Ҳар қадар доранда бошӣ, доимо хоксор бош,
Ҳам ба нангу номусу ҳам марди бо Имон бош.
Гар тавони ту бигир дасти гадою бенаво,
Бош доим дар намозу марди парҳезгор бош!
Ҳар як инсон зебопараст аст. Баъзеҳо дунболи зебогии зоҳирӣ гашта, аз поктинатии ботинӣ ғофил мемонанд. Чашми инсон мисли дарёест – беканор. Ба ҳама гулҳои зебои шукуфон қатраҳои оби мусаффояшро мепошад.
Хоксорӣ яке аз он гулҳои зебои шукуфонест, ки бештар ба обутоб ниёз дорад. Шахсе, ки дар сирати худ хоксориро парвариш мекунад, ҳамеша меҳрубону некӯсиришт мегардад. Ӯ бо рафтору кирдор ва ҳарфзанӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад. Миёни мардум обрӯйи худро ҳифз намуда, дар дилу дида нақш мебандад.
Нафароне вомехӯранд, ки баъзан вақт аз хоксорию фурӯтании дигарон ба нафъи худ суйиистофода мебаранд. Аз чунин одамон дурӣ бояд ҷуст, то дар охир пушаймон нагардӣ! Чунки ба ин гуна шахсон ба ғайр аз манфиати хеш чизи дигаре муҳим нест.
“Дунё – гузарон” гуфтаанд. Ҳама, рӯзе бо ин олам падрӯд мегӯяд. Вале пас аз рафтан ба дунёи фонӣ, танҳо номи нек ва сифатҳои накӯ аз инсон боқӣ мемонад. Агар шахсро ҳамчун ҳалиму накӯкор, хоксору ширинзабон ёд кунанд, ин худ як ифтихор аст!
Аз навиштаҳои боло бармеояд, ки хоксорӣ на танҳо зиннатбахшандаи инсон, балки абадзиндакунандаи номи ӯст.
Комментарии (0)