С)маҷмўи чорабиниҳое мебошад, ки дар тўли тамоми маъракаҳои интихоботӣ бояд амалӣ гардад;
D)ҳамаи ҷавобҳо дурустанд;
170.Кадом мутафаккир ба хотири пурқувват гардонидани давлат талабот ва принсипҳои ахлоқиро ба эътибор намегирад?
А)Н. Макиавелли;
В)Монтескё;
С)Дени Дидро;
D)Ҷон Локк;
171.Қарори сиёсӣ чист?
А)Қарори сиёсӣ восита ва методи танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятист;
В)Қарори сиёсӣ восита ва методи фаъолияти депутатҳост;
С)Қарори сиёсӣ танҳо воситаи асосии конеъ гардонидани талаботу ҳимояи манфиатҳост;
D)Қарори сиёсӣ восита ва методи танзимнамоии муносибатҳои иқтисодист; 
172.Методи таҳлили муқоисавӣ кадом ҷиҳатҳои масъалаҳоро фаро мегирад?
А)хусусиятҳои ягона ва махсуси ин ё он падидаи сиёсиро ошкор месозад; 
В)паҳлўҳои таърихӣ ва анъанавӣ масъаларо; 
С)ба таври систематикӣ таҳлил мекунад; 
D)пеш аз ҳама ба миқдори ҳодисаҳои муқоисашаванда таваҷҷўҳ мекунад; 
173.Тасдиқ ва бекор намудани шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби кадом ниҳоди Тоҷикистон сурат мегирад
А)Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
В)Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С)Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
D)Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
174.Вазифа ва мақсади ҳизб аз чӣ иборат аст?
А)дар муборизаи сиёсӣ иштирок намудан ва ба даст даровардани ҳокимият;
В)дар муборизаҳои сиёсӣ иштирок кардан;
С)ба сатҳи маданияти сиёсии ҷомеа таъсир расонидан;
D)ба афкори ҷомеа нақш гузоштан;
175.Дар Тоҷикистон ------------------------- сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад
А)Президент;
В)Маҷлиси миллӣ;
С)Маҷлиси намояндагон;
D)Вазири корҳои хориҷӣ;
176.Маънои системаи интихоботии «мажоритарӣ» чист?
А)аксарият;
В)камтари овозҳо;
С)ҳамаи овозҳо;
D)нисфи овоз;
177. Дар муносибати миёни глобализатсия ва давлатҳои миллӣ бештар кадом андеша роиҷ шудааст?
А)Глобализатсия давлатҳои миллиро аз байн мебарад;
В)Глобализатсия давлатҳои миллиро таҳким мебахшад;
С)Глобализатсия боиси рушди давлатҳои нави миллӣ мегардад;
D)Глобализатсия ба давлатҳои миллӣ ҳеҷ таъсире намегузорад;
178.Шакли асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст
А)маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
В)ҷаласаи сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С)маҷлисҳои вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ;
D)ҳамкорӣ бо вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ;
179.Кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ ташкил мекунад?
А)Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
В)Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
С)Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ;
D)Роҳбари дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
180.Назарияи «Бархӯрди тамаддунҳо»-ро кӣ пешниҳод кардааст?
А)С. Ҳантингтон;
В)А.Тойнби;
С)С. Ҳотамӣ;
D)З. Бжезинский;
181. Хатари ҷиддӣ ба мустаҳкамшавии демократия аз нуқтаи назари Ҳантингтон кадом аст?
А)ҷамъшавии ҳокимият дар дасти раҳбарони интихобшудаи сохторҳои иҷроияи давлатӣ;
В)ҳизбҳои коммунистӣ ва ғайридемократӣ;
С)риоя нашудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон;
D)мавҷудияти сатҳи баланди коррупсия;
182.Заминаи иҷтимоии ташаккули ҳизбҳои сиёсии муосир аз ҳизбҳои сиёсии гузашта аз чи фарқ дорад?
А)Заминаи иҷтимоии ҳизбҳои муосир васеъ буда, онҳо бештар шаҳрвандонро чун мухотабон қарор медиҳанд;
В)Заминаи ҳизбҳои имрўза нисбатан маҳдуд аст ва онҳо танҳо ба гурўҳи муайяни иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд;
С)Ягон фарқияте дар заминаи иҷтимоии ҳизбҳо ба вуҷуд наомадааст;
D)Ҳизбҳои сиёсии муосир аксаран ҷавононро мухотаби худ қарор додаанд;
183.Тарҳи «демократияи полиархӣ» аз ҷониби ки пешниҳод шудааст?
А)Р. Дал;
В)Ҷ. Локк;
С)Г. Спенсер;
D)Г. Алмонд;
184.Банақшагирӣ чист?
А)Банақшагирӣ     ин муайяннамоӣ самти рушди  ягон навъи низоме ва ҳамчунин таъсиси маҷмўи чораҳое барои таъмини ҳаракат дар самти пешгузошта мебошад;
В)Банақшагирӣ ин қабули қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад;
С)Банақшагирӣ ин мақсадгузорӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ин самт аст;
D)Банақшагирӣ ин амал намудан аз рўи меъёрҳо ва барномаҳои қабулшуда мебошад;
185.Бори аввал маданияти сиёсиро кадом олимон мавриди тадқиқи муқоисавӣ қарор доданд?
А)Г. Алмонд ва С. Верба;
В)С. Верба ва М. Вебер; 
С)М. Вебер ва Г. Алмонд; 
D)Г. Алмонд ва С. Хантингтон; 
186.Кадоме аз ин олимон тамаддунро нисбати мансубияти одамон ба дин муайян кардааст?
А)С. Ҳантингтон; 
В)А. Тойнби; 
С)О. Шленглер; 
D)М. Вебер; 
187.Қонунҳои шоҳ Ҳамураппи дар кадом давлати Шарқи Қадим интишор шуда буд?
А)дар Бобулистон;
В)дар Хитои Қадим;
С)дар Мисри Қадим;
D)дар Ҳиндустони Қадим; 
188.Моҳияти «реидеологизатсия»-ро муайян намоед.
А)зарурати эҳёи идеология дар инкишофи ҷомеа лозим аст;
В)зарурати фанои идеология дар ҷомеа;
С)зарурати эҳёи ҷомеа лозим аст;
D)зарурати эҳёи анъанаҳо дар инкишофи ҷомеа лозим аст;
189.Маънои калимаи «метод» чист?
А)таҷриба, таҳқиқот, восита, шева;
В)таълимот;
С)ташкил намудан;
D)анализи сиёсӣ;
190.Кадоме аз ин омилҳо боиси таназзули ягонагии миллӣ мегарданд?
A)манфиатҳои гуруҳӣ;
B)бюрократияи давлатӣ;
C)озодии виҷдон;
D)озодии сухан;
191.Равандҳои сиёсии солҳои 90-ум ба ояндаи Тоҷикистон чӣ нақш гузоштанд?
A)Вазъияти ногуворро ба миён оварданд;
B)Ҳеҷ нақше нагузоштанд;
C)Барои оянади Тоҷикистон заминаи боэътимод гузоштанд;
D)Раванди сиёсӣ ба истиқлолияти Тоҷикистон алоқаманд нест;
192.Фаъолияти сиёсӣ чист
A)Маҷмўи амалҳои муташакили субъектҳои сиёсӣ, ки ба амалӣ намудани вазифаҳои умумии низоми сиёсӣ равона карда шудааст;
B)Амалии мақсадноки инсон барои амалӣ намудани мақсад ва талаботҳои фардӣ;
C)Ҷалби одамон дар иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, ки дорои мақсади муайян аст;
D)Фаъолияти сиёсӣ вуҷуд надорад;
193.Ҳаракате, ки бар зидди инқилоб баромад менамоядчӣ меноманд?
A)Аксулинқилоб;
B)Табаддулот;
C)Ислоҳотпазирӣ;
D)Иштирок накардани мардум дар инқилоб;
194.Маданияти сиёсӣ дар раванди ҳалли моҷаро чӣ нақш дорад
A)Дар заминаи маданияти сиёсӣ имконияти бо ҳам омадани тарафҳои моҷарогар ба миён меояд;
B)Маданияти сиёсӣ дар раванди ҳалли моҷаро нақшеро иҷро намекунад;
C)Дар раванди сиёсӣ маданияти сиёсӣ ҳеҷ нақше намебозад;
D)Маданияти сиёсӣ бо моҷаро ва ҳалли он алоқаманд нест;
195.Омилҳои ҳалли моҷарои сиёсӣ кадомҳоянд?  
A)Гузашт намудан, худдорӣ; фарҳанги сиёсӣ, ахлоқ;
B)Ба ҳалли моҷаро ягон омил таъсир намерасонад;
C)Гузашт намудан нақши муҳим дорад;
D)Ҳалли моҷаро якуякбора ба миён меояд;
196.Дар кадом ҳолат зарурат ба миёнарав пайдо мешавад?  
A)Агар моҷаро тулонӣ бошад ва хусусияти динӣ, фарҳангӣ, миллӣ дошта бошад;
B)Дар ҳалли моҷаро миёнарав зарурат надорад;
C)Агар миёнарав аз моҷаро манфиатдор боошад;
D)Агар моҷаро пайдо шавад;
197.Дар моҷарои Тоҷикистон ба сифати миёнарав кадом институт баромад намудааст?  
A)Созмони Милали Муттаҳид;
B)Эрон, Федератсияи Руссия;
C)Федератсияи Руссия, Эрон, Қазоқистон;
D)Федератсияи Руссия, Узбекистон, Қирғизистон;
198.Кафолати иҷроиши пурра ва саривақтии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ аз чӣ иборат буд?  
A)Комиссияи оштии миллӣ;
B)Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оппозитсия;
C)Созмони Милали Муттаҳид;
D)Давлатҳои назоратчӣ;
199.Дар кадом ҳолат ислоҳот гузаронида мешавад?  
A)Ислоҳот дар заминаи талаботи ҷомеа гузаронида мешавад;
B)Ислоҳот ҳама вақт гузаронида мешавад;
C)Гузаронидани ислоҳот яку якбора ба миён меояд;
D)Гузаронидани ислоҳот аз вақт ва макон вобаста нест;
200.Ваҳдати миллӣ чист ва чӣ тавр тасвир мегардад
A)ваҳдати миллӣ – омили ба ҳам омадан, аз гуноҳи тарафайни баъдинизоӣ гузаштан ва сулҳу суботро шиори зиндагӣ қарор додан аст;
B)ваҳдати миллӣ омили рушди ҷомеа аст;
C)ваҳдати миллӣ алоқаҳои байнимиллӣ аст;
D)ваҳдати миллӣ рушди миллию этикӣ аст;
201.Низои гурўҳи миллӣ ва ё низоъи этникӣ чист?
A)низоъи байни гурўҳҳои этникиро низъои гурўҳи миллӣ гўянд; 
B)низоъи байни гурўҳҳои миллиро низоъи этникӣ гўянд;
C)низоъи сиёсӣ гурўҳи низоъи этникӣ нест;
D)низоъи гурўҳи миллиро муносибати нодурўст мемонанд;
202.Низоми сиёсии нави олами муосир чӣ гуна астмуайян кунед?
A)низоми бисёрқутба;
B)низоми гуногунқудба;
C)низоми сарбасарӣ;
D)низоми номуайян;
203.Инқилобҳои Ранга дар кадоме аз ин давлатҳо ба вуҷуд омадаанд?
A)Гурҷистон, Украина, Қирғистон;
B)Русия, Украина, Белорусия;
C)Беларусия, Гурҷистон, Арманистон;
D)Украина, Қазоқистон, Қирғизистон;
204.Дар зери  мафҳуми “амнияти миллӣ чиро мефаҳмед?
A)ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои берунию дохилӣ;
B)системаи мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро;
C)вазифаҳои муҳими сиёсию низомӣ ва сиёсию иҷтимоии давлатро;
D)ҷараёни қабули карори сиёсиро;
205.Сепаратизм чист?
A)Ҷудоихоҳӣ;
B)Мазҳаббадбинӣ;
C)Дингароӣ;
D)Маданияти сиёсӣ;
206.Расизм чигуна ҷараён ва шакли тафаккур аст?
A)Нажодпарастӣ;
B)Миллатгароӣ;
C)Миллатбадбинӣ;
D)Ҷудоихоҳӣ;
207.Дар кадом ҷомеа эҳтимоли ба вуҷуд омадани низои мазҳабӣ ҷой дорад
A)Ҷомеаи гуногунмазҳаб;
B)Ҷомеаи яккамазҳаб;
C)Ҷомеаи бемазҳаб;
D)Ҷомеаи динӣ;
208.Ҳокимияти «издиҳом»-ро чӣ меноманд?
A)охлократия;
B)демократия;
C)анархия;
D)теократия;
                                                                         

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив