Саволнома барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ


Р/тСаволҳои пешниҳодгардидаПосух ба саволҳои пешниҳодгардида
1Доир ба тартиби барномаи омӯзиш андеша баён намоедБарномаи омӯзиш 28 ҳафтаро фаро гирифта, омӯзиш ҳамеша рӯзҳои шанбе дар рӯзҳои методии мо омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда мешуд. Аз ин ҳафтаи дар боло зикргардида 14 ҳафта машғулиятҳои аудиторӣ ва 14 ҳафта машғулиятҳои худомӯзӣ буданд. Дар маҷмӯъ барнома 196 соати таълимиро фаро гирифт, ки аз ин 84 соат машғулиятҳои аудиторӣ ва 112 соат машғулиятҳои худомӯзӣ мебошанд. Ҳар ҳафтаи омӯзиш ба як масъала бахшида мешуд.
2. Барнома ба чӣ мусоидат мекунад?Барнома ташкили фаъолиятҳои лоиҳавиро пешниҳод менамояд, ки барои фарогирии хонандагон ба раванди фаъоли омӯзишӣ мусоидат мекунад.
3.Стандарти фаннӣ чист?Стандарти фаннӣ санадест, ки дар он меъёри дониш, малака, маҳорати хонандагон, мазмуни мӯҳтавои фаннӣ, методикаи таълими фан, роҳу усули самаранок истифода бурдани вақти ба омӯзиши фан ҷудогардида ва талабот ба тарзи санҷиши дониш аз фанни таълимӣ муайян гардидааст.
4.Стратегия чист?Стратегия роҳу усулҳои ноил гардидан ба мақсад мебошад.
5.Салоҳият чист? Салоҳият маҷмӯи дониш, малака ва маҳорати ба ҳам пайванде, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ ( иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.
6.Нишондиҳандаҳо гуфта шумо чиҳоро дар назар доред?Нишондиҳандаҳо маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки аз ноил шудан ба салоҳиятҳо дарак медиҳанд.
7. Арзёбӣ чист ва ба чанд навъ ҷудо мешавад?Арзёбӣ ҷараёни ҷамъоварии маълумот барои баҳодиҳӣ буда, он барои муайян кардани дараҷаи дастовардҳои таълимии хонандагон имкон медиҳад. Арзёбӣ ба се навъ ҷудо мешавад: арзёбии ташхисӣ, арзёбии рушди салоҳиятҳо, арзёбии ҷамъбастӣ
8.Арзёбии ташхисӣ чист?Арзёбии ташхисӣ муайянкунандаи сатҳи ибтидоии ташаккули донишҳо малакаву маҳорат, қобилиятҳо ва салоҳиятҳои хонанда мебошад.
9.Арзёбии рушди салоҳиятҳо гуфта чиро мефаҳмед?Арзёбии рушди салоҳиятҳо арзёбии дастовардҳои хонандагон дар ҷараёни таълим мебошад. Он рушди ҳамешагии салоҳиятҳои хонандагон, ҷиҳатҳои қавӣ ва заифии фаъолиятҳои онҳоро дар ҷараёни таълим муайян мекунад.
10.Арзёбии ҷамъбастӣ чист?Арзёбии ҷамъбастӣ барои муайян кардани сатҳи ташаккули дониш, маҳорату малака ва салоҳиятнокӣ ҳангоми ба анҷом расидани давраи муайяни таҳсил ( чорякҳо, нимсола ва солона) гузаронида мешавад. 
11Нақшаи тақвимӣ чист?Нақшаи тақвимӣ- мавзӯи яке аз воситаҳои муҳими банақшагирии раванди таълим ба ҳисоб рафта, барои ба тартиби муайян, пайиҳам ва бо назардошти рушд ҷо ба ҷо гузоштани маводи таълим ва алоқаманд кардани мазмун, натиҷаҳо ва мақсадҳои таълимӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ- ахлоқӣ ёрӣ мерасонад.
12.Доир ба сохтори нақшаи тақвимӣ дар доираи барномаи омӯзишӣ андеша баён намоед.Нақшаи тақвимӣ аз 8 сутунча иборат мебошад.
Р/тМавзуъМаводСалоҳиятҳои фаннӣСалоҳиятҳои умумитаълимӣСалоҳиятҳои тарбиявӣСоатТаърих
13.Салоҳиятҳои умумитаълимӣ гуфта чиро дар назар доред?Салоҳиятҳои умумитаълимӣ ҳамчун натиҷаҳои ниҳоии таълиму тарбия ба шумор рафта, ба мақсади таъмин кардани принсипи омӯзиш дар тӯли ҳаёт ва ташаккули малакаҳои, ки барои дар ҳаёт муваффақ шудан дар замони муосир мусоидат мекунанд. 
14Унсурҳое асосии салоҳиятҳои умумитаълимӣ кадомҳоянд?Салоҳиятҳои умумитаълимӣ ба 7 зерсамт ҷудо мешаванд:
1. Маърифатӣ
2. Танзимкунӣ
3. Иртиботӣ
4. Худшиносӣ
5. Худидоракунӣ
6. Огоҳии иҷтимоӣ
7. Идоракунии иҷтимоӣ
15Салоҳиятҳои тарбиявӣ- ахлоқӣ чист?Салоҳиятҳои тарбиявӣ- ахлоқӣ ин дар баробари таълим яке аз рукнҳои асосии ташаккул додани шахсияти кӯдак мебошад.
16Унсурҳои асосии салоҳиятҳои тарбиявӣ- ахлоқӣ кадомҳоянд?Унсурҳои асосии салоҳиятҳои тарбиявӣ- ахлоқӣ инҳоянд:
1. Худшиносӣ ва мустақилият
2. Ҷалб будан дар муҳокимаҳои ва муколамаҳо
3. Иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ
17Салоҳиятҳои фаннӣ гуфта чӣ андеша доред?Салоҳиятҳои фаннӣ маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳое мебошанд, ки тавассути салоҳиятҳои умумитаълимӣ ташаккул дода мешаванд.
18Мақсадҳои таълим дар асоси кадом меъёрҳо таҳия карда мешаванд?Мақсадҳои таълим дар асоси меъёрҳои ТАОМ таҳия карда мешаванд.
19Стратегияи ТАОМ чист?Стратегия ТАОМ шакли кӯтоҳ кардашуда буда, ҳар як ҳарфи он дар худ маъно дорад:
Т- татбиқшаванда
А- арзёбишаванда
О- оғоз
М-муҳимтарин
20Таҳияи мақсадҳои таълим чӣ аҳамият дорад?Мақсадҳои таълим моҳияти дарсро муайян ва раванди онро ба тартиб дароварда, дарсро татбиқшаванда мегардонанд.
21Кадом меъёрҳо мақсадҳои таълимии дарсро мувофиқ ва самаранок мегардонанд?Меъёрҳои зерин метавонанд мақсадҳои таълимии дарсро мувофиқ ва самаранок мегардонанд:
1. Мақсадҳои таълим бояд сатҳ ва андозаи ба вақти барои як дарс ҷудошуда мувофиқ дошта бошанд.
2. Мақсадҳои таълим бояд тарзе таҳия карда шаванд, ки сатҳи ноилшавӣ ба осонӣ дар охири дарс санҷида/ арзёбӣ карда шаванд.
3. Мақсадҳои таълим бояд аввал таҳия карда шаванд, яъне бояд раванди таҳияи фаъолиятҳои таълимро муайян кунанд.
4. Мақсадҳои таълим бояд малакаи асосӣ ва муҳими навбатиро, ки мебояд хонандагон аз худ кунанд фаро бигиранд.
22Мақсадҳои дарс ба чанд навъ ҷудо мешаванд?Мақсадҳои дарс ба се навъ ҷудо мешаванд:
1. Таълимӣ
2. Маърифатӣ
3. Тарбиявӣ- ахлоқӣ
23Барои таҳияи мақсадҳои дарс чиҳо истифода бурда мешаванд?Барои таҳияи мақсадҳои дарс аз стандарти фаннӣ, нақшаи тақвимӣ ва китоби дарсӣ истифода мебарем.
23Мақсади таълимӣ чӣ гуна таҳия карда мешавад?1. Нақшаи тақвимиро мекушоям
2. Дарсро интихоб карда, саҳифаи мувофиқи китоби дарсиро мекушоям.
3. Соати ва зерсамти дар нақшаи тақвимӣ овардашударо аз стандарти фаннӣ мекушоем.
4. Нишондиҳандаи салоҳиятро барои синф муайян мекунем.
5. Нишондиҳандаро бодиққат хонда, мазмун ва талаботи онро аниқ мекунем.
6. Сипас матнро як маротиба хонда, баъд қисми салоҳияти умумитаълимӣ ва нишондиҳандаро таҳлил мекунем.
7. Фикр мекунем, ки кадом навъи савол барои мо ёрӣ мерасонад, аниқ карда, интихоб менамояд.
8. Пас аз таҳлил мақсади таълимро таҳия мекунем.
 
24Мақсади маърифатӣ чӣ гуна таҳия карда мешавад?1. Бори дигар матнро хонда, мазмуни салоҳияти умумитаълимиро таҳлил мекунем.
2. Алоқаи сабабу натиҷаро муайян мекунем.
3. Пас аз таҳлил ба мо гузоштани мақсад аён мегардад.
25Мақсади тарбиявӣ- ахлоқӣ чӣ хел таҳия  карда мешавад?1. Мазмуни матн, супоришҳои таълимии китоби дарсиро бо салоҳияти тарбиявӣ- ахлоқии дар нақшаи тақвимӣ овардаамон муқоиса ва таҳлил мекунем.
2. Саволҳои дар зери матн овардашударо бо рафтори одамон муқоиса ва таҳлил карда, мақсади тарбиявӣ- ахлоқиро таҳия менамоем.
26Намунаи кори хонанда чӣ гуна таҳия карда мешавад?Вазифаи мураккаб ё муҳиме, ки хонандагон дар дарс иҷро мекунанд муайян намуда, вазифаро аз нигоҳи онҳо ҳамчун хонанда иҷро мекунем, вазифаро дар сатҳи баланде, ки хонанда бояд иҷро кунад, омода намуда, боварӣ ҳосил менамоем, ки ҳама қадамҳои заруриро илова намудани.
27Таҳияи ҷадвали " Дониш ва малака" ба омӯзгорон чӣ гуна ёрӣ мерасонад?Таҳияи ҷадвали"Дониш ва малака" фаъолияти омодагии омӯзгорон буда, барои таҳлили амиқи мазмуни дарс, санҷидани мақсади таълим ва намунаи кори хонандагони ёрӣ мерасонад.
28Таҳти калимаи дониш ва малака чӣ андеша доред?Мафҳуми дониш ин доштани маълумот дар бораи ин ё он мавзӯъ ва мафҳуми малака бошад ин истифода бурда тавонистани донишҳои андӯхта мебошад. Мафҳуми " донистан" ба сутунчаи дониш ва мафҳуми" тавонистан ба сутунчаи малака вобастагӣ дорад.
29Таҳияи намунаи кори хонанда чӣ гуна фаъолият аст ва ба омӯзгорон чӣ гуна ёрӣ мерасонад?Таҳияи намунаи кори хонанда аз ҷониби омӯзгорон ин фаъолияти омодагӣ ба дарс буда, он ба омӯзгорон барои муайян кардани ҷавобе, ки аз хонанда интизор мешаванд, ёрӣ мерасонад.
30Намунаи омӯзгор чист?Намунаи омӯзгор ин ҷавоби намунавиест, ки омӯзгор пеш аз дарс омода мекунад. Ин ба омӯзгор имконият медиҳад, ки дарсро амиқ дарк кунад ва ҳамчунин ҳангоми дарс дар асоси ин намуна ҷавобҳои хонандагонро арзёбӣ кунад.
31Муайян кардани ғалатҳо эҳтимолӣ чӣ манфиат дорад?Муайян кардани ғалатҳо эҳтимолӣ пас аз таҳияи намуна ва ҷадвали Дониш ва малака ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти таълим ва натиҷаҳои чашмдоштро таҳлил карда, роҳҳои ҳалли мушкилот ва ислоҳи     ғалатҳоро пешакӣ ба нақша бигирад.
32Стратегияи " Фикр кун ва табодул андеша намо" чӣ гуна фаъолияти таълимӣ мебошад?Стратегияи " Фикр кун ва табодули андеша намо" фаъолияти таълимии мебошад, ки ба мақсади ташаккули малакаҳои ҳамкории хонандагон истифода бурда мешавад. Ин стратегия ҳангоми ҳалли ягон масъала (саволи мушаххас) ё роҳнамоии хонандагоне, ба мушкилот дучор шудаанд, истифода мешавад.
33Унсурҳои стратегияи " Фикр кун ва табодули андеша намо кадомҳоянд?Унсурҳои стратегияи " Фикр кун ва табодули андеша намо" инҳоянд:
1. Мустақилона фикр кардан
2. Дунафарӣ муҳокима намудан
3. Табодули андеша намо ( робитаи мутақобилаи байни аҳли синф ва омӯзгор)
34РПССП чӣ гуна фаъолияти таълимӣ мебошад ва бо кадом мақсад истифода бурда мешавад?РПССП шакли ихтисор шудам панҷ рафтори хонанда, ки маҳорати диққат додани онҳоро ташаккул медиҳад. Ҳар як ҳарфи он дар худ маъноеро ниҳон дорад:
Р- рост нишинед
Р- ба пеш моил шавед
С- саволу ҷавоб кунед
С- сар ҷунбонад
П - пайгирӣ кунед, яъне суханони гӯяндаро пайгирӣ намоед.
 
35Усули " Радар" чӣ манфиат дорад?Усули " Радар" ин усуле мебошад, ки бо мақсади азназаргузаронии синф ба мақсади санҷиши хонандагон чӣ кор карда истодаанд истифода бурда мешавад. Ин усули мазкур ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки фаъолияти тамоми аҳли синфро ба мақсади тасдиқ ( таъриф), роҳнамоӣ ва ислоҳи ғалатҳо санҷанд. Ин навъи назорат имконият медиҳад, ки хонандагон диққат ва вақти худро ба иҷрои вазифаҳои таълимӣ равона кунанд.
36Унсурҳои усули " Радар" кадомҳоянд?Унсурҳои усули " Радар" инҳоянд:
1. Супоридани вазифа ( дар марказ истода вазифа супоридан)
2. Санҷиши дарки вазифа гузаронидан
3. Назорати сатҳии тамоми синф пас аз супоридани вазифа ( дар ҷойи ист ё кунҷи синфхона тамоми аҳли синфро назорат кардан)
4. Муайян намудани хонандае, ки мушкилот дорад, наздаш рафтану мушкилоташон муайян кардан ва роҳнамоӣ намудан
5. Дар синф давр задан ( гирди синфро давр зада, кори хонандагонро мушоҳида кардан ва дар ҳолати зарурӣ ёрӣ расонидан)
6. Ҷамъбасти вақт барои иҷрои вазифа (пурсиши мақсаднок гузаронидан)
37Омӯзгор дар раванди дарсҳо бояд чӣ гуна муносибати мусбатро роҳандозӣ намояд?Барои ташаккули муносибати мусбат омӯзгор бояд аввал дастур, супориш ва суханоне, ки тобиш ва оҳанги манфӣ доранд аз худ дур намояд, яъне бо услуби мусбат ва созанда дастур, супориш ва робитаи мутақобилаи таълимиро ба роҳ монад. 
38Унсурҳои муносибати мусбат кадомҳоянд?Унсурҳои муносибати мусбат инҳоянд:
1. Нияти нек ( пайваста истифода бурдани амалҳои нек ҳангоми муайян кардани ғалатҳо)
2. Айни муддао ( диққат додани омӯзгор ба гузаронидани қадамҳои фаъолиятҳо)
3. Хонандаи номаълум ( бе гирифтани ном ба аҳли синф муроҷиат намудан ҳангоми содир намудани ғалатҳо ё дармонӣ)
4. Аз имконият истифода бурда, рафтори мусбатро қайд намудан ( амалҳои хонандагонро қайд намудан)
5. Ба мусобиқа даъват намудан ( ба таври ҳаққонӣ ё сунъӣ хонандагонро ба мусобиқа даъват намудан
6. Қайд кардани натиҷаҳои чашмдошт ва кӯшишҳо ( барои ҳавасманд кардани хонандагон ҷиҳати беҳтар кардани натиҷаи кор ё омӯхтани чизи нав онҳоро рӯҳбаланд намудан)
39Дастурдиҳӣ чӣ аҳамият дорад?Дастурдиҳӣ ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки супоришҳои таълимиро барои хонандагон фаҳмо ва дастрас пешниҳод намуда, сатҳи нофаҳмиҳо паст ва вақти барои иҷрои вазифаи таълимӣ ҷудогардидаро зиёд кунанд.
40Супоришҳои таълимӣ бояд чӣ гуна бошанд?1. Супоришҳои мушаххас ( тақсим кардани супориши мушкил ба амалҳои содаи иҷрошаванда)
2. Супоришҳои фаҳмо ( вазифаҳои равшан, фаҳмо ва иҷрошаванда)
3. Супоришҳои кӯтоҳ ( вазифаҳои, ки калимаҳои кам дошта, амалҳои асосиро нишон медиҳанд)
4. Супоришҳои пайдарпай ( вазифаҳои, ки дар онҳо амалҳои мушаххас ба тартиби муайян пешниҳод карда мешаванд)
5. Супоришҳои мушоҳидашаванда ( вазифаҳои, ки амалҳои мушоҳидашавандаро фаро мегиранд, яъне омӯзгор ба зудӣ фаҳмидан ё нафаҳмидани хонандаро мушоҳида карда ёрӣ мерасонад)
41Кадом навъи қадамҳои додани супориш метавонад диққати хонандагонро ба дарс бештар ҷалб намояд?Чунин қадамҳои супоришдиҳӣ метавонанд диққати хонандагонро ба иҷрои вазифа ҷалб намоянд:
1. Додани супориши мушаххас, фаҳмо, кӯтоҳ, пайдарпай ва мушоҳидашаванда
2. Гузаронидани санҷиши дарки супориш
3. Мушоҳида намудани раванди кори хонандагон
4. Дар синф мақсаднок давр задан
5. Ҷалби диққати хонандагон ба иҷрои вазифа
6. Фосила гирифтани омӯзгор ҳангоми ҷавоб додани хонанда
42Пайгирии ҷавоби дуруст чӣ аҳамият дорад?Пайгирии ҷавоби дуруст воситаи таълимӣ буда, ба омӯзгорон барои ташаккули сатҳи эътимодноки ( ҳавасмандӣ ба омӯзиш) ёрӣ мерасонад. Ин восита вақте истифода мешавад, ки хонандагон ба савол ҷавоби нопурра медиҳанд. Вақте ки хонандагон ҷавоби нопурра медиҳанд, омӯзгорон онҳоро ба таври мусбат водор мекунад, ки ҷавобашонро пурра карда, ба натиҷаи беҳтар нол гарданд. Пайгирии ҷавоби дурустро омӯзгорон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи имконияти ба саволҳо ҷавоб додани хонандагон истифода мебаранд.
43Ҳангоми истифодаи воситаи " Пайгирии ҷавоби дуруст" кадом қадамҳо ба назари эътибор гирифта мешаванд?1. Пешакӣ омода намудани ҷавоби дуруст ва дигар навъи ҷавобҳо
2. Ҷавоби тақрибан дуруст
3. Аз ҷамъбаст кардан худдорӣ кунед
4. Истифода бурдани муносибати мусбат
5. Рад накардани ҷавоби хонанда ( агар хонанда ҷавоби пурра дода натавонад, ба дигар хонанда имконият бояд дод, то ин ҷавоби рафиқашро пурра кунад.)
44Луқмапартоӣ ва саволҳои водоркунанда бо кадом мақсад истифода бурда мешавад?Дар ҷараёни дарс ин восита ба мақсади ташаккули сатҳи эътимодноки ( самаранокӣ)- и дарс истифода бурда мешавад. Истифодаи маҷмӯи саволҳои сода метавонад хонандагонро барои пурра кардани ҷавоб ва пешниҳоди ҷавоби хуб водор менамояд.
45Кадом қадамҳо ҳангоми истифодаи воситаи " Луқмапартоӣ ва саволҳои водоркунанда" ба назар гирифта мешаванд?1. Вақт додан барои фикр кардан пас аз пурсидани саволи мураккаб
2. Пешакӣ огоҳ намудан
3. Такрори ҷавоби ғалат ё нопурра
4. Истифода бурдани луқмаҳои кӯтоҳ ва умумӣ ба мақсади роҳнамоӣ ва водорнамоӣ
5. Ҷамъбасти пурсиш
46Воситаи " Таҳқиқ/ водорнамоӣ- пайгирии ҷавоби дуруст ва таҳқиқи амиқи савол дар раванди дарсҳо чӣ манфиат дорад?Ин восита ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки хонандагон қобилиятноки синфашонро барои таҳқиқи амиқи ҷанбаҳои гуногуни ҷавоб водор намоянд. Ин як навъ восита тафриқаи дохилисинфӣ бо мақсади фаро гирифтани хонандагони қобилиятнок мебошад. Воситаи мазкур ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки фарҳанги рушд ёфтанро дар синф ташаккул диҳад, зеро дар он доимӣ будани омӯзиш таъкид карда мешавад.
 47Санҷиши рушд барои чӣ истифода бурда мешавад?Санҷиши рушд воситаи арзёбӣ буда, бо мақсади санҷиши сатҳи азхудкунии хонандагон дар раванди дарс истифода мешавад. Омӯзгорон ин воситахо барои ҷамъоварии маълумот оид ба сатҳи дарки мазмуни маводи таълим ё санҷиши сатҳи ноилгардии хонандагон ба мақсадҳои таълимии дарс истифода бурда метавонанд. Инчунин омӯзгорон метавонанд тавассути истифодаи ин восита маълумоти ҷамъовардаашонро таҳлил карда, муайян намоянд, ки ба қисми дигари дарс гузаранд ё лаҳзаи гузаштаро такроран дарс диҳанд.
48Арзёбии рушд - ҳама менависанд чӣ гуна арзёбӣ буда, бо кадом мақсад истифода бурда мешавад?Мушоҳидаи фаъол воситаи таълим ва арзёбии ташаккулдиҳанда буда, бо мақсади муайян кардани хонандагон чиро омӯхтанд, чиро наомӯхтанд ва аниқ кардани самтҳои такмил адаб истифода бурда мешавад. Ба омӯзгорон донистани он ки оё хонадагонашон маводи таълимиро дарк кардаанд ва мустақилона ба мақсади дарс ноил гашта метавонанд ё не зарур аст.
 
49Гурӯҳи ҳидоятшаванда чӣ гуна стратегия аст ва барои чӣ истифода бурда мешавад?Ин стратегияи арзёбии ташаккулдиҳанда буда, омӯзгорон онро дар раванди таълим бисёр истифода мебаранд. Бояд омӯзгорон тавассути усули дастурдиҳӣ хонандагонро ҷалб ва роҳнамоӣ кунанд. Бо мурури замон, тартиби гузариш ба " Гурӯҳи ҳидоятшаванда" ба хонандагон осон шуда мустақилона фаъолият мекунанд.
50Портфолио чист ва таҳияи он чӣ зарурат дорад?Портфолио ин ҷузвдон маънавии омӯзгор буда, барои нигаҳдории маълумотҳои андӯхта ба таври хаттӣ истифода бурда мешавад. Дар портфолио аёниятҳо ва дигар навъи ҳуҷҷатҳои таълимӣ нигаҳдорӣ карда мешаванд

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив