Об барои рушди устувор


Об барои рушди устуворЗиндагии инсон аз ибтидо то интиҳо ба об марбут аст. Дар ҳақиқат об ин ҳаёт, зиндагист. Об ин неъмати бузург аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебошад. Обро инсон на танҳо барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кучаву хиёёбонҳо, обёрии заминҳои кишт истифода мебаранд. Инчунин, об барои мо ҳамчун роҳи нақлиёти обӣ хизмат мекунад, ки ба воситаи он киштиҳои гуногунҳаҷм мусофирон ва бору маҳсулотҳоро дастрас мекунанд. Об ҳаст, ки ба воситаи нерӯгоҳҳои баркӣ-обӣ қувваи барқ ҳосил мешаваду хонаҳои моро равшан мегардонад. Барои соҳаи саноат низ об яке аз ҷузъҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳар як фабрикаву завод барои тайёр кардании маҳсулоти худ аз об истифода мебарад. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам об бошад, пас мо вазифадорем, ки ин сарчашмаи бузургро, ки асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда ва покиву ободист, тозаву озода нигоҳ дорем. Нагузорем, ки онро ифлос кунанд, бузургон гуфтаанд:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ аз он оби пок,
 Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об, қимат донистани ҳар қатраи ин мӯъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсон аст. Чуноне ки мегӯянд, гуруснагиро рафъ карда мешавад, аммо ташнагиро рафъ кардан хеле душвор аст. Яъне, ки гуруснагиро бартараф кардан мумкин аст, аммо барои ташнагӣ илоҷ хеле муушкил аст. Марбут ба об мақол ва дуои машҳуре ҳаст. Мегӯянд, ки об барин умрат дароз шавад… Бинед, чӣ гуна таманниёти зебо. Ин гуфтаи маъмулии халқ ба мақол мубаддал гаштааст.

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Олимон исбот кардаанд, ки инсон бе хӯрок метавонад то 3 моҳ ва бе об танҳо 2-3 рӯз зиндагӣ кунад. Организми кӯдак 80,6%, миёнсол 75,9% ва калонсолон 60-70% обро ташкил медиҳад. Ҳатто 50% организмҳои ҳайвонот ва растаниҳо аз об иборатанд. Инсон дар як сол тақрибан 60 тонна об менӯшад.

Ҳофизи Шерозӣ дар яке аз ғазалҳояшон мегӯянд:

Мо дар пиёла аски рухи ёр дидаем,
 Эй бехабар аз лаззати шурби мудоми мо.

Об сарчашмаи шифои беморон аст. Абӯалӣ ибни Сино дар асри Х дар асари ”Қонуни илми тиб” дар қатори дигар воситаҳои муолиҷаи маризон, обро чун нигоҳдорандаи саломатӣ қайд кардааст.

Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
 Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив