Давраи натурфалсафа ва намояндагони он


Натурфалсафа (аз лот. natuга —табиат ва фалсафа), фалсафаи табиат, таъбири назарии табиат. Натурфалсафа табиатро ба таври яклухт мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Одатан барон Натурфалсафа таъбирн ғайритаҷрибӣ ва муҷарради ҳодисаҳои олам хос аст. Дар ибтидо Натурфалсафа барои ташаккули фалсафа роли муҳим бозид ва аз асотиру тахайюлоти мавқум бевосита ба ҷустуҷӯи асоси моддии ҳодисоти олами ҳастӣ кӯшид. Бинобар ин Натурфалсафаро метавон шакли аввалини фалсафа номид. Натурфалсафа муддати зиёде дар таърихи илм бинобар кофӣ набудани таҷрибаҳои илмӣ ва тадқиқи табиат шакли асосии таҳлили наза­рӣ ба ҳисоб мерафт.
Файласуфони қадими Ҳинду Чин ва Юнон фикрҳои ҷолиби диққате баён намуда буданд, ки барои тадқиқу санҷишҳои ояндаи илмӣ тако­ни қавӣ доданд. Масалан, фарзияи Де­мокрит ва Эпикур дар бораи аз атомҳо иборат будани олам дар таъ­рихи фалсафа ва умуман илм, аҳамияти бағоят бузургеро молик буд. Ё худ, қабл аз ин, андешаи натурфайласуфони мактаби Милет — Фалес, Анаксимандр, Анаксимен бо вуҷуди аз мазмуни асотирӣ озод набудани тахминҳояшон оид ба нахустмодда қимати зиёде дошт, зеро барои дигаргун шудани тасаввуроти космологӣ аз миён ба вуҷуд овард.
Фикрҳои доир ба сохти Коинот, баҳамнайвастагии аҷроми самовӣ ва
ҳамоҳанги» онҳо ҳамчуп сози мусиқй (Пифагор), абадият» Коинот ва замон (Арасту) ва як сил сил а фикрҳои бнкри аз тарафи намояндагони фалсафа» табиат дар Юнопи Қаднм пешпиҳодшуда таҳкурсии инкишофи минбаъдаи фалсафа ва табиатшиносӣ гардиданд.
Дар асрҳои миёна дар Шарқи исломӣ дар баробари зинда гардидани афкори безаволи юнониён ва пеш аз ҳама Афлотуну Арасту Натурфалсафа мазмуни амиқтар гирифт. Андешаҳои Зака­риёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигар дар бораи табиат (модда, ҳаракат, замон, макон, нафс, гардиши фалак ва ҳоказо) аз мазмунҳои материалистӣ саршор буданд.
Баробар» инкишофи капитализм дар Европа илмҳои табиӣ равнақ ёфт ва ба онҳо бештар шавқ пайдо гардид. Дар замони Эҳьёи Европа афкори Ҷ. Бруно, Б. Телезно, Т. Кампанелла ва дигар Натурфалсафаро боз рӯҳи тоза бахшид. Ақидаҳои пантеизми натуралистӣ ва гилозоизм инкишоф ёфт. Олимони ин давра ба табиат ҳамчун як узви том назар намуда, принципи айнияти олами кабир ва олами сағирро писандида буданд. Қатъи назар аз боварии табиатшиносон ва олимони ин давр ба ирфон, алхимия ва амсоли ин дар афкори онҳо оид ба инкишоф, муборизаи зидҳо ва ғайра  унсурҳои муҳимми диа­лектикӣ баён гардидаанд.
Дар асрҳои 17—18 дар Европа илмҳои таҷрибии табиатшиносӣ равнақ ёфта, тарзу усули математикию механикӣ бештар мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Бинобар ин зарурат ба Натурфалсафа ҳамчун усули омӯзиши таби­ат аз байн рафт. Дар асри 19 намояндаи фалсафаи классикии немис Ф. Н. Шеллинг Натурфалсафаро боз ба майдони фалсафа ҷилвагар кард. Шеллинг комёбиҳои илмҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла кашфиёти Л. Гальвин, А. Вольт, А. Лавуазье, Р. Броун ва дигарро аз назари идеализми объек­тивӣ таҳлилу ҷамъбаст кард. Мувофиқи ақидаи идеалистии Шеллинг зиддияти қутбҳо асоси тафриқаи тавҳиди ибтидоии табиат мебошад, шаклҳои олитарин бошанд ба ҳамон шаклҳои оддӣ ба савияи баланд иртифоъ ёфтаанд. Ин фикрҳо мағзи диалектики дошта, вале ба идеа­лизм ва илоҳиёт асос ёфта буданд. Карл Маркс ва Фридрих Энгельс муваффақият ва норасоиҳои Натурфалсафаро нишон дода, дар асри 19 ба он рӯ оварданро қадаме ба қафо медонистанд, зеро дар ин давра материализми диалектики ба таъбири ҳодисаҳои табиат василаи тавоное шуда, Натурфалсафа дигар аз ӯҳдаи таъбир ва тадқиқу ҷамъбасти кашфиётҳои илмӣ баромада наметавонист.
Асрҳост, ки дар бораи таносуби фалсафа ва илм, марзҳои байни онҳо ва дар бораи гаҳаввули ба ҳамтаьсирирасонии онҳо баҳсу мунозираҳо идома доранд.
Муқоисаи имкониятҳои маърифатии фалсафа ва илмҳои мушаххас, маълум намудани ҷойгоҳи фалсафа дар системам донишҳо аз ҷумлаи анъанақои куҳани фарҳанги аврупоӣ ба ҳисоб мсравад. Ҳанӯз дар замони атиқа Афлотун ва Арасту кӯшиш намудаанд, ки хусусиятҳои фарқкунандаи илм ва фалсафаро нишон диҳанд. Аз нигоҳи Арасту, фалсафа илми илмҳо аст, чупки он табиати мавҷудро маърифат мекунад, вале ҷиҳатҳои дохилии оп, шаклҳои алоҳидаи зуҳурёбии онро ба дӯши санъат ва илм вогузор мснамояд. Дониши қадимиён, ки дар он давра «философия» номида мешуд, хусусияти синкретӣ дошт. Он дар худ ҳам дониши илмӣ, қам дониши фалсафиро муттаҳид мепамуд.
Дар раванди таҳаввули фарҳапги аврупоӣ гупкунӣ ва рушди донишҳо тасаввуротро доир ба арзишҳои маърифатии фалсафаю илм ва таносуби онҳо тагйир дод. Муддати тӯлонӣ дониши мушаххаси илмӣ хусусияти гаҷрибавӣ ва тасвирӣ дошт. Фалсафа, дар навбати худ, барои офаридани манзараи назариявии олам (натурфалсафа, (1)алсафаи таърих), офаридани тасаввурот оид ба робитаҳои зуҳуроти мухталиф, ягонагии онҳо, тамоюл ва қонуниятҳои тагйироту инкишофи онҳо талош меварзид. Дар ин зимн маълум гардид, ки неруи пазариявии фалсафа (ҷахду талошҳои мантиқан асоснок кардани дониш, дар шакли назариявӣ ифода кардани он) аз имконияти илмҳои мушаххас тафовути ҷиддӣ дорад. Бо ҳамин сабаб аз Арасту то Гегел фалсафа «илми илмҳо» номида шудааст.
Аз асри XIX cap карда, дар допиши илмҳои мушаххас назарияҳо афзалияти нисбй пайдо кардаид. Ҷамъбасти назариявиро, ки қаблан фалсафаи зеҳнӣ иҷро мскард, акнун илмҳои ҷузъии назарияхои мукаммалдошта анҷом медоданд. Дар ин давра арҷгузорӣ ба илм ва паст задани фалсафа маъруф гашт. Тибки акидаи позитивизм, фақат дар ҳамон марҳилаи таърихӣ, ки ҳанӯз илм ташаккул наёфта буд, фалсафа арзиши маърифатй дошт. Илми рушдёфта ба фалсафаи зеҳнӣ ниёз иадорад. Худи илм масъалаҳои фалсафии ҳастиро бомуваффакият ҳал карда метавонад. Дар доираи позитивизм фақат вазифаи илмй-маърифатии фалсафа, ҷанбаи эпистемологии он мутлақ ҳисобида туда, ҷузъиёти ҳикмагии допиши фалсафй, самти ҷаҳонбинисози он аксаран инкор карда мешуд. Ин мавқеи хеле маъруф сабаби он гардид, ки илм ҳамчун омили маънавии универсалии ҳаёти инсоният тасаввур карда шавад.
Дар асри XX низ масъалаи таносуби илм ва фалсафа фаъолона муҳокима мегардид. Имрӯзҳо низ як гурӯҳ мутафаккирон ақида доранд, ки фалсафа ва илм аз лиҳози объекта тадқиқот фарқ доранд. Гурӯҳи дигари мутафаккирони муосир сарҳади байни онҳоро дар худи масъалаҳои таҳқикшаванда ҷустаанд, чунки фалсафа ва илм ин масъалаҳоро аз ҷиҳагҳои гуногун меомӯзанд.
Барой дақиқтар фаҳмидани таносуби фалсафа ва илм, чанде аз хусусиягҳои хоси дониши илмй ва фалсафиро зикр менамоем.
Он чй ки фалсафа ва илмро наздик месозад, дар асоси таҷриба ва хирад бо мафҳумҳои умумй ва абстракта инъикос намудани олам аст. Дарёфти ҳақиқаг, асосноккунии мантиқии дониш, ифода намудани он дар шакли назариявӣ, мустақилияти зеҳнӣ, муносибати интиқодӣ ба шахсиятҳои бонуфуз ҳама барои дониши илмй ва фалсафй умумй мебошанд.
Фалсафа на танҳо системаи донишҳои объективй дар бораи олам аст, он инчунин ҷаҳонбинӣ, системаи арзишҳо ва муқаддасот мебошад. Бинобар ин, фалсафа вазифаҳое дорад, ки онро ҳамгои илм мегардонанд, инчунин вазифаҳоеро иҷро мекунад, ки барои иҷрои онҳо илмҳои ҷузъӣ қодир нестанд.
Масъалаи фаҳмидани пояҳои арзишии илм ва фарҳанг умуман хусусияти фалсафӣ дорад, чунки предмети муҳокимаҳои фалсафӣ на олам худ ба худ, балки муносибати «инсон ва олам» аст.
Дар фалсафа худшиносии илм ташаккул меёбад, масъалаи моҳият ва хусусиятҳои фаъолияти илмймаърифатӣ таҳқиқ мегардад. Муҳокимарониҳои фалсафӣ дар бораи илм ба он мусоидат мекунанд, ки имкониятҳо ва дурнамои илм, механизмҳо, қувваҳои пешбарандаи дониши илмӣ, хусусияти ба ҳам таъсиррасонии илм бо дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, бо тарзи ҳаёту фарҳанг беҳтар фаҳмида шаванд. Чунин муҳокимаҳо алалхусус, дар марҳилаҳои инқилоби илмӣ зарур мебошанд,чунки дар ин вазъият асосҳои илм тағйир меёбанд, ташаккулёбии системаи нави тасаввуроту консепсияҳои илмӣ сурат мегирад. Масъалаҳои фалсафӣметодологй чун шарти таҷдиди назар кардани тасаввуроти анъанавӣ дойр ба предмету методҳои илм, чун заминай бароҳандозии тадқиқоти нав баромад мекунанд.
Фалсафа дар интихоби масъалаҳои тадқиқот, дар асосиоккунии фарзияҳо ва баҳогузории натиҷаҳо самти умумии ҷаҳонбиниро муайян мекунад. Таҳлили фалсафии натиҷаҳои илмӣ на фақат робита ва тафовути донишҳои наву қаблиро муайян мекунад, инчунин ба асосҳои методологии назару бинишҳои нав замина метузорад. Масалан, дарки натиҷаҳои нави тадқиқоти физикӣ ба ташаккули илми гайриклассикй асос гузошта, системаи нави ҷаҳонфаҳмиро ба миён овард.
Фалсафа вазифаи пешгӯиро барои табиатшиносӣ низ иҷро мекунад. Чунончи, идеяи атомистии атиқӣ дар асрҳои минбаъда ба факти табиатшиносӣ табдил ёфт. Идеяи рефлекси Декарт, фарзияи Кант-Лаплас доир ба найдоиши системаи офтобӣ ва тайраро низ метавон мисол овард. Фалсафа дар илм вазифаи интиқодиро иҷро намуда, донишҳои табиатшиносӣ, гуманитарӣ, техникиро муттаҳид мекунад, манзараи илмии оламро мураттаб месозад. Асосёбиҳои фалсафии илм допиши нави илмиро бо ҷаҳонбинӣ ва фарҳанг «пайваст» намуда, онро ба қаринаи иҷтимоӣ-фарҳангии замона марбут мегардонанд. Фалсафа вазифаи асосноккунии дониши қаблан ҳосилшударо иҷро мекунад. Дар таҳияи назарияҳои нав, дар азнавсозии сохторҳои меъёрии илм ва мапзараи воқеият иштирок карда, фалсафа вазифаи эвристикиро низ адо менамояд.
Чунонки қаблан зикр кардем, новобаста аз он ки инро муҳаққиқ дарк кардааст ё не, идеяҳо ва тасаввуроти фалсафӣ объективона дар тадқиқоти илмй ҷой доранд. Дар аксари ҳолатҳо аз идеяҳои ибтидоии фалсафӣ дараҷаи асоснокии фарзияҳо ва консепсияҳо вобаста мебошад. Албатта, фалсафа ба илм таъсир мерасонад, лекин бояд қайд намуд, ки олим дар муносибаташ ба таълимоти фалсафӣ мусгақилияти нисбӣ дорад.
Дар асри XX нақш ва аҳамияти унсури фалсафии фарҳанг афзуд. Ба ин, пеш аз ҳама, масъулиятшиносии инсон нисбати такдири тамаддун ва ҳаёт дар сайёра, зарурати самти гуманиста бахшидап ба инкишофи инсоният боис гашт.
Натурфалсафа тарзи ҷаҳонфаҳмй буда, ба чанде аз иринсипҳои зеҳнӣ асос ёфтааст. Дар натурфалсафа манзараи умумй бо дарбаргирии тамоми табиат пешниҳод мсшавад. Натурфалсафа таърихан нахустин шакли тафаккури ақлонӣ мсбошад, ки ба маърифати табиат равона шудааст.
Фалсафа тахминан то нимаи асри XVIII кисми зиёди дониш дар бораи табиат ва ҷамъиятро фаро мегирифт. Дар асри XVIII мафҳуми «илмҳои табиатшиносӣ» ва «илмҳои ахлоқӣ» мавриди истифода қарор гирифта, дар асри XIX мафҳуми «илмҳои гуманитарӣ» васеъ паҳн шуд. То охири асри XIX илм ғолибан бо тадқиқоти таҷрибавӣ машғул буд. Таҳлили масъалаҳои умуминазариявии штмҳои ҷузъиро фалсафа ба дӯш дошт.
Муддатҳои тӯлонӣ ақидас роиҷ буд, ки фалсафа илми илмқосту қудрати бсрун шудан аз ҳудуди таҷриба ва ҳосил кардани дониши «фавқуттаҷрибавӣ»-ро дорад. Дар доираи фалсафа чандин фикру андеша ва фарзияҳои заковатмандона иброз ёфтаанд, кашфиётҳо пешгӯй шудаанд, аммо сафсатагӯӣ низ дар он андак набудааст. Барои таҳқиқи фалсафии масъалаҳои назариявии илмҳои ҷузъӣ маводди таҷрибавӣ кофӣ набуд. Бинобар ин, тадқиқоти фалсафӣ бештар хусусияти абстрактӣ, зеҳнӣ догатанд ва натиҷаҳояшон бо далелҳо аксаран мувофиқат намекарданд. Натурфалсафа робитаҳои ошкорнашудаи зуҳуротро тахайюлӣ тасвир мекард. Он илмро зери бори гарони нақшаю фарзияҳои априорӣ, аз воқеият дурбуда мстузошт. Ин махсусан дар асри XIX, вобаста ба тагйир ёфтани мақом, сохтор ва предмета табиатшиносии назариявӣ возеҳтар зуҳур ёфт.
Дар охири асри XVIII-аввали асри XIX табиатшиносии озмоишӣ-риёзӣ миқдори лозимаи маводди озмоиширо ҷамъоварӣ карда буд. Масъалаи дарёфт намудани принсигш умумӣ ба миён омад. Чунин нринсип далелҳои таҷрибавиро муттаҳид намуда, тадқиқоти назариявй ва озмоиширо дар доираи илми алоҳида бояд мутобиқ мсгардонид. Натурфалсафаи назариявӣ ва системаҳои фалсафаи зеҳнӣ-ақлонӣ, ки бидуни далелҳои амалия донишофарӣ мекарданд, минбаъд дар ҳалли масъалаҳои фалсафии илм оҷиз монданд.
Ташаккули сохтори фаннии илм ва фаъолияти ниҳодишудаи илмӣ аз зарураги омӯхтани моҳияти фаъолияти илмй-маърифатӣ ва баҳогузории интиқодӣ ба заминаҳоу амалиётҳои фаъолияти илмӣ дарак медод. Дар айни замон аҳамият ва пақши гасаввуроту идеяҳои фалсафӣ дар рушди тадқиқоти илмӣ муҳимтар эҳсос мегашт. Маҳдудиягу ноқисиҳои муҳокимаҳои зеҳнйақлонӣ (билкул аз неруи ақл сарзада)-и натурфалсафа ва метафизикам классики маълум мешуд. Илм барои рафъ кардани нақшаю фарзияҳои априории аз воқеият дур роҳи халосӣ меҷуст, чунки онҳо рушди илмро халалдор менамуданд. Натурфалсафа ҳамчун «илми илмҳо» завол меёфт. Дар чунин вазъият гурӯҳи муайяни мутафаккирон иброз карданд, ки давру замони метафизика интиҳо ёфт ва давраи дониши мусбат, давраи фалсафаи позигивӣ фаро расид.
Сабабҳои асосии заволи натурфалсафа инҳо буданд:
• ташаккул ва ба дараҷаи муайян густариш ёфтани илмҳои табиатшиносй;
• маълум шудани махдудиятҳои ҷамъбасти абстрактии зеҳнӣ-ақлӣ, муносибати интиқодии табиатшиносони номӣ ба тасаввуроти натурфалсафӣ;
• аз ҷониби позитивизм маҳкум шудани натурфалсафа, ба фалсафа ниёз надоштани илмро талқин кардани позитивистон.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив