Олами ҳайвонот як қисми ҷудонашавандаи табиати зинда буда, дар асоси далелҳои палеонтологӣ сарчашмаи пайдоиши ҳайвонот ба давраи кембрӣ мансуб аст. Ин давра ба эраи протеразой рост меояд, ки он давраи аввали ҳаёт мебошад ва он 3-3.5 млрд сол давом кардааст. Дар ин эра қариб ҳамаи намояндаи типҳои ҳайвоноти бесутунмӯҳра пайдо шудаанд. Ба тадқиқи олами ҳайвонот илми зоология машғул аст. Зоология аз калимаи юнонии «зоо» -– ҳайвон, «logos» - илм буда, он олами ҳайвонотро меомӯзад. Зоология ба гурӯҳи фанҳои биологӣ дохил мешавад. Дар ин китоб дар бораи системаи ҳозиразамон, гуногуншаклӣ, аломатҳои зоҳирӣ ва дохилӣ, экология, эволютсия, аҳамият ва зарари ҳайвоноти бесутунмӯҳра дар табиат ва ҳаёти инсон маълумот дода шудааст. Аз таърихи фанни зоология ва систематикаи (низоми) олами хайвонот. Ҷамъоварии мавод дар бораи олами ҳайвонот аз асри санг (палеолит) оғоз ёфтааст. Одамон ҳайвонотро ром мекарданд, бо мақсадҳои гуногун шикор мекарданд, акси ҳайвонотро дар деворҳои ҷойҳои истиқоматашон тасвир мекарданд. Дар Чини қадим ва Ҳиндустон дар бораи ҳайвонот асар эҷод мекарданд. Аз давраҳои Арасту олами зиндаро фақат ба ду олам ҷудо мекарданд- ҳайвонот ва растанӣ, вобаста ба ин биологияро фақат ба ду фан - зоология ва ботаника тақсим кардаанд. Аммо баробари инкишофи илм, тасаввурот дар бораи организмҳои зинда ба куллӣ дигар шуда, таснифи организмҳо низ ба олам тағйир ёфт. Дар замони ҳозира олами зиндаро ба ду рӯйолам: беҳастаҳо (прокариотҳо) ва ҳастадорҳо (эукариотҳо) ҷудо мекунанд. Ба прокариотҳо –архебактерияҳо (бе пардаи ҳуҷайра) ва бактерияҳо (пардаидуқабата дошта ) дохил мешаванд. Эукариотҳоро ба се олам ҷудо мекунанд: растанӣ, ҳайвонот ва занбуруғҳо.Асоси зоологияи илмиро дар солҳои 384- 322 то эраи мо мутафаккири бузурги Юнони Қадим Таърихи инкишофи илми зоология ба таърихи инкишофи илми систематикаи ҳайвонот зич алоқаманд аст. Дар ҳақиқат ҳам бо ин қадар миқдори зиёди ҳайвоноти руйи Замин, агар олимон дар даст ягон маводе, ки ҳаматарафа мавқеи ҳайвонҳои омӯхтаро дар шаҷараи олами ҳайвонот аниқ муайян кунанд, сарфаҳм рафтан ғайри имкон буд. Ин мавод систематикаи ҳозиразамон буда, он дар натиҷаи корҳои пурмашаққати олимони зиёд, дар давоми таърихи инкишофи илм ба вуҷуд оварда шудааст. Арасту донишманди хело машҳур буда, қариб 500 намуди ҳайвонотро омӯхта, асарҳои зеринро навиштааст, ки онҳо то ҳоло қиммати худро гум накардаанд: «Таърихи ҳайвонот», «Дар бораи пайдоиши ҳайвонот», «Дар бораи қисмҳои ҳайвонот». Арасту дар асарҳояш ба ғайр аз тавсифи қиёси- анатомии ҳайвонот ва одам, дар бораи шаклҳои афзоиш, инкишофи ҷанини моҳӣ, парранда, ширхӯр, метамарфози ҳашарот, узвҳои аналогӣ, гомологӣ, коррелатсия, рафтори ҳайвонот, тарзи зиндагонии он, таъсири муҳити зист ба ҳайвонот, таснифи ҳайвонот, маълумоти муфссал додааст. Арасту кӯшиш кардаст, ки олами ҳайвонтро ба система дарорад. ӯ олами ҳайвонотро ба ду гурӯҳи калон ҷудо кард: ҳайвоноти хундор ва бехун. Дар замони ҳозира ба ҳайвоноти бехун –ҳайвоноти бесутунмӯҳра, ба хундор- ҳайвоноти сутунмӯҳрадор дохил карда шудаанд. Арасту дар вақти омӯхтани ҳайвонот, усули ба ҳамдигар муқоиса кардани онҳоро истифода мебурд. Вобаста ба дараҷаи мураккабшавӣ, ҳайвонотро аз сода ба мураккаб ҷойгир карда «зинапояи табиатро» ташкил дод. Арасту дар ибтидои зинапоя ҷисмҳои ғайризиндаро гузошта, баъд растаниҳо, ҳайвоноти беҳаракат-исфанҷҳо, ассидия, ки онҳоро зоофит (ҳайвон-растанӣ) меномид, ҷой кард. Дар зинаҳои дигар ҳайвоноти дараҷаи паст, олӣ ва одамро ҷой дода буд. Ғояҳои ҷорӣ кардаи Арасту дар бораи инкишофи таърихии олами ҳайвонот, эволютсияи ин оламро инъикос намекард. Аммо аз сабаби дар он замон обурӯйи баланд доштани Арасту, системаи ҷорӣ кардаи ӯ дар давоми 2000 сол ягона система боқӣ монд. Минбад омӯзиши олами ҳайвоноти дунё бо суръати тез пеш рафт. Масалан, агар дар замони Арасту (асри IV то мелод) тақрибан 500 намуди ҳайвонот маълум бошад, ҳоло шумораи онҳо зиёда аз 2 млн аст. Дар қарнҳои IX-X бошад, Абӯалӣ ибни Сино дар асарҳояш «Ушшифо», «Наҷот», «Китобулишорат ва танбеҳот», «Донишнома», «Алқонун» дар бораи олами ҳайвонот маълумотҳои зиёдеро овардааст. Абӯалӣ ибни Сино барангезанда ва паҳнкунандаи бисёр касалиҳои сирояткунандаи инсонро ба ҳайвон ва махсусан ба ҳашароти хунмак вобаста мекард. Ҳамин ақидаи Ибни Синоро баъди 10 аср дар асри ХХ олими рус Е.Н.Павловский исбот карда, назарияи ӯ дар илм бо номи назарияи трансмиссивӣ (манбаи табии доштани касалиҳои сирояткунанда) пайдо шуд ва ӯ бо мукофоти олии давлатӣ сазовор шуда, номи ин олим машҳури ҷаҳон гардид.Таърихи мухтасари тадқиқотҳои ҳайвоноти бесутунмӯҳра дар Тоҷикистон. Рушди илми зоология дар Тоҷикистон ба пешравии зоология дар ИДМ ва ҷаҳон зич вобаста аст. То Инқилоби Октябр (1917) тадққиқотҳои зоологӣ асосан дар шаҳрҳои калони Руссия- Маскав, Петербург, Киев, Харков, Қазон ва ғайраҳо бурда мешуданд. Пас аз Инқилоб дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон марказҳои тадқиқотӣ илмии олами ҳайвонот ташкил карда шуд. Тадриҷан мактабҳои калони зоологӣ, махсусан мактабҳои калони илмии паразитологӣ бо сарварии Е.Н.Павловский, К.И.Скрябин дар Осиёи Марказӣ бо муваффақият кор мекарданд. Табиати нотакрори Тоҷикистон аз олами ҳайвонот бой аст. Аз ҳамин сабаб ҳанӯз аз асрҳои гузашта таваҷҷӯҳи табиатшиносонрo махсусан табиатшиносони русро: Н.А.Северсов(1827-1885), А.П.Федченко (1844-1873), Г.Е. Грум- Гржимайло (1860-1936), В.Ф.Ошанин (1844-1917) ва ғайраҳоро ба худ ҷалб намуда буд. Дар он замон Тоҷикистон ҳамчун ватани кӯҳсор, ватани то андозае сарбаста, қариб бе роҳҳои мошингард, барои тадқиқотчиёни илмӣ қариб дастнорас буд. Фақат шахсони дар боло номбурда ҷуръат пайдо карданд, ки ба ин диёри кӯҳсор экспедитсияҳои илмӣ ташкил карда, қадамҳои аввалинро дар омӯзиши табиати бойи Тоҷикистон, аз ҷумла олами ҳайвонот гузоранд. Тадқиқотҳои ин олимон гарчанде аҳамияти бебаҳо доштанд, вале тамоми тадқиқотҳои то соли 1917 гузаронида хусусияти тасвирӣ, мавсимӣ ва кофтуковӣ дошт. Дар бораи омӯзиши пурраи фаунаи ин ё он гурӯҳи олами ҳайвонот, аҳамияти амалии ин ё он намуди ҳайвонот барои кишоварзӣ, чорводорӣ, саломатии инсон сухан намерафт. Дар он замон касалиҳои сирояткунанда аз қабили вараҷа, лейшманиёз, касалиҳои кирмҳои муфтхӯр хеле авҷ гирифта буданд. Ба муқобили ин касалиҳо қариб ягон чораҳои тибиӣ илмӣ гузаронида намешуд. Аҳамияти ҳайвоноти бесутунмӯҳра дар табиат ва ҳаёти инсон Чӣ хеле ки маълум аст, дар олами ҳайвонот ҷонварони бесутунмӯҳра аз ҷиҳати шумораи намуд ва аз ҷиҳати миқдори фардҳо, аз намудҳо ва фардҳои ҳайвоноти сутунмӯҳрадор садҳо маротиба зиёдтаранд. Аз шумораи умумии ҳайвоноти рӯйи замин 96%-ро бесутунмӯҳраҳо ва ҳамагӣ 4%-ро хордадорон ташкил медиҳанд. Ҳайвоноти бесутунмӯҳраро дар об, болои замин, хок, ҳаво ва дар бадани дигар организмҳои зинда дидан мумкин аст. Аҳамияти ҳайвоноти бесутунмӯҳра дар табиат ва ҳайёти инсон бениҳоят калон аст, аз ҳамин сабаб зоологияро на фақат дар мактабҳои миёна, балки дар бисёр факултаҳо ва донишгоҳҳои олӣ меомӯзанд. Нақши ҳайвоноти бесутунмӯҳра дар гардиши моддаҳо дар табиат. Агар растаниҳо бавуҷудоварандаи моддаҳои органикӣ бошанд, ҳайвонот истеъмолкунандаи онҳо мебошанд. Аз рӯйи ҳисоби олимон вазни (массаи) умумии ҳамаи растанӣ ва ҳайвоноте, ки дар тамоми таърихи замин ҳаёт ба сар бурдааст аз вазни сайёраи мо хеле зиёд аст. Аммо массаи растанӣ ва ҳайвоноти дар як вақт вуҷуд дошта, қариб доимӣ буда 0,1% массаи умумии рӯйи заминро ташкил медиҳанд. Доимӣ будани миқдори моддаи зиндаро дар биосфера, беист гузаштани гардиши биологии модда таъмин мекунад. Моддаҳои органикие, ки растаниҳои сабз ҳосил мекунанд аз тарафи ҳайвоноти растанихӯр (гетеротрофҳои тартиби якум) истеъмол карда мешаванд, онҳоро дар навбати худ организмҳои гӯштхур (гетеротрофҳои тартиби дуюм ва аз ин боло) истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, «силсилаи хӯрокӣ» пайдо мешавад. Ҳайвонот одатан ба хӯрдани ин ё он ҷои бадани растанӣ мутобиқ шудаанд. Масалан, решаи растаниро кирминаи шелкунҳо, лавҳамӯйлабҳо, кирми бумчашми тирамоҳӣ ва ғайраҳо мехӯранд. Поя ва навдаи онро гамбӯскҳои пӯстлоқхӯр, златка ва гамбӯскҳои дигар истеъмол мекунанд. Барги растаниро кирмаки шапаллакҳо, арракунакҳо, гамбӯскҳои баргхӯр, ширинча, канаҳо ва ғайраҳо мехӯранд. Қариб ҳамаи ҳайвоноти сутунмӯҳрадор дар хӯрок растаниҳоро истифода мебаранд.
Таърихи инкишофи зоологияи бесутунмӯҳрадорон
Мавзуҳои монанд:
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни "География" (шифоҳӣ) қисми I аз 1 то 20 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни География (шифоҳӣ) қисми II аз 20 то 35 саволнома
- Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз 30 июни соли 2021, №458
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халқи тоҷик қисми II аз 15 то 30 саволнома
- Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни Таърихи халки точик қисми I аз 1 то 15 саволнома
Комментарии (0)