Китоби дӯстдоштаи ман


Дуруст аст, ки одамони бомаърифат дӯстдорони илму донишанд. Онҳо пайваста мутолиа мекунанд, китоби дӯстдоштае доранд, ки аз андешаронӣ, аз гуфтору рафтори қаҳрамонҳои он барои худ чизе мегиранд ва дар зиндагӣ ба кор мебаранд. Китоб чист, китоби дӯстдоштаи ман кадом аст? Чаро ман ин китобро писандидаам? Мехоҳам доир ба ин мавзӯъ андешаи худро баён намоям.

Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ, дарси одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист. Ба гуфтаи Абдураҳмони Ҷомӣ :

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст, 
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

“Аниси кунҷи танҳоӣ”-и ман, китоби дӯстдоштаи ман “Шоҳнома“-и Абулқосими Фирдавсист. Чаро ин ганҷинаи ҳикмат китоби дӯстдоштаи ман аст ?

Дар ин асари безавол худшиносӣ, инсонпарварӣ ва ватандорӣ аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор мераванд. Вақте ман ин китобро мутолиа мекардам, аз хирадпешагию фарҳангпарварии Ҷамшед, Кайхусраву Анӯшервони одил, аз донишдӯстиву зиракии Бузургмеҳри ҳаким, аз қаҳрамонию ватандории Рустами Дастону Сиёвуш барин мардони бузург, аз ватанпарварии Гурдофариди далер ба ваҷд меомадам. Ман ифтихор мекардам, ки гузаштагони мо чунин фарҳангдӯсту ватанпарвар буданд. Як сухани Бузургмеҳри ҳаким ба ман писанд омад, ки гуфтааст : “Ба мардумон беҳтарин ҳунар доноӣ ва хирад аст “. Имрӯз дар пайравӣ аз ин сухан мо илму дониш меомӯзем, техникаю технологияи замони ҳозираро аз худ мекунем. Медонам, ки танҳо бо илму дониш, бо рӯй овардан ба фарҳанг мо ба худшиносӣ мерасем, инсондӯсту ватанпарвар мешавем.

Аз мутолиаи “Шоҳнома“ меҳри Ватан – Тоҷикистони азиз, ки ҷузъе аз “Эрони боофарин” (ибораи Фирдавсӣ) аст, дар дили ман бештар ҷой гирифт . Акнун ман ба гузаштаи халқам эҳтиром мегузорам , бо омӯхтани гузашта барои ободии имрӯзу фардои Тоҷикистон кӯшиш мекунам. Ҳар зарраи хоки Тоҷикистон барои ман азиз аст. Ба қавли Гулрухсор :

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст, 
 
Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

Хулоса, ба фикри ман китоб раҳнамои зиндагии инсон аст. Аз китоб роҳи мо равшан аст, аз китобхонӣ мо ба худшиносӣ мерасем, дӯст доштани халқу ватанамонро, эҳтиром гузоштан ба инсониятро меомӯзем. Мехоҳам ҳамаи мардум дӯстдори китоб бошанд, онро чун обу нон, чун ҳаво азиз доранд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив