Мо ҷавонони ватан созандаем,
Пайравони пешвои миллатем.
Шукри истиқлолу ваҳдат, шукри сулҳ,
Шукри он ки бо руҳи пурханданем.
Ҷавонон захираи тиллои давлат буда, дар ҳар давру замон пешбаранда ва идомадиҳандаи рисолаи таърихиву ватанпарварӣ мебошанд. Онҳо бузургтарин маъсулияти давлатдориро бар зимма доранд, зеро тамоми давлату миллат ба донишу заковати ин табақаи ҷомеа боварӣ доранд. Имрӯз ҷавонони мо аз ҷавонои замони пеш бо мафкураи хуби донишомӯзӣ, тарбияи баланди ватанпарастӣ фарқ мекунанд.
Мо ҷавонон, алалхусус ҷавонони даврони истиқлол дорои тамоми шароити баланди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, дар донишгоҳҳои гуногуни дохилию хориҷӣ, корхонаҳои давлатию шахсӣ озодона кору фаъолият намуда истодаем.
“Ҷавонон ояндаи миллатанд” – қайд мекунад дар тамоми гузоришу паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунки ин шахсияти бузург ба ояндаи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон бо назри нек нигоҳ карда, ҷавононро созандагони ояндаи дурахшону пешбарандагони корҳои бузурги мардони роҳи озодиву созандагӣ меҳисобад. Пас моро месазад то баҳри ободӣ, пешрафт, инкишоф ва озодии миллату давлати худ саҳмгузор бошем. Чунки мо дорои ғанитарин таърихи дунёи қадим, фарзандони бузургтарин шоирону орифонем.
Ҷавонони мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, зеро имрӯз мо дар замоне қарор дорем, ки ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб зуҳур карда истодаанд. Ин гуна ҳаракатҳои номатлуб арои бероҳа намудани ҷавонон аз ҳар гуна роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Аламовар он аст,ки имрӯз бархе аз ҷавонои мо надониста ва ё бо сабаби чизе шомили чунин ҳизбу ҳаракатҳо гардида, давраи ширинтарини ҳаёти худро месӯзонад. Мо ҷавонон бояд ин баҳори умри худро чунон хуб ва моҳирона истифода барем, ки дар айёми пирӣ аз замони хушбахтарини умри худ бо як ҷаҳон таассурот ёдоварӣ кунем. Чуноне, ки шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтааст:
Ҳоло, ки ман ҷавонам дунё пур аз ҷавонист,
Ҳар ҷо, ки по гузорам он ҷо пур аз ҷавонист.
Ба қавли бархе аз ҷомеашиносон рушду нумӯи давлат аз ҷавонони зираку донои он вобастагӣ дорад, чӣ қадаре, ки насли ҷавони кишвар хирманд бошанд, ҳамон қадар сатҳи иҷтимоиву иқтисодии давлат пеш меравад. Ин қишри ҷомеа бояд ба тамоми наслҳои боқимонда намуна бошад, дар тинати онҳо бояд ҳисси баланди ватандӯству ватанпарварӣ, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор ҷой дошта бошад.
Ҷавонони тоҷик имрӯз парчамбардорони миллат дар арсаҳои байнанмиллалӣ буда, обрӯ ва эътибори ватани азизамонро баланд бардоштаанд. Маҳз заҳматҳои олимону бузургони мо, ки онҳо низ дар даврони ҷавони илм омӯхта буданд, имрӯз моро ҷаҳон бо Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Ҷомию Рудакӣ ва Фирдавсию Ҷалолиддини Балхӣ мешиносад. Мо имрӯз масъулияти бузургеро бар зимма дорем, зеро мо давомдиҳандаи кору фаъолияти бузургони худ ҳастем.
Комментарии (0)