Инкишофи сотсиология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Инкишофи сотсиология дар давраи шӯравӣДар давраи шӯравӣ, дар Тоҷикистон ташаккул ва инкишофи сотсиология ва таҳқиқоти сотсиологӣ дар маҷрои умумии Иттиҳоди Шӯравӣ сурат гирифтааст. Давоми нимаи якӯми асри гузашта дар собиқ СССР ва Тоҷикистон масъалаҳои ба сотсиология таалуқ дошта, дар таркиби қисми дуюми фалсафаи марксистӣ, ки «Материализми таърихӣ» номида мешавад, омӯхта мешуданд. Нимаи дуюми асри ХХ, дар миқёси умумичаҳонӣ, махсусан дар ШМА ва Аврупои марказӣ, инкишофи пуравҷи сотсиология ва тадқиқоти сотсиологӣ мушоҳида гардида ба кишварҳои собиқ сотсиалистӣ низ таъсир расонид. Солҳои 60-70-уми қарни гузашта, аввал дар марказҳои бузурги илмии Идтиҳоди Шӯравӣ, Москва, Ленинград, Киев, дар назди Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар назди шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳури, сектори таҳқиқотҳои сотсиологӣ таъсис дода шуда буд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар марказҳои илмӣ, аз ҷумла дар сектори таҳқиқотҳои сотсиологии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои зерини ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирифт; таъсири револютсияи илмӣ-техникӣ ба ҳаёти ҷомеа, масъалаҳои иҷтимоии меҳнатӣ ва коллективҳои меҳнатӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеаи сотсиолистӣ, муносибати миллӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар минтақа, таносуб ва фарқияти ҳаёти сокинони шаҳр ва деҳот, ташкилотҳои иҷтимоӣ – сиёсии ҷомеа ва идоракунӣ, таносуби вақти корӣ ва фароғатии шаҳрвандон, таҳлили истифодаи вақти фароғатии (берун аз вақти кории расмӣ) аз тарафи сокинони шаҳр ва деҳот, дараҷаи инкишофи шуури ҷамъиятӣ, масъалаҳои никоҳ ва оила, инкишофи шахс ва шахсият, дараҷаи саводнокӣ, тадбир ва усулҳои тарбияи ҷавонон ва ғайраҳо. Натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмӣ, маълумотномаҳои академияи улум ва маҷаллаи умумииттифоқии «Сотсиологические исследования» дарҷ карда мешуд.
       Умуман, натиҷаҳо ё хулосаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, аз даврае, ки ба ҷараёни таҳқиқотҳои ҳодисоти иҷтимоӣ ворид гардид, барои худи ҷомеа, ташкилотҳо ва институтҳои иҷтимоӣ, махсусан барои давлатдорӣ ва идоракунии илмии ҷомеа муҳим, актуалӣ, зарурӣ буд ва чунин хоҳад монд. Қатъи назар аз он, ки ҷомеа дар кадом зинаи тараққиёт қарор дорад.
       Инкишофи сотсиология дар давраи соҳибистиқлолӣСолҳои 90-уми асри ХХ, дар давраи нав соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, то солҳои 1999 – 2000 дар Ҷумҳурӣ таҳқиқотҳои сотсиологӣ хеле маҳдуд ва чандон назаррас набуд. Хулосаҳои сотсиологӣ асосан дар асоси интихоботҳо ва раъйпурсиҳои мардумӣ сурат мегирифт. Ибтидо аз соли 2000, бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ, омӯзиши вазъи иҷтимоӣ, ақидаву назари одамон ба ин ё он падидаи сиёсӣ ё иҷтимоӣ ба таври шаклҳои гуногуни пурсиш, шурӯ гардид. Ҳамин давра дар Душанбе маркази таҳқиқоти сотсиологӣ таъсис ёфта, як гурӯҳ олимони ҷавон бо тарзу усули махсуси сотсиологӣ омӯзиши раъйу назари мардумро ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба роҳ монданд ва маҷаллаи (бюллетени) маълумоти – таҳлилии худро бо номи «Зеркало» дарҷ намуданд. Масъалан дар рақамҳои 1 ва 2-и ин бюлетен масъалаҳои «Нишондиҳандаҳои шиддатнокии иҷтимоӣ» дар чор шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон Душанбе, Хуҷанд, Курғонтеппа ва Кӯлоб, «Рейтинги воситаҳои ахбори умум», «Компутер ва инсон», «Рейтинги мактабҳои олӣ», «Рейтинги каналҳои гуногуни дар Тоҷикистон пахш шаванда» ва ғайра таҳқиқ карда шуда натиҷаи он ба хонандагони кишвар ва берун аз он расонида шуда буд.
       Дар назди институти фалсафа ва ҳуқуқ АУ Точикистон низ гурӯҳи сотсиологҳо фаъолият бурда, масъалаҳои доғи ҳаёти ҷомеаро таҳқиқу таҳлил менамоянд. Аз ҷумла соли таҳлили 2004-2005 дар панҷ донишгоҳ ва ду коллеҷи пойтахт зери мавзӯи умумии «Мактаби олӣ ва мушкилоти донишҷӯ» таҳқиқоти ҳарчониба гузаронида шудааст. Натиҷаи назарсанҷӣнишон дод, ки яке аз проблемаҳои марказие, ки имрӯз донишҷӯро ба доми худ кашидааст, ин вақти дохилшави ва баъдан дар ҷараёни таҳсил аз донишҷӯен ситонидани пул мебошад. Новобаста аз он, ки на ҳама донишҷӯен ба ивази гирифтани санҷишу имтиҳонҳо пул медиҳанд, аммо амали ситонидани пул аз тарафи устодон барои аксарияти онҳо ягон навигари нест. Бештар аз 33%-и пурсидашудагон изҳор намуданд, ки устодон аз донишҷӯен пул мегиранд. 26%-и онҳо гуфтанд, ки бо кӯмаки пул ба мактаби олӣ даромадаанд ва 24,2% амали бо пул дохил гардидани дӯстону наздикони худро тасдиқ карданд» - менависад муҳақиқ А.Каломов («Ҷумҳурият» №65 (20984) 11 июни 2005с.). Шакли дигар ва муосири назарсанҷи дар ҶТ бо иқдоми сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия Плюс» У.Бобохонов дар саҳифаҳои ин ҳафтанома ҷараён дорад, ки он низ барои муайян намудани мавқе, ақида, муносибати одамон ба масъалаҳои мубраму рӯзмарраи ҷомеа саҳми сазовор мегузорад. Чунин назарсанҷи бо роҳи таввасути ҳафтанома паҳн намудани пурсишнома ва ғун кардани чавобҳо дар сайти махсуси ин ҳафтанома ба вукӯъ мепайвандад. 
Маркази таҳқиқоти сотсиологии «Зеркало» (дар ш.Душанбе) дар мавзӯҳои «Хонандагони рӯзномаҳо» «Индекси вазъи истеъмолӣ (Индекс потребителҳских настроений)», «Зудтағирёбии иҷтимоӣ дар ҷомеа», «Алоқаи мобилӣ», «Буҷаи вақти сокинони шаҳр», «Интернет дар шаҳрҳои Тоҷикистон», «Вазъи муҳити зист», «Нақлиёти мусофиркаш», «Сигоркашии сокинони шаҳр», «Хизматрасонии тиббӣ» ва ғайраҳо тадқиқотҳои сотсиологӣ гузаронида доир ба мавзӯҳои зикршуда хулосаҳо пешкаш гаштаанд, ки барои баҳо додан ба ҳолати ҷомеа доир ба самти таҳқиқшуда аҳамияти калон дорад. Натиҷаҳои таҳқиқот, таҳлили он нишон медиҳанд, ки барои ҷомеашиносон, сиёсатшиносон, ҳокимиятдорон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба вазъи ин ё он самти ҳаёти ҷомеа мароқ зоҳир мекунанд, маводи бойи конкретӣ медиҳанд.
Мо дар ин ҷой танҳо чанд мисол аз тарзу усул ва роҳи назарсанҷии сотсиологӣ оварда, таъкид карданием, ки таҳқиқоти сотсиологӣ дар замони ҳозира яке аз роҳҳои асосӣва муҳимтарини муайян намудани табъу завқи одамон, ақида ва муносибати онҳо ба падидаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа буда, барои чораҳои амалӣ пешбинӣ намудан, дар таҳриру такмили идоракунӣ ё ба маҷрои дилхоҳ равон кардани инкишофи ҷомеа кӯмак мерасонад.
 
Саволҳо доир ба мавзӯъ:
1. Инкишофи сотсиология дар давраи шӯравӣ.
2. Инкишофи сотсиология дар давраи соҳибистиқлолии ҶТ

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив