2.1.2. Ахбори шунидаро дар шаклҳои каме мураккаби нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ истифода мебарад.
2.2.2. Стратегияҳо (тарз, роҳу усул) - и мувофиқи гуфтанро истифода мебарад.
2.3.1. Қоидаҳои маъмули хонданро медонад ва риоя мекунад.
2.3.2. Стратегияҳои мувофиқро истифода бурда, матнҳои хурд, ки калимаҳои бештари ношинос доранд, мехонад.
2.4.1. Қоидаҳои навиштанро тибқи нишондиҳандаҳо риоя мекунад.
2.4.2. Стратегия (тарз, роҳу усул)-ҳои мувофиқи навиштанро истифода бурда, матнҳои хурдро менависад.
Мақсадҳои таълим. Хонандагон бояд:
-матнро буррову равон мувофиқи оҳанг ва синтагма хонда тавонанд;
-калимаҳои навро шарҳ дода тавонанд;
-луғатҳоро дар нутқи шифоҳӣ истифода бурда тавонанд;
-ба саволҳо ҷавоб дода тавонанд;
-маводи интихобкардаашонро шарҳ дода тавонанд;
-ҳарфҳоро иваз карда калимаҳои нав навишта тавонанд;
-бо калимаҳои нав ҷумлаҳо эҷод карда тавонанд.
Маводи таълим: китоби дарсӣ, суратҳо, расму тасвирҳои лавозимоти хониш, шеърҳо дар бораи китоб.
Равиши дарс
- Ташкили дарс.
- Муаррифӣ ва муҳокимаи мақсадҳои таълим.
- Ангезиши зеҳн. Бо усули “Хӯша”. Таҳлили калимаи "ҷавоҳирот”.
- ба фикри шумо калимаи ҷавоҳирот чӣ маъно дорад? Номбар кунед. Навиштани гуфтаҳои хонандагон дар Хӯша.
ҷавоҳирот |
тилло |
сарват |
бойигарӣ |
Тангаҳо |
Зару зевар |
Пулу мол |
- Кор бо луғат. Шарҳи луғат пас аз хониши матни “Ҷавоҳироти шоҳ”.
- калимаҳои ҷавоҳирот, сарват чанд садонок доранд?
Таҳлили ҷумла: Китоб ганҷи бебаҳо аст.
- Љумла чӣ маъно дорад?
- Ба фикри шумо ин калима чӣ маъно дорад?
- Лаҳзаи дамгирӣ.
- Хониши намунавӣ.
Намунаи саволҳо барои муҳокима хониш:
- Дар кадом қисми матн овозамро тағйир додам?
- Дар куҷо ист кардам? Чаро?
- Хониши дунафарӣ. Хонандагонро ба гурӯҳҳои дунафара ҷудо карда, матнро ба ҳамдигар хонанд, хониши якдигарро мушоҳида кунанд ва ба ҳамдигар ёрӣ расонанд.
- Усули “Барои чӣ” бо мақсади дарки маъно.
Барои чӣ падари чӯпонбача китобро аз сарват гаронтар гуфт?
- Имлои дунафарӣ. (Ҳамсозӣ)
Калимаҳое, ки зери он хат кашида шудааст, ҷумла тартиб диҳед. Ҳамдигарро арзёбӣ кунед.
- Кори гурӯҳӣ. Хонандагонро ба гурӯҳҳо (чор-панҷнафара) ҷудо карда додани супоришҳои гурӯҳӣ.
Намуна: Интихоб мо китоб аст. Он барои оқилу доно шудани мо зарур аст.
2) Вобаста ба сатҳи рушди хонанда додани супориш.
а) Матнро хонед ва зери калимаҳое, ки ҳамсадоҳои д, т, б, п- дорад ишора кунед.
б) Матнро хонед ва суханони падарро ифоданок хонед.
в) Матнро хонед ва гӯед, ки чаро китоб ганҷи бебаҳост.
г) Матнро хонед ва хулосаатонро дар хӯша ҷойгир кунед.
ғ) Матнро хонед ва вобаста ба мазмуни матн нақшофарӣ кунед.
9. Хулоса ва ҷамъбаст.
- чиро омӯхтед?
- барои чӣ омӯхтед?
- чӣ тарз омӯхтед?
Баргаштан ба мақсадҳои дарс. Таҳлил ва баҳогузорӣ ба фаъолияти хонандагон.
Саволҳо барои такрор:
- Оид ба сохтори дарси интерактивӣ маълумот диҳед.
- Чаро дар раванди таълим аз роҳу усулҳои гуногуни таълим истифода бурд?
- Мақсади таълими интерактивӣ дар чист?
- Самт ва вазифаи омӯзгор дар таълими интерактивӣ дар чист?
- Ҳангоми банақшагирии таълим омӯзгор чиро ба назар гирад?
- Сабабҳои тағйирот дар муносибати таълим дар чист?
- Фарқияти таълими анъанавӣ ва муносибати босалоҳиятро баён намоед.
- Омӯзиш дар ҳамкориро шарҳ диҳед.
- Шарҳ диҳед: ”Ҳамкорӣ, ҳамсозӣ ва муколама дар таълими интерактивӣ барои ҷалби фаъоли хонанда ба омӯзиш муҳим мебошанд.”
Аз шукӯҳӣ подшоҳӣ ҳурмати илм аст беш
Он ки мири корвон бошад, мутеи раҳбар аст.
Карими Кошонӣ
Комментарии (0)