Бемориҳои чашм


Беморихои чашмБемориҳои чашм — бемориҳои узвҳои чашм (пилк, аъзои ашк, косаи чашм). Тарбод, сил, сифилис, вараҷа, брутселлёз ва ғайра, инчунин ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бемориҳои силсилаи асаб ва рагҳо, авитаминоз ва ғайра мумкин аст муҷиби бемориҳои чашм шаванд. Ин гуна бемориҳо аз таъсири механикӣ (зарбу лат), кимиёӣ (кислотаҳо, ишқорҳо) ва физикӣ (гармӣ, рӯшноӣ, афканишоти радиоактив) низ сар мезананд. Ихтилоли фаъолияти босира — наздикбинӣ, дурбинӣ ва астигматизм низ ба бемориҳои чашм тааллуқ доранд. Баъзе бемориҳои чашм, масалан, глаукома, кӯчидани тӯрпарда, харобии асаби босира, трахома ва ғайра мумкин аст боиси нобиноӣ гарданд. Бемориҳои чашмро соҳаи махсуси тиб — офталмология меомӯзад.

Қарнияи (Кератит) чашм дар биноии инсон нақши муҳим дорад. Аммо ин қисамти чашми одамӣ низ дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мебошад. Яке аз хатароти асоси барои қарния, раванди илтиҳобӣ ба шумор меравад. Раванди илтиҳобӣ (шамолхурӣ) дар қарнияро дар истилоҳи тиббӣ «каротит» меноманд.

Илтиҳоби қарния бемории хатарнок буда (бар асари шамолхурӣ), ба паст шудани биноӣ ва ҳатто нобиноӣ оварда мерасонад.

Аз ҳама шакли паҳнгаштаи илтиҳоби қарния — керотити сироятӣ ба шумор меравад. Ҷараёни илтиҳобии хусусияти сироятӣ доштаро асосан вирусҳо ва бактерияҳо ба вуҷуд меоранд. Бемории каротит метавонад бо сабаби ҷароҳатдор гаштани қания низ ба вуҷуд ояд. Дар баҳору тобистон бошад, бисёр вақт каротит метавонад бо сабаби вокуниши олергикӣ ба гарди растаниҳо пайдо шавад. Инчунин истеъмоли баъзе доруҳо, халал дар мубодилаи моддаҳо (мутаболизм), бемориҳои энодкринӣ, камбуди витаминҳо ва ғ. метавонанд боиси сар задани раванди илтиҳобӣ дар қарния ё ҳамон бемории каротит гарданд.

Ҳангоми каротити сатҳӣ, муроҷиати саривақтӣ ба чашмпизишк имкон медиҳад бемориро пурра табобат кунанд ва аз паст шудани биноии чашм ҷулӯгирӣ намоянд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив