Меҳмон ва меҳмондорӣ


Бузургони мо «Меҳмон-атои Худо»-гуфтаанд. Ба хонадони одамони хушбахт меҳмон меояд. Чуноне, ки мегӯянд: «Баракаи ризқи меҳмон чиҳил рӯз пеш аз омаданаш ба хонаи мизбон дохил мешавад». Мардуми мо аз азал меҳмоннавоз аст. Бо дидани меҳмон шоду хуррам шуда, гиреҳҳои дили худро мекушояд, ки гуфтаи шоир ба ин маънӣ рост меояд:

Чу меҳмон оядат, дилшод мебош,
Зи ҳар банду ғаме озод мебош!

Рӯзе устоди мӯътабар Тошхӯҷаи Асирӣ ба хонаи Ҳоҷӣ Юсуфи муҳандис, ҷуғрофишинос, сайёҳ, мироб, хулоса олими номии асри XIX ва аввали асри XX меҳмон шудаанд. Дар меҳмонхонаи эшон низ якчанд байт мунаққаш гардида, аз ҷумла байти машҳури зерин ҳам будааст.

Аз қудуми меҳмон гардад мунаввар хонаам,
Хона фонус асту меҳмон шамъу ман парвонаам.

Вақте ки оши палавро ба табақ меоранд, баногоҳ шахсе даромада меояд. Чун ба дасташ об мегиранд, ба сари дастурхон омада нишаста, дар масъалаи ба замин обмонӣ шикоятро сар мекунанд. Ва дар зикри бозору нарху навову гову гӯсфанд сухан меоранд. Чун Ҳоҷӣ Юсуф аз мақдами меҳмони нохондаи камфаросат ба танг омадани мавлоно Асириро эҳсос мекунанд, ба меҳмон: «Марҳамат намоед , аввал таом в-он гаҳ калом»-мегӯянд.

Меҳмони баҳонаталаб ба собунак карда гирифтани оши палав шурӯъ менамояд. Асирии асабонишуда ҳарфи фарди болоиро андак тағйир дода, ба мизбон нигариста мегӯянд:

Аз қудуми меҳмон гардид мунқис хонаам,
Хона оғил асту меҳмон гову ман кунҷораам.

Чуноне, ки дар ҳаёт мебинем, меҳмонҳо ҳам, мизбонҳо ҳам гуногунанд. Қариб ки ягон кор ба мисли меҳмондорӣ кори душвору нозук нест. Зеро баъзеҳо ба обу ошу пӯсту палос, ҷою ҷалолатон эътибор медиҳанд, баъзеҳо ба феълу атвори озодагӣ- покии рӯзгор, яъне нафосати меҳмонқабулкунию меҳмонгуселкунӣ эътибор медиҳанд.

Доираи меҳмондорӣ васеъ аст. Аз як сар карда то садҳо кас ҳам меҳмон ҳисоб меёбад. Барои меҳмондорӣ дар баъзе оилаҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо аз сидқи дил тайёрӣ мебинанд. Ҳаракат мекунанд, ки хонаву ҷо ороставу пироста, дастурхони пур нозу неъмат бошад. Чуноне , ки Таскинии Хуҷандӣ гуфтааст:

Чӣ хуш меҳмондорӣ-нозу неъмат рӯи дастурхон,
Гирад чашму димоғатро ба сад алвон.
Табиат шоҳу хотират вазир гардида биншинӣ,
Ба шарте, шодчеҳру хушсухан пайрав шавад мизбон.

Худи мизбонҳо ҳам дасту рӯйяшонро пок карда, либосҳои тозаро пӯшида, то ба кӯча рӯбучин намуда, дар назди дарвоза мунтазир мешаванду меҳмонро бо чеҳраи шод, бо суханҳои пухтаву боадабона, бо навозиш ба хона таклиф намуда, «хайрамақдам» мегӯянд.

Чун меҳмонҳо ба хона даъват карда шуданд, дар навбати худ аз рӯи синну сол ва ё мартабаи илму дониш ба ҷойҳои нишондодашуда гузашта менишинанд (агар пеш аз тановули таом ба дастҳо об гирифта шавад, боз ҳам савоби бузург аст).

Баъзе ҳолатҳо ҳам мешаванд, ки «гузаред-гузаред!», «аз Шумо шавад!»- бисёр такрор ёфта, одамон маътал ҳам мешаванд. Меҳмонҳои нозуктабъи бомаърифат либосҳои вазнинашонро аз бар кашида, пойафзолашонро низ оҳиста бароварда, ба ҷои муносиб гузошта менишинанд.

Одамони бефарқ бошанд дуруст шустушӯй накарда, ҳатто ришу фашро ба тартиб надароварда ва ё бо либосу пойафзоли чанголуд ба болои кӯрпачаҳои покиза гузашта менишинанд. Одамоне ҳам пайдо мешаванд, ки бо нохунҳои дарози тагааш кап – кабуд ба хӯроквориҳо даст дароз карда, табъи дигаронро нохуш мекунанд. Дар ин мавзӯъ бузургон гуфтаанд:

Андарун аз таом холӣ дор,
То дар он нури маърифат бинӣ,

                                                                                                                                Саъдии Шерозӣ

Тандурустӣ агар ҳавас бошад,
Андаке аз таом бас бошад.

Камолуддини Биноӣ

Баъзе мизбонҳо ҳам вомехӯранд, ки ба меҳмон дар бораи нарху навоои чизҳои харидаашон ва ё камчинии онҳо шарҳ медиҳанд, ки ин ҳаргиз аз одоби меҳмондорӣ нест. Дар ин мавзӯъ Таскинии Хуҷандӣ чунин гуфтааст:

Чу меҳмон расадат ба дастурхонат,
Чу гавҳар ба садаф дорӣ забонат.
Зи бозору зиндагӣ магӯю манол,
Тавонӣ барояш фидо кун ҷонат.

Меҳмон ҳам бо таклиф равад беҳтар аст, ки Соиби Табрезӣ гуфтааст:

Бе талаб зинҳор бар хони касе меҳмон машав,
Гавҳари беқиммати санги таҳи дандон машав!

Хулоса, меҳмони нохонда машав. Эҳтиёт бош! Дар сари дастурхон худнигоҳдорӣ ҳам кори муҳим аст. Баъзеҳо ҳатто тарзи пиёладориро намедонанд. Нисфи ангушт ба даруни пиёла даровара, ба шумо чой дароз мекунанд. Ин метавонад табъи меҳмонро хира созад.

Бешубҳа, сӯҳбати сари дастурхон гуногун ва ба аҳли маҷлис-меҳмонҳо вобаста аст. Масалан, касоне ҳам ёфт мешаванд, ки ба гӯши якдигар пичирроскунон менишинанд, ки ин одати ниҳоят бад аст. Дар бисёр ҷойи сӯҳбатҳо ранги дунёпарастӣ, амалпарастӣ мегиранд. Қатъи назар аз он ки Муҳаммад расулаллоҳ дар ҳадисе гуфтаанд: «Алҳирсу маҳримун». Яъне: «Касе ба ягон коре ё чизе аз ҳад зиёд меҳр монаду ӯро носерӣ занад, маҳрум нашуда намемонад».

Ногуфта намонад, ки дар меҳмондориҳои нисбатан доирааш васеъ ба исрофкориҳои зиёде роҳ дода мешавад. Пас аз рафтани меҳмонҳо таоми бисёри сарқутшуда чалахӯрдашударо маҷбур мешаванд, ки ба чорво диҳанд. Вагарна вубол карда, ба ягон ҷое мепартоянд. Оё намедонем, ки дар зарраҳои нозу неъмат саҳми меҳнати шуурӣ ва ҷисмонии мо – бандагон сарф гардидааст. Охир: «нон ҳам нону нонреза ҳам нон»-гуфтаанд-ку! «Қадри неъмат пас аз заволи неъмат»- мегӯянд.

Маҳз ба туфайли бефарқию қадршиносиамон ба рӯзҳои қиммативу қаҳатӣ расида будем. Ба қадри меҳнат расиддан, ин қадри худро донистан аст. Касе ки қадри худро намедонад, қадри дигаронро аз куҷо донад?!


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив