Нақша:
- Ҳаёти шоир
- Мероси илмиву адабии шоир
- Достони “Беҳрӯзу Баҳром”
- Композитсия ва сужети асар
Соли 1453 дар оилаи усто Муҳаммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн ҳадду канор надошт. Падар ба ӯ Шералӣ ном мегузорад. Муҳаммадхон марди ҳунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагиашон фақирона мегузашт. Шералӣ дар мактаб нағз мехонд, ба суханони устодонаш диққат медод. Натиҷаи ҳамин саъю кушиш буд, ки ӯ бисёр илмҳои замонаашро ба хубӣ аз худ кард. Ӯ бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусиқӣ майлу рағбат дошт. Ҳанӯз дар айёми мактабхониаш шеърҳои хуб менавишт. Дар ин бора худи шоир чунин мегӯяд:
Ёдам омад, ки баҳри касби адаб,
Мешудам тифл ҷониби мактаб.
Табъи мавзун маро ғаризӣ буд,
Фаҳми ман дар камоли тезӣ буд.
Пайваста осори адибони гузашта ва муосири худро мутолиа карда аз бар менамуд. Баъд ба худ тахаллуси Биноӣ ва Холиро интихоб мекунад. Вале ӯ бештар бо тахаллуси Биноӣ машҳур аст..
Биноӣ дар шаҳри Ҳирот зиндагӣ мекард ва дар он рӯзгор Ҳирот яке аз марказҳои асосии илму адаб ба ҳисоб мерафт. Аз ин рӯ, дар сабзиши ӯ роли мактаби адабии Ҳирот басо бузург аст. Биноӣ яке аз шогирдони беҳтарини Абдураҳмони Ҷомӣ буда, юаъдтар ба дарбори Ҳусеёни Бойқаро даъват мешавад.
Мақому шуҳрати Биноӣ дар байни хосу ом, аҳли илму адаб зиёд мегардад. Биноӣ на танҳо бо шеърҳои намакинаш дар байни мардум машҳур мегардад, балки дар донистану иншо намудани илмҳои мусиқӣ, таърих ва ғайра ангуштнамои замонаш буд. Ӯ доир ба илми мусиқӣ, таърих ва ғайра ангуштнамои замонаш буд. Ӯ доир ба илми мусиқӣ ду рисолаи илмӣ таълиф намуд. Илова бар ин, ба шеърҳояш оҳанг баста, суруд мехонд.
Биноӣ гумон дошт, ки дарбор ҷои олимон ва шоирони бузург аст. Дар он ҷо кас метавонад асарҳои шоиста эҷод кунад. Вале баъд аз он, ки бо аҳли дарбор шинос мешавад, мебинад, ки дар байни олимон, донишмандон ва адибони бузург як гурӯҳ лаганбардорон, хушомадгӯён ва, ниҳоят, одамони пасту разил низ ҷамъ омада, ҳамеша аз пайи озори якдигар мебошанд. Ба муқобили аҳли фазлу хирад шеърҳои ҳаҷвӣ эҷод карда, онҳоро масхара менамояд. Биноӣ дар байни онҳо чанде зиндагӣ карда, аз фитнаю найрингт ҳасудон, шоирони маддоҳ ба фарёд меояд ва азобу ранҷи зиёде мекашад. Байтҳои зерин ҳаёти онрӯзаи шоирро хеле барҷаста инъикос намудаанд:
Ситамгаро, фалако, каҷраво, ҷафокоро!
Нагӯямат, ки маро мулки подшоҳӣ деҳ.
Туию кӯҳнаработи хароб бар сари роҳ,
Зи ҳар кӣ хоҳӣ, ситонӣ, ба ҳар кӣ хоҳӣ, деҳ!
Биноӣ аз ҳасудон халосӣ ҷуста, соли 1487 аз шаҳри Ҳирот баромада, ба Табрез меравадж. шоир баъд аз 4 сол, яъне соли 1491 боз ба Ҳирот меояд. Валде дар ин вақт Осиёи Миёна ва Хуросон майдони ҳарбу зарбҳои хунин қарор гирифта буд. Ҳуҷуми Муҳаммади Шайбонӣ ва Шоҳ Исмоили Сафавӣ мамлакатро нотинҷ ва халқро қашшоқ гардонид. Биноӣ маҷбур шуд, ки як макони осудае ёбад, то ки солҳои охирини ҳаёти худро каме оромтар гузаронад. Аввал ба Самарқанд меравад. Чанд муддат зиндагӣ мекунад. Вале аҳволаш беҳ намешавад.
Аз ҳамин сабаб ба Қаршӣ меравад. Вале дар тирамоҳи соли 1512 Шоҳ Исмоили Сафавӣ бо сардории Наҷм Сонӣ барои забти Мовароуннаҳр лашкар кашид. Бисёр шаҳру ноҳия ва деҳаҳои ободро вайрон карда, мардумро бехонумон гардонд. Аз ҳама ваҳшонияте, ки ин сардори мутассибдар ин кишвар кард, қатли оми мардуми Қаршӣ буд. Дар ин куштор ки соли 1512 ба амаломад, камолиддини Биноӣ дар қатори садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ дар айёми ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз байн рафт.
Дар меоси адабии шоир қариб ҳамаи жанрҳоихурди лирикӣ: ғазал, қасида, қитъа, рубоӣ ва ғайраро дидан мумкин аст. Аммо ғазал дар мақоми аввал меистад. Биноӣ дар ғазалсароӣ пайрави Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавист.
Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногунанд. Шоир муҳаббати поки инсон ва саодату меҳнати ӯро дар ғазалиёташ хеле зебоба қалам доодааст.
Тавре ки аз тарҷумаи ҳоли шоир бармеояд, бештари ҳаёти адиб дар ғарибӣ, дурӣ аз ватану ёру диёр гузаштааст ва дар ғарибӣ зиндагиро падруд гуфтааст. Албатта, ин ба эҷодиёти адиб таъсири калон расонид. Аз ин ҷост, ки мавзӯи ғарибӣ – ёди ватан, хешу ақрабо дар лирикаи ӯ мавқеи калон дорад. Қаҳрамони лирикӣ ёди ёру диёр карда, оби чашмаш шашқатор мерезад, оҳи сард аз дили пурдард мекашад ва худашро ба шахси мотамзада, ғамзада, аламзада монанд мекунад:
Дар ғарибӣ ҳама шаб ғамзадаеро монам,
Ваҳ, куҷо ғамзада, мотамзадаеро монам.
Рӯз ҳам аз ситами гардиши гардун чу ҳилол,
Шаҳрбигрехта, мотамзадаеро монам.
Биноӣ намояндаи табақаи поёни ҷамъият аст. Табиист, ки зиндагии мардуми ин табақа бо азобу машаққат мегузашт. Нони серӣ ва тани пӯшидаро намедиданд. Рӯзгори Биноӣ чӣ дар ватан ва чӣ дар ғарибӣ ҳамин тавр қашшоқона мегузашт. Ӯ саъю кӯшиш карду илм омӯхт, дар ин роҳ ранҷу сахтиҳои зиёде дид, аммо ба муроди дил нарасид. Бинобар ин шикояти қаҳрамони лирикӣ аз замонаи бемурувват на танҳо ба рӯзгори адиб дахл дорад, балки шикояти садҳо, ҳазорҳо мардуми бечораю бенавост:
Дар умри худ муроди диле ҳосилам набуд,
В-аз умр як нафасба муроди дилам набуд.
Бе дарду ғам наям нафасе, гӯёӣ аз азал
Ҷуз дарду ғам сиришта дар обу гилам набуд.
Бештари қитъаю рубоиёти шоир мавзӯъҳои пандуахлоқӣ доранд. Биноӣ дар онҳо ахлоқи ҳамидаи инсониро ситоиш намуда, инсонҳоро ба поквиҷдонию ростқавлӣ, хоксорию накӯкорӣ ҳидоят мекунад. Дар баробари ин дар бисёр қитъаю рубоиёташ ашхоси мутакаббир, дилсиёҳ, золи ва беадолатро мазаммату накӯҳиш намудааст. Биноӣ баъзан дар рубоиёташ ҳаёти қашшоқонаашро тасвир намуда, таъкид менамояд, ки агар шахс барои қонеъ намудани қути лоямути худ ва аҳлу аёл чизе надошта бошад, умуман, рӯзгорашро пеш барад.
Биноӣ дар қасидасароӣ низ дасти тавоно доштааст. Шоир асосан дар ин масъала ба анъанаи қасидасароёни гузашта пайравӣ кардааст. Дар эҷодиёти адиб қасидаҳои мадҳӣ ва ҳасбиҳолӣ бештаранд.
Достони “Беҳрӯзу Баҳром” дар эҷодиёти шоир мақоми аввал дорад. Асар дар муддати 10 сол навишта шудааст ва 7702 байтро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки соли 1507 маснавӣ ба анҷом расидааст. Худи Биноӣ мақсади эҷод намудани ин достонро чунин гуфтааст:
Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ,
Ҷустам, аз ҳар кӣ буд дар офоқ.
Бар сару пои он кутуб гаштам,
Бар баду неки халқ бугзаштам,
Ҷамъ кардам фавоид аз ҳад беш,
Бар гирифтам тариқи мақсади хеш.
Ки чу маҳсули ман ба рафъ расад,
Хӯҳачине аз ӯ ба нафъ расад.
Достони “Беҳрӯзу Баҳром” аз наъту муноҷот шурӯъ мегардад. Пас аз ин шоир дар сабаби назми китоб, мақсаду мароми хеш аз таълифи асар сухан мегӯяд. Баъд ду боби ба ҳам алоқаманд, ки яке ба асъалаҳои ахлоқи нек ва дигаре ба ахлоқи бад башида шудаанд, меоянд. Дар ин қисматҳо шоир шоир ҳамчун қаҳрамони лирикӣ намудор шуда, муносибати худро ба ин ду масъала баён кардааст. Сипас бевосита сужети асар шурӯъ мегардад.
Дар шаҳри Ҳамадон ду бародар – Хоҷа Хусрав ва Хоҷа Азиз дӯстона зиндагӣ мекарданд. Хусрав Гулчеҳр ном духтари соҳибҷамол ва Азиз бошад ду писар – Баҳром ва Беҳрӯз дошт. Ҳар се дар мактаб якҷоя мехонданд. Гулчеҳр ва Беҳрӯз бисёр нағз хонда, ба сухани устодон бо мароқ гӯш мекарданд. Дар сари вақт вазифаҳоро иҷро менамуданд. Боақлу боодоб буданд. Саъю кӯшиш, меҳнату машақати Гулчеҳр ва Беҳрӯз зоеъ нарафт. Онҳо бисёр илмҳои маъмули замонаашонро ба хубӣ аз худ карда, аз илму фарҳанг бархурдор гардиданд. Баҳром танбалу коргурез буд, ба матаб, ба омӯзиши илму дониш майл надошт. Ӯ бо одамони бадахлоқ ҳамроҳ шуда, вақти худро ба корҳои беҳуда мегузаронид. Ба ҳамин тариқ, ӯ ба як шахси сиёҳдил, бефарҳанг ва, умуман, зарарноки ҷомеа табдил ёфт. Дар баробари ин Баҳром мехоҳад ба Гулчеҳри зебо издивоҷ кунад. Аз ин рӯ, падарашро маҷбур мекунад, ки ба хонаи амакаш рафта, духтарашро барояш хостгорӣ кунад. Гулчеҳр ва падараш ба издивоҷ розӣ намешаванд. Гулчеҳр Баҳромро бад мебинад. Аммо ба Беҳрӯз майлу рағбат ва муҳаббат дорад. Беҳрӯз ҳам Гулчеҳрро нағз мебинад. Вале ишқашро изҳор намекунад. Хусрав муҳаббати ҳар дуи онҳоро фаҳмида, ба бародараш Азиз мегӯяд, ки ман духтарамро танҳо ба Беҳрӯз медиҳам.
Баҳром ин хабарро шунида, ба хашму ғазаб меояд. Бадкирдориаш боз ҳам зиёд мегардад. Одамкушӣ ва дуздӣ мекунад. Аз зиёнкории ӯ мардум ба дод меоянд. Ӯро борҳо ба маҳкамаи қозӣ бурданд. Падараш Хоҷа Азиз тамоми дороию сарваташро дар ивази бадкориҳои содиркардаи Баҳром ба товон медиҳад. Падару модар ба фарзанд ҳарчанд насиҳат мекунанд, аммо зиёнкориаш боз зиёдтар мегардад. Пас аз ин Хоҷа Азиз аз Беҳрӯз, ки дар он рӯзгор ҳамчун яке аз шахсони донишманду хирадманд эътироф шуда буд, хоҳиш мекунад, ки ӯро насиҳат карда, ба роҳи рост раҳнамун созад. Сипас қисматаи дуюми достон шурӯъ мегардад. Ин қисматро “Насиҳатномаи Беҳрӯз” гуфтан равост. Насиҳатнома аз 20 боб иборат буда, қариб ҳамаи масъалаҳои тарбиявию ахлоқиро дар бар мегирад. Ҳар як боб ба масъалаҳои алоҳида бахшида мешавад. Шоир ҳангоми кушодани масъалаҳо барои тақвияти фикр ҳикояю масалҳои ахлоқии зиёдеро меорад, ки онҳо бобҳоро шавқовар гардонидаанд. Вале бояд гуфт, ки дар ҳамин ҷо хати сужети асар канда мешавад. Ҳаёти минбаъдаи қаҳрамонҳои асосии достон – Гулчеҳр ва Беҳрӯз ба хонанда норавшан мемонад. Маълум намешавад, ки “Насиҳатномаи Беҳрӯз” ба Баҳром то чӣ андоза таъсир расонд. Оё ислоҳ шуд, аз роҳи бад баргашт? Хулосаҳои дақиқ бароварданро адиб ба хонанда ҳавола кардааст.
Скачать реферат Камолидини Бинои:
Комментарии (0)