Симои модар ва бузургдошти он дар эҷодиёти Гулназар Келдӣ


Нақша:

1. Мавзӯи модар яке аз асоситарин мавзӯъхо дар эҷодиёти шоир
2. Тасвирҳои воқеии модар
3. Хулоса


Симои модар ва бузургдошти он дар эчодиёти Гулназар КелдиГулназар Келдӣ – муаллифи Суруди миллӣ, зодаи деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ буда, дар оилаи Мирзокелдӣ таваллуд ёфтааст. Падару модари Гулназар аз шахсони бомаърифати деҳа будаанд. Худи Мирзокелдӣ табъи равони шоирӣ низ доштааст. Гулназар таҳсили ибтидоӣ ва ҳам таҳсилоти олиро бо нишони тиллову бо дипломи аъло хатм намудааст. Ӯ аввалин шеърҳои худро дар мактаби деҳа эҷод намудааст. Мероси адабии шоир доманадор буда, мавзӯъҳои мухталифро дар бар мегирад. Аввалин китоби шоир бо номи “Расми сарбозӣ” соли 1969 ба табъ расидааст, ки ҷолиб аст.

Сипас маҷмӯаҳои шоир “Дастархон”, “Норбон”, “Ағба”, “Паҳно”, “Пайи дарё”, “Табхола”, “Шакарнам” пайиҳам чоп шудаанд. Ӯ барои бачагон низ шеърҳо эҷод кардааст. Асарҳои насрии шоир аз қабили “Лоиқе чун Лоиқе”, “Хотираи муаллим”, “Баҳори Вахш”, “Тарона ва замона” хазинаи адабиёти моро боз ҳам ғанитар гардондаанд. Дар мероси адабии шоир аз шаклҳои суннатии шеърӣ рубоӣ ва дубайтӣ мавқеи хосса доранд. Ӯ дар рубоиҳо ва дубайтиҳои худ масъалаҳои муҳими ҷомеаи инсониро дар шакли мӯъҷазу дилнишин ифода намудааст.

Яке аз мавзӯъҳое, ки шоир ба он дилбастагии зиёд доштааст, ин симои модар мебошад, ки шоир онро дилсӯзона ва самимона ситоиш кардааст. Ӯ дар ҳама давраҳои эҷодии худ модарро васфу ситоиш кардааст. Гулназар, ҳамчун фарзанди кӯҳистон, мавриди гусели фарзанди баркамоли модарро бо пухтани тӯшаи роҳ, ки модарон бо ҳазор ишқу муҳаббат мепазанд, хеле муносиб тасвир намудааст:

Кунун вақти саҳар шуд, модари ман,
Бароям мепазӣ ту тӯшаи роҳ.
Чу ахгар тоб дорӣ, сӯз дорӣ,
Ки дар нон гармии худро гузорӣ.

Бо вуҷуди ҳамаи ин меҳрубониҳо, гусели фарзанд барои модар басо душвор будааст, ки аз паси фарзанди дилбандаш ашк мерезад:

Гуселам мекунӣ хомӯш, хомӯш,
Паноҳ бинмуда чашмони тари худ.
Фидои чашмҳои интизорат,
Назодӣ охирам танҳо бари худ…

Шоир бо тамоми ҳунари шеърии худ хостааст, ки мақому мартабаи ҷаҳонии модарро бар хилофи амали ҷаҳонгирони воқеӣ возеҳу равшан нишон диҳад:

Сад Сикандар ба пеши ту ҳеҷ аст,
 
Фавҷи лашкар ба пеши ту ҳеҷ аст.
 
Теғу ханҷар ба пеши ту ҳеҷ аст,
 
Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Хулоса, Гулназар дар мисраъҳои баъдина бузургӣ ва безаволии модари тоҷик ва дар симои ӯ тамоми модарони дунёро хеле ҷолиб тасвир кардааст. Ба қавли худи ӯ, модар кӯр мешаваду ҳанӯз раҳпаймои фарзанди дилбандаш аст:

Ҳар ҷаҳонгир рӯҳсиёҳи туст,
Куштаи пургуноҳи оҳи туст.
Ин ҷаҳон зинда дар паноҳи туст,
Модарам, модари ҷаҳонгирам.

Шоир дар шеърҳои худ, одатан, хислатҳои зотии модарони тоҷикро хеле ҷолиб тасвир намудааст:

Бод равшан ситораи бахтат,
К-аз ту равшан ситораи тоҷик.
То ту ҳастӣ, ҳамора меҷунбад,
Дар замин гаҳвораи тоҷик.

Гулназар шеърҳои ба модар бахшидаи худро ба ҷараёни зиндагии худ алоқаманд медонад, зеро онҳо заминаи воқеӣ доранд. Шоир ба ҳаёт, ба атроф, ба ҷомеа назари амиқ дорад ва ба ҳама ҳодисаву воқеаҳо воқеъбинона назар меафканад.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив