Амир Фахриддини Маҳмуд Ибни Яминиддин соли 1287 дар деҳи Фарюмад , ки 16 фарзанд дуртар аз шаҳри Сабзавор воқеъгардида буд, ба дунё омад. Падари Амир Фахриддини Маҳмуд Яминиддин ном дошт ва марди соҳибмаърифат ва шоир буд. Яминиддин дар дарбор, дар назди вазири Хоҷа Алоуддин Маҳмуд вазифаи муставфигиро ба зимма дошт ва рӯзгори хуш доштанд. Ӯ дар ҳамин оила рушду камол ёфт ва бо дастгирии волидайн илм омӯхт ва соҳибмаълумот гардид Амир Фахриддин барои такмили дониш ба шаҳри Сабзавор рафт ва дар пеши бузургони илму адаб дониши хешро сайқал дод. Ӯ асосан илми шеъру адаб ва арӯзу қофияро дар назди падар омӯхт. Падари Фахриддини Маҳмуд нозукиҳои пешаи шоирон ҳам аз нигоҳи назарӣ ва ҳам амалӣ хеле хуб медонист ва онро ба фарзандон таълим дод. Чун Амир Фахриддини Маҳмуд бузург шуд ва ба шеър гуфтан оғоз кард, барои худ тахаллуси Ибни Яминро лоиқ донист ва пасон бо ҳамин унвону тахаллус дар байни хоссу ом маъруфу машҳур гардид. Аммо ин ҳаёти пурнишоту рӯзгори хеш дер давом накард. Нахуст падари Ибни Ямин соли 1322 вафот кард. Шоир маҷбур шуд, ки ба дарбори Хоҷа Алоуддин биёяд. Маҳз дар ҳамин давра дар ситоиши Хоҷа Алоуддин қасидаҳои мадҳӣ иншо намуд. Аммо дар дарбор ба ӯ рӯйи хуш надоданд. Бинбар ин маҷбур шуд, дарборро тарк намояд. Пас ба Гургон рафт ба чанд мудат дар хизмати ҳокими он ҷой бимонд. Дар ҳамин вақт Сарбадорон зуҳур намуданд. Косаи сабри мардум аз зулм тааддии истилогарони муғул лабрез шуд ва баҳри озодӣ ба қиём хестанд. Ибни Ямин ҳам ба Сарбадорон ҳамроҳ шуд ва ҳам бо камону шамшер ва ҳам бо қалам мубориза сар кард. Ибни Ямин дар яке аз муҳорибаҳои шадид, ки соли 1342 дар шаҳри Зовани вилояти Хуф ба амал омада буд, асир афтид.
Ҳамин тавр, Ибни Яминро дар қатори асирон ба ҳирот оварданд. Он ҷо чор сол дар зиндон ранҷу озор дид. Ҳамеша дар пеши назараш симои модари меҳрубон ва кӯдакони хурдсолаш ҷилвагар буданд. Бо ёди онҳо шабонро дар зиндон рӯз меукард. Ӯ ғаму дарди хешро бо шеърҳои ҷигарсӯзаш таскин мебахшид. Барояш зиндонбони ғамгусор дафтар, давоту қалам меовард. Баъзе қитъаоти дардноке дар кунҷи зиндон эҷод бикард. Овозаи ин ба гӯши Амир Ҳусайни Курт расид ва бо амири ӯ Ибни Ямин аз зиндон озод шуд. Пасон шоир соли 1347 назди пайвандону модари мушфиқи меҳрубон озими роҳ шуд. Чун ба деҳи Фарюмад ворид гардид, модари ғамдида гӯё болу пар кушод ва бо пайвандон писари шоирашро истиқбол гирифт. Аз чашмони фурӯ рафтаю меҳрангези модар донаҳои ашки шодӣ метаровид. Модар писарашро ба оғӯш кашида, бӯсаборон мекард. Шодии фарзандон ҳадду канор надошт.
Ибни Ямин то поёни умр зодгоҳашро тарк накард. Боғи ноободи падарро боз обод намуд. Дар канортари он боғи нав бунёд кард. Ӯ меҳнат мекарду эҷод ҳам. Дар асарҳои офаридааш ҳодисоту воқеоти аз сар гузарондаашро хеле воқеъбинона рӯйи дафтар меовард. То тавонист, то дар ёд дошт, абёти девони гумкардаашро барқарор намуд.
Хулоса, Ибни Ямин умри бо баракат дид. Соли 1368 дар зодгоҳаш-деҳаи Фарюмад аз дунё гузашт. Шоирро дар паҳлӯи падар ба хок супориданд.
Комментарии (0)