Дарё. Мавқеи табиию географӣ, орография, шароити иқлимӣ ва бисёр будани захираи пиряху тармаҳо омили асосии пайдоиши дарёю кӯлҳои Тоҷикистон мебошанд. Тӯли умумии дарёҳое, ки аз 10 км бештар дарозӣ доранд, ба 28500 км мерасад.
Қисми зиёди дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи Баҳри Арал тааллуқ доранд. Дарёҳои асосии Тоҷикистон Ому, Зарафшон ва ғайраҳо мебошанд. Дарёҳо вобаста ба манбаи ғизо, низом ва аҳамияти хоҷагӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дарёҳои Тоҷикистон азҷиҳати ғизогирӣ 4 навъ мешаванд: пиряху барф, барфу пирях, барфу борон ва обҳои зеризаминӣ.
Ҷиҳати муҳими дарёҳои Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо дар болообашон бинобар нишеб будани маҷро (даҳҳо метр дар 1 км) ниҳоят тез ва пурҷӯшу хурӯш буда, баробари ба водӣ расидан нисбатан ором ҳаракат мекунанд.
Низоми дарёҳо ба тарзи ғизогирӣ вобаста аст. Аксари онҳо дар тӯли сол ду маротиба – баҳорон ҳини об шудани барф ва боронгарӣ ва тобистонар натиҷаи об шудани пиряхҳо туғён мекунанд. Бахусус туғёни дарёҳо дар тобистон аҳамияти калон дорад, зеро дар ин давра растаниҳо ниҳоят обталаб мешаванд. Зимистон оби дарёҳо бисёр кам шуда, истифодаи онҳоро душвор месозад. Аз ин лиҳоз барои танзими ҷараёни дарёҳо обанборҳо бунёд мекунанд.
Дарёи Панҷ яке аз дарёҳои калонтарин буда, дар тӯли 921 км қад – қади сарҳади ҷанубии ҷумҳурӣ ҷорӣ мешавад. Дарёи Панҷ чандин шохоб дорад: Шоҳдара, Бартанг, Мурғоб, Оқсу, Язғулом, Ғунд, Ванҷ, Қизилсу ва ғайра. Ҳамаи онҳо аз пирях ва барфҳо ғизо мегиранд. Сарфи оби он ба 1000м3/сония баробар аст.
Аз андароби дарёҳои Вахш ва Панҷ дарёи Ому сар шуда, ба масофаи 35 км аз ҳудуди Тоҷикистон ҷорӣ мегардад. Аз мобайни дарёи Ому сарҳади ИДМ бо Ҷумҳурии Афғонистон мегузарад. Дарёи Ому ба ҷумлаи дарёҳое мансуб аст, ки ғизогирии омехта доранд. Дар ғизогирии ин дарё аҳамияти пиряхҳо низ калон аст. Тӯли дарёи Ому 2294 км мебошад.
Вахш бузургтарин шохоби дарёи Ому аст. Тӯли он 524 км мебошад. Дарёи Вахш низ ба ҷумлаи дарёҳои ғизогириашон омехта мансуб аст (вале бештар аз пиряхҳо ғизо мегирад). Ин дарё берун аз сарҳади шимолии ҷумҳурӣ, аз нишебиҳои қаторкӯҳи Паси Олой бо номи Қизилсу сар мешавад. Сипас вай номи Сурхобро гирифта, баъди ба дарёи Хингоб ҳамроҳ шуданаш Вахш номида мешавад.
Вахш манбаи асосии оби ҷумҳурӣ буда, аҳамияти калони обёрӣ ва энергетикӣ дорад. Сарфи миёнаи солонаи обаш ба 600 м3/сония баробар аст. Дарёи Вахш киштзори водиҳои Вахш, Ғаравутӣ, Ёвону Обикиик, даштҳои ташналаби Данғараро шодоб мегардонад.
Кофарниҳон шохоби рости дарёи Ому буда, 387 км тӯл мекашад. Ин дарё аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор сар шуда, аз водии Ҳисор ҷорӣ мешавад. Кофарниҳон аз барфу пиряхҳо ғизо мегирад. Сарфи оби он 102м3/сония мебошад. Оби Кофарниҳонро барои обёрии водиҳои Ҳисор, Кофарниҳон ва Бешкент истифода мебаранд.
Зарафшон ба ҷумлаи дарёҳои калони Осиёи Миёна мансуб буда, дар байни ҳавзаи дарёҳои Ому ва Сир ҷойгир шудааст. Зарафшон бо номи дарёи Масчоҳ аз пиряхҳои Зарафшон сар шуда, аз байни қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшон ҷорӣ мегардад. Дар миёнаоб ба дарёи Зарафшон шохобҳояш – дарёҳои Фон, Киштут Зарафшон тезҷараён ва маҷрояш танг мебошад. Дар наздикии Панҷакент дарё ба водӣ мебарояд, ки он ноҳияи қадимтарини кишоварзӣ аст. Дарёи Зарафшон бинобар дар воҳаҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон комилан барои обёрӣ истифода шуданаш, то дарёи Ому рафта намерасад. Тӯли умумии Зарафшон 877 километрро ташкил менамояд. Сарфи обаш 164м3/сонияро ташкил медиҳанд.
Сир дарёи дуюмин ва дарозтарини Осиёи Миёна мебошад. Ин дарё дар қаламрави Тоҷикистон аз вилояти Суғд ҷорӣ мешавад. Тӯли дарёи Сир аз сарчашмааш 2684 км буда, 195 км-и он аз сарзамини Тоҷикистон мегузарад. Шохобҳои дарёи Сир – Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва ғайра мебошанд.
Кӯл. Дар ҷумҳурӣ масоҳати кӯлҳо 0,5%-и қаламрави онро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби ҳамаи кӯлҳо дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷой гирифтаанд. Дар ҳамвориҳои кӯлҳо фақат дар дарёбодҳо воқеъ гардидаанд. Вобаста ба пайдоиши ҳавза кӯлҳо ба пиряхӣ, тектоникӣ ва ярчӣ ҷудо мешаванд.
Ба кӯлҳои пайдоишашон пиряхӣ метавон аксари кӯлҳои Помири Шимолӣ ва Шарқиро мансуб донист. Қарокӯл, Зоркӯл, Шӯркӯл, Рангкӯл, Турумтойкӯл ва ғайра аз ҷумлаи кӯлҳои баландкӯҳи ҷаҳон мебошанд. Ҳамаи онҳо дар баландии зиёда аз 3700-4000м ҷойгир шудаанд. Калонтарин кӯли пайдоишашпиряхию тектоникии Тоҷикистон Қарокӯл аст (Помири Шарқӣ). Масоҳати он (бидуни ҷазираҳо) 380 км2 ва чуқуриаш (дар қисми ғарбӣ) то 236 м мебошад. Оби кӯл шӯр аст ва дар он тақрибан ҳаёт нест. Кӯлҳои пайдоишашон пиряхӣ дар қаторкӯҳҳои Зарафшон (Кӯликалон) ва Пётри Якум – Ҳазорчашма дар болооби дарёи Сурхоб низ мавҷуданд.
Искандаркӯл дар мавзеи ҷангалзори қаторкӯҳи Ҳисор дар баландии 2255 м воқеъ аст. Масоҳаташ 3,5 км2 ва чуқурии бештаринаш то 72 м мебошад. Оби кӯл ҷорӣ мешавад.
Обҳои зеризаминӣ. Дар Тоҷикистон обҳои зеризаминӣ фаровон мебошанд. захираи солонаи онҳо 18,7 км3 -ро таш–ил менамояд. Аз ҷумла захираи истифодашавандаи он ба 2,8 км3/сол баробар аст. Ҳоло ба ҳисоби миёна аз он соле 2,3 км3 истеъмол менамоянд. Обҳои зеризаминии Тоҷикистон аз ҷиҳати таркиби химиявӣ, таъм, тарзи ҷойгиршавӣ ва аҳамият ниҳоят гуногунанд.
Дар ноҳияҳои кӯҳии Қаромазор, Тоҷикистони Марказӣ ва Помир, ки аз ҷинсҳои метаморфӣ, таҳшин ва магмавӣ таркиб ёфтаанд, чуқурии ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ аз чанд метр ба 100-150 метр мерасад. Дар ноҳияҳои ҳамвори ҷумҳурӣ бошад, дар чуқуриҳои 5-40 метр ҷойгир шудаанд. Захира ва чуқурии ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ, на фақат ба шакли релеф, балки ба шароити иқлим низ вобастагӣ дорад. Маъмулан, дар ноҳияҳои хушки ҷумҳурӣ, ки боришот кам аст, захираи обҳои зеризаминӣ низ кам буда, онҳо хеле чуқур ҷойгир мебошанд. Ба ин ноҳияҳо минтақаҳои биёбону нимбиёбонҳои ҷануб ва ҷануби ғарби Тоҷикистон, инчунин Помири Шарқӣ мансубанд.
Пиряхҳо. Кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон манбаи бузурги пиряхҳо мебошанд. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6%-и сарзамини ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Чунин миқдори ях дар натиҷаи ғуншавии барфҳои бисёрсола, ки тақрибан аз баландиҳои 3000-3500 м сар мешаванд, ба вуҷуд омадааст. Пиряхҳо бахусус дар баландиҳои аз 3500 то 5300 м бештаранд.
Қисми зиёди пиряхҳо дар шимол ва ғарби Помир, инчунин дар кӯҳҳои Тоҷикистони Шарқӣ ва Марказӣ ҷой гирифтаанд. Пиряхҳои калон дарёҳо номи худро доранд: Федченко, Грум – Гржимайло, Зарафшон, Гармо, Ҷамъияти географӣ, Хирсон ва ғайра. Пиряхи аз ҳама калони Тоҷикистон пиряхи Федченко мебошад, ки дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академия Илмҳо дар водии байникӯҳӣ ҷой гирифтааст. Дарозии ин пирях 77 км, бараш тақрибан 5 км ва ғафсиаш то 1800 м мебошад.
Комментарии (0)