Технологияи тайёр кардани ороиши қуроқдӯзии миллӣ


Технологияи тайёр кардани ороиши қуроқдӯзии миллӣТехнологияи тайёр кардани ороиши қуроқдӯзии миллӣ таърихи қадима дорад, ки дар ҳазорсолаи пеш аз милод тараққӣ кардааст. Қӯроқдӯзӣ яке аз ҳунарҳои дӯстдоштаи миллии тоҷикон мебошад, ки намуд ва дӯхти ӯ гуногун буда, рамзи баҳору олами наврӯзи аҷамро ташбеҳ медиҳад.
Аз замоне, ки ба хонаи халқи тоҷик ворид мешавем, бо анъанаҳои миллии тоҷикӣ, намудҳои гуногуни касбу ҳунарҳои мардумӣ ошно мешавем ва ангушти ҳайрат мегазем, ки чӣ хел аз пораҳои маснуоте, ки ба оташу қуттиҳои партов партофта, сӯзонда мешаванд, чунин маснуотҳои зебою дилангези миллии мардуми тоҷик дӯхта мешаванд.
Ҳунарҳои тоҷикон ҳама вақт бо маснуотҳои қуроқӣ, ки аз матоъпораҳо тайёр карда мешавад, оро дода мешуданд. Асоси қуроқ аз матоъпораҳои хурд, ки шакли секунҷа, чоркунҷа, росткунҷа, ромб, панҷкунҷа ва дигар фигураҳои ҳандасавӣ доранд, иборат мебошанд.
Санъати қуроқдӯзӣ дар Тоҷикистон аз асри XVII оғоз гардида, дар нимаи асри XIX тараққӣ кардааст. Аз ҷиҳати илмӣ дӯхтани қуроқро техникаи коркарди матоъпораҳо меноманд.
Занон аз қадим қисмҳои либоси дарида ва фарсудашударо бо шаклҳои гуногуни ҳандасӣ (геометрӣ) оро дода дарбеҳ мекарданд. Барои дарбеҳ намудани либос матои ранги либос мувофиқ ё монандаро интихоб мекарданд.
Занҳо асосан матоъпораҳои аз куртаи дӯхташуда мондаро ба партовҷойҳо напартофта аз вай бисёр маснуотҳои барои хона, рузғор зарурро ба мисли ҷилиди болишт, рӯйкаши бистар, дастурхон, чойникпӯшак, дегпӯшак, кифпӯш, рӯйҷо, гилемчаҳое, ки ба остонаи даромади дар мегузоранд ва ғайра медӯхтанд.
    Дар урфият мегуфтанд, ки агар зане. фарзанд надорад ба таги чодаре, ки аз матоъпораҳо дар шакли қуроқ дӯхта шудааст, дарояд, ба орзуи модар шудан мерасад. Мафҳум ва маънои асосии маснуотҳои ба монанди қуроқ дӯхташуда, ин нигоҳдоранда ва эҳтиёткунанда аст, ки ба навхонадоршудагон «Арӯсу домод» бисёртар таалуқ дорад. Аз ин лиҳоз, дар сандуқҳои занҳои тоҷик солҳои сол маснуотҳои ба тариқӣ қуроқ дӯхташуда нигоҳ дошта мешаванд.
Мақсади асоси нигоҳдории ин хел маснуотҳо дар он буд, ки маснуотҳое, ки бо қурор ё аз матоъҳои гуногунранг дӯхта мешаванд, зиндагии оилаи ҷавононро рангоранг мегузаронанд.
Аксарияти занҳо, техникаи иҷрои нақшу нигор ородиҳиро худашон интихоб мекунанд. Дар давраҳои пеш ҷо ба ҷо гузоштани фигураҳои хандасавӣ ва интихоби ранги матоъ барои дӯхтану интихоби нақш дар техникаи қурорқдӯзӣ роли асосӣ, зебою диққатҷалбкунандаро медоданд. Инчунин ҳар як дӯзанда дар вақти дӯхтан меҳру муҳаббати худро ба маснуоти дӯхташуда мегузорад.
Зан мебояд бо баробари олиҳаи ҳусн модари фарзандон будан урфу одатҳои миллии мардумиро донад. Куҳансолон қиссаю ривоят мекарданд, ки «Зан агар панҷоҳ ҳунар дошта бошаду пеши сурфаи бибӣ-фотимаю заҳро лол мемонад, ё забони сӯзану ресмонро надонад, вой бар ҳолаш…» 
Ин афсонаву ҳикоятҳо, ташвиқотгар ба он будан, ки духтарону занҳои хонашин ба касбу ҳунар шавқманд бошанд. Модаркалонҳои пир тан медоданд, ки партовҳои матоъҳоро ҳамчун нонреза эҳтиёт бояд кард.
Монанди ҳар касе, ки аз партовҳо қуроқ медӯзад, ба гуфтаи модар Худо ӯро аз балою қазо ва аз чашми бад эмин медорад.
«Дӯзандаи қуроқдӯз умри дароз мебинаду ҳам бахт ва ҳам тахт ҳамроҳи ӯ мегардад».
«Агар болои кӯрпачаи қуроқдӯзӣ нишинӣ ё аз дастархони қуроқдӯзӣ чой нӯши, ба савоб дохил мешавӣ» ва ғайра.
Ҳангоми технологияи коркарди иҷроиши қуроқдӯзӣ асосан аз матоъҳои партов истифода бурда мешаванд. Пеш аз он, ки ба қуроқдӯзӣ сар кунем, бояд ангораи маснуотро интихоб намуда, андозаи қуроқдӯзӣ ва ҷойгиршавии онҳоро муайян намоем. Интихоби нақш ва маснуоти дӯхташаванда аз қолабҳо ва фигураҳои хандасавӣ – секунҷа, чоркунҷа, росткунҷа ва доира тайёр карда мешавад, ки ин ба нақшу нигори гиреҳӣ тааллуқ дорад. Ҳамаи ин номгӯи қолабҳо ба худ дар алоҳидагӣ ном ва маънои махсусро доранд. 
              

Секунҷа – тӯморча (аз чашми бад нигоҳ медорад)
 
 
 
 
 
 
 

Чоркунҷа – оинача (Монанди оина ба дил нуру равшанӣ мебахшад)
 
 
 
 ромб
 
 

Ромб – шакли занро нишон медиҳад 
росткунча
Росткунҷа – қуттича (захираи рисқ дар рӯзгорро мефаҳмонад)
 
 
 
 доира
 
 
 
Доира – моҳтобча (зиндагӣ монанди моҳ ҳамеша рахшону пурнур мешавад)


Тайёр кардани қолаб
         Қолабро аз матои сабз, картон, пласма ё фулуз тайёр мекунанд. Аксарият қолабҳои картониро истифода мебаранд. Шумо метавонед қолабҳои картонро аз тарафи канориаш бо лак коркард намоед, қолаб мустаҳкам мешавад ва онро доим истифода бурдан мумкин аст. Қолабҳоро барои сохтан дар картон бо ёрии ҷадвал масофаи муайян шударо нишонагузорӣ намуда, бо ҷадвал онро пайваст менамоем ва бо қалам нуқтаҳоро мепайвандем. Дар натиҷа шакли ба мо даркориро месозем.
         Барои коркарди қуроқ матоъпораҳоро истифода бурда маснуотро медӯзем. Барои дӯхтани қуроқҳо матоҳои сахт, мустаҳкам, шахшӯл ва оҳарӣ истифода мебаранд. 
         Агар матоъ мулоим бошад, онро камтар крахмал дода, ё ба тарафи чаппи матоъ флизилин (матоъи ширешдорро) бо дарзмоли барқӣ часпондан лозим аст. Пеш аз буридани матоъ аз рӯи қолаб бояд нақшро интихоб намуда, шумораи шаклҳоро (фигураҳоро) муайян менамоянд. 
            
             
 
          Пайдарпай дӯхтани маснуот
  1. Матоъро гирифта ба як тарафи чаппаш тарафи рости ширешдори матоъ флузилин гузошта дарзмол мекунем.
  2. Қолабро ба рӯи матоъ гузошта, бо қалам хат кашида, шумораи зарурӣ ҷузъҳоро бо назардошти нақш ба равшанӣ бар қади матоъ мебурем.
  3. Шакли секунҷаро гирифта рӯ ба рӯ ба тарафи рости матоъҳо бо ба роста боназардошти қисми диаганалӣ буридашударо бо сарсӯзан маҳкам намуда, онро бо дарзи мошинӣ 0,5 см медӯзем.
  4. Шаклҳои дигарро ҳам мутобиқ медӯзем ва тарафҳои онҳоро ба назар мегирем.
  5. Баъди дӯхтани маснуот дар мошини дарздӯзӣ сарсӯзанҳоро гирифта, дарзҳоро ба ду тараф кушода, аз тарафи чаппи он дарзмол мекунем.
  6. Шаш дона ҳамин тариқ ҷузъҳоро пайи ҳам мепайвандем.
  7. Ҳар як қатори маснуотро бо алоҳидагӣ тайёр намуда, бад онҳоро ҳамҷоя мепайвандем.
  8. Ба ду тарафи маснуоти тайёр аз матоъи пахтагин абра, чашмаки калон ва эзораки хурд медӯзем.
         Тайёр кардани чашмаки хурди қуроқ 
         Барои тайёр намудани чашмаки хурди қуроқ матоъро чоркунҷашакл мегирем, ба атрофаш аз матоъи пахтагини сафед секунҷашакл қайчи карда медӯзем. Маснуотро аз матоъи сиёҳ абраи якум ва аз матои ранга абраи дуюмро медӯзем. Пайдарҳам турна, чашмаки калон, эзораки хурд ва эзораки калонро пайваст менамоем. 
         Тоқии мардона ва занона
Тоқӣ ин сарпӯши доирашакл, ки бо нақшу нигори миллӣ нақш шудааст, ки ин яке аз хусусиятҳои миллии Осиёи Миёнаро нишон медиҳад. Худи ин калима маънои «Қулла» -ро дорад. Дар асрҳои миёна барои мусулмонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани сарпӯш манъ буд. Дар шароити имрӯза мардон метавонанд бо хоҳиши худ тоқиро ба сар кунанд. Мусулмонони ҳақиқӣ дар маросими дафн, намоз ва иди моҳи шарифи Рамазон, иди Қурбон бояд, ки тоқӣ ба сар дошта бошанд. Дар Осиёи Миёна намудҳои гуногуни тоқӣ вуҷуд дорад: чоркунҷа, доирашакл, тоқии арӯсона, домодӣ, бачагона, духтарона, тоқии зардӯзӣ.
Дар Тоҷикистон дар ҷануб тоқии чоркунҷашакл ва шимол тоқии доирашакл ба сар мекунанд. Тоқии бачагонаро бо риштаҳои тиллоранг кӯк мекунанд ва онро дар рӯзҳои иди Наврӯз ва чорабиниҳо ба сар мекунанд. Тоқиҳои мардона низ гуногун буда, ба ҷойҳои шаҳру ноҳияашон мувофиқ тоқӣ ба сар мекунанд. Дар Осиёи Миёна асосан тоқии «Чуст» мепӯшанд. 
Нақши гули тоқиро бо риштаи абрешим медӯзанд. Дар қисми болои тоқӣ нақши чор қаламфурмонанд дӯхта шудааст, ки инсонро аз чашми бад нигоҳ медорад. Чор тарафи тоқӣ чор қисми ҳаёти инсонро нишон медиҳад: бачагӣ, ҷавонӣ, наврасӣ ва пирӣ.
Чор кунҷи тоқӣ сари мардонро аз хатар ҳимоя мекунад. Дар қисми поёни тоқӣ ҷиҳаки сиёҳ дӯхта шуда, дар болояш нақши мавҷнок бо риштаи сафед дӯхта шудааст, ки маънояш ба давлат будан ва ҳаётбахш аст. 
Қисми болои тоқии мардона аз матои рангаш сиёҳ дар дохилаш нақши чор қаламфурро дорад. Ба қисми болои тоқии мардона тавқ (астарча) мегирем. Тавқ бояд аз матои пахтагини рангаш сафед ва мулоимро интихоб менамоем. Матоъи рангаш сафед барои кӯк кардани тоқӣ мувофиқ мебошад. Ба болои матоъи пахтагин қисми болои тоқии мардонаро гузошта тавре тавқ мегирем, ки аз асос тавқ зиёдтар бошад.
Бо сӯзани майда ва борик бо риштаи сиёҳ тарҳи якуми тоқиро аз мобайни тоқӣ ба чор тараф аввал як қатори майда кӯк мекунем, бад ба ду тарафҳои қатори аввал боз якқатори кӯки майда мекунем. Пас аз кушодани тарҳи якум мо аз мобайни тоқӣ ба поён рост 15 20 қатор тарҳи дуюмро кӯк мекунем. Ва қисми боқимондаро аз паҳлӯи қисми якум кӯк мекунем. Пас аз кӯк намудани тарҳи якум ва дуюми маснуот ин маснуотро пилта мекунем. Қоғазро 0,7-1 см барашро бурида, ба сих нӯги қоғазро 0,5 см қад карда то охири сих тавре мепечонем, ки қоғаз бояд то охири сих ҳамвор печад. Сих ибо қоғаз печонидашударо аввал ба тарҳи якуми маснуот пилта мекунем бад ба тарҳи дуюми маснуот пилта мекунем.
    Ба қисми поёни нақши тоқӣ ҷиҳак медӯзем, ҷиҳакро аз матоъи рангаш сиёҳ интихоб мекунем. Ба поёни ҷиҳак аз матоъи пахтагин ба андозаи 60см дарозӣ ва бараш 9 см ро дӯхта сипас ду тарафи охири қисми поёни тоқиро болои ҳамдигар гузошта медӯзем. Картонро ба андозаи 60см дарозӣ ва барашро 4,5см гирифта ба мобайни ҷиҳак ва тавқ гузошта медӯзем. Болои картони ин маснуоти дӯхташударо 3 ё 5 қатор кӯк карда бад пилта мекунем. Қисми боло ва поёни тоқиро ченакгирӣ намуда, изофаашро қайчи карда, бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем.
Тақви қисми поёни маснуотро ба қисми боло кӯк мекунем ба таҷҳизоти мустаҳкамкунӣ мегузорем. Дар зарфи алюминивӣ ширешро муддати 2 соат дар оби хунук нигоҳ медорем. Дар оташи паст чӯшонида, бо мӯқалам ба даруни маснуот мемолем, каме то ширеш хушк шудан дар ҳарорати хона нигоҳ дошта мешавад. Бад даруни тоқиро бо болиштчахои махсус пур карда дарзмол мекунем. 
                Тоқии арӯсона 
Анъана шудааст, ки арӯсон ҳангоми дӯхтани куртаи арӯсӣ тоқиро низ аз ҳамин матоъ дӯхта ба сар мекунанд. Барои тоқии арӯсона картон, қайчӣ, ришта, сӯзан, тасмаи ченакгирӣ, матоъ, дарзмол лозим мебошад. Дарозии картон 54 см ва бараш 4 см мегирем.
 Ду тарафи картонро болои ҳамдигар гузошта, бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем. Андозаи қими поёни тоқӣ 52 см мешавад. Дарозии матоъро 54 см, барашро 12 см гирифта, 2 тарафашро пайваст мекунем. Ба мобайни ин маснуот картонро гузошта, зиёдатии маторо қат карда, гирдогирд кӯк мекунем. Картонро доирашакл қайчӣ карда, барӯяш матои пахгин медӯзем ва қисми зиёдатиашро қайчӣ мекунем. Пас аз як тараф то мобайн қайчӣ намуда, медӯзем. Ҷойи қайчишударо каме болои ҳам гузошта, то мобайн медӯзем. Ин маснуоти тайёршуда, матоъро гузошта, гирдогирд ба тавқ кӯк мекунем. Ин маснуоти тайёршударо ба ҳамдигар бо кӯки ноаён пайваст мекунем ва мувофиқи тахаюлоти худ ороиш медиҳем.
 
          Қоидаҳои техникаи бехатарӣ 
  1. Барои эмин доштани ангуштон аз захми сӯзан ангуштмонаро истифода баред.
  2. Бо сӯзани зангзада чок дӯхтан манъ аст.
  3. Дар вақти дӯхтан бо сӯзани нӯгшикаста кор накунед ва шумораи сӯзанҳоро пеш аз кор шуморед.
  4. Сӯзанро дар даҳон ва ҷома нигоҳ надоред.
  5. Қайчиро дар вақти кор пӯшида муқобили дӯзанда ва ба тарафи рост гузоред. Назорат кунед, ки қайчӣ дар вақти кор дар таги маснуот намунад, чунки агар маснуотро бардоред ё ҷояшро беҷо кунед қайчӣ афтида ба шумо ё ҳамроҳатон осеб расониданаш мумкин аст.
  6. Дарзмолро бо дасти тар нақапед. 
  7. Бо дарзмоли барқӣ эҳтиёт шуда муносибат кардан лозим аст. Назорат кунед, ки дарзмол ба сим начаспида истад.
  8. Дар вақти кор дар мошинаи дарздӯзӣ мӯйҳоро зери сарбанд гузоред. 
  9. Дар вақти кор дар мошинаи дарздӯзӣ сарро ба қисмҳои ҳаракаткунанда навардҳо чархзананда сӯзан найчапуркунанда гарданро бисёр хам кардан мумкин нест.
  10. Ҳангоми ҳаракати мошин тоза кардани он манъ аст.
  11. Баъд аз равған молидани мошин онро дарҳол кор нафармоед.
                Охирсухан
         Барои дар амал татбиқ кардани талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №499 Аз 02.10.2010 «Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар як омӯзгор ҳиссагузор бошад ва дар хонандагон шавқу ҳаваси дӯзандагиро бедор кунад. Бо мақсади он ки духтарон меҳру муҳаббати худро ба ин касбу ҳунари миллӣ эҳсос кунанд ва бо нозукиҳои қуроқдӯзӣ, ва тоқидӯзӣ эҳтиром дошта бошанд. Сарфаю сариштакориро омӯзанд, зебопарастиро дарк намоянд, бо пайдарҳамӣ гузоштани нақшу нигорҳо ва интихоби рангҳо дар вақти дӯзиш маҳорату малака пайдо кунанд.
         Дарси технология бо бисёр фанҳо алақамандӣ дорад. Аз ин рӯ дар давоми дарс аз фанҳои зерин истифода мебарем. 
Масалан:
Химия – хусусияти матоъро фарқ кардан.
Геометрия – интихоби нақшу нигор
Математика – шумораи ҷузъҳоро ба инобат гирифта сарфи матоъро донистан
Таърих – донистани урфу одатҳо, таърихи пайдоиши машнуот, дар кадом миллат, дар кадом дафр истифода бурдани онҳо 
Санъати тасвирӣ- шаклҳоро ба таври ҷо ба ҷо тасвир намудан.
Физика – дар вақти дӯхтани маснуот аз асбобҳои барқӣ (мошинаи дарздӯзӣ, дарзмол) истифода бурда тавонистан.
Робитаи ин фанҳо дониши хонандагонро васеъ мекунад ва усули касбӣ хурд мегардад.
         Хулоса омӯзгор дар назди худ вазифа гузоштанаш лозим ки ба ҳунари миллии қуроқдӯзӣ тарҳи замонавӣ дохил карда номгӯи маводҳои аз қуроқ дӯхташударо бисёр намоянд. Монанди кӯрпа, кӯрпача, дастурхон, дастпӯшакҳо, ҷувздон, телефонмонак, борхалтаҳо, болишт,пояндоз, ҷойнамоз, либосҳои ҳозиразамон ва ғайраҳо. 

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив