Ҳаёт ва фаъолияти Малеҳои Самарқандӣ


Нақша:

1.Мухтасари тарҷумаи ҳоли Малеҳо
2.Эҷодиёти Малеҳо
3.Хусусиятҳои тазкираи “Музаккируласҳоб”
 Хулоса

Малеҳои Самарқандӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик ҳамчун шоир ва тазкиранависи маъруф шӯҳрат пайдо кардааст. Малеҳо соли 1641 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Гузаштагони шоир аз Самарқанд буда, мансаби муфтии шаҳрро бар ӯҳда доштаанд. Падараш аз илми шеър низ бохабар будааст. Хусусан, Малеҳо илмҳои диниро низ аз худ намуда будааст. Малеҳо ба Эрон низ сафар кардааст. Баъдан, дар Самарқанд ба мансаби калон таъин мешавад. Ӯ ба ғайр аз адои вазифаи баланди динӣ , ба шеъру шоирӣ низ машғул будааст. Вале, шӯҳрати ӯ бештар тавассути тазкирааш мебошад, зеро Малеҳо дар таърихи адабиёт ба воситаи тазкираи “Музаккируласҳоб” эътироф гаштааст. Қайд кардан зарур аст, ки аҳамияти тазкираи Малеҳо дар омӯхтани адабиёти асри XVII таҷик ниҳоят бузург будааст, зеро ин тазкира сарчашмаи асосии адабиёти давраи мазкур мебошад. Мо ному насаби зиёда аз 150 шоирону адибонро дар ин давра маҳз ба туфайли тазкираи “Музаккируласҳоб”-и Малеҳо медонем.

Малеҳо ин асари худро дар як муддати кӯтоҳ таълиф намудааст. Шоир дар асоси мулоқоти сӯҳбатҳо, маслиҳату машваратҳои худ бо дигар шоирону адибони замонаш, дар давоми чандин солҳо як тазкирае таълиф намуд, ки мислаш дар таърихи тазкиранигорӣ дида нашуда буд. Бартарии ин тазкира дар он аст , ки муаллифи он қариб бо тамоми шоирону адибони зикркардаи худ мулоқотҳо ороставу бо онҳо бевосита вохӯрдааст. Малеҳо дар тазкираи худ одоби сӯҳбат, муносибат, муомила, феълу атвор, озодагӣ ва ҷиҳатҳои ахлоқии шоирону адибонро ба қалам додааст. Аз ин рӯ, дар тазкираи Малеҳо зикри хислатҳои шахсӣ ва инсонии шоирону адибон мақому мартабаи бузурге пайдо намуааст. Дар тазкираҳои дигар муаллифони пешин, одатан, бо таърифу тавсифи умумии эҷодиёти шоирон қаноат кардааст. Ӯ дар тазкираи худ, ба ғайр аз ин, шахсият ва зиндагии маишии шоирони замони худро инъикос намудааст.

Дар тасвир ва тавсифи ашъори шоирону адибон ҳамеша адлу инсофро пешаи худ қарор додааст. Фикру андешаҳои ӯ қариб ҳамеша кӯтоҳу мухтасар ва аниқу равшан мебошад. Аз ашъори ҳамаи шоирон намунаҳо овардааст.

Ҳаминро бояд илова намуд, ки Малеҳо нисбат ба ашъори шоирон ҳамчун сухансанҷ назар кардааст. Малеҳо дар тазкирааш як қатор эродҳои худро ба шеър ва байтҳои суханварони забардасти гузашта аз қабили: Хоҷа Осифӣ, Низоми Ҳиротӣ, Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Шавкати Бухорӣ, Калим, Мирзо Ҷалоли Асир, Низоми Астарободӣ, Маъуди Исфаҳонӣ иброз намудааст. Эҷотҳои Малеҳо тасодуфӣ набуда, дар ривоҷу равнақи шеъру шоирӣ дар Мовароуннаҳр асос гузоштаанд.

Малеҳо яке аз нозукбинтарин сухансанҷони замони худ будааст, ки аҳли адаб ба вай эътиқоду дилбастагии зиёде доштаанд. Баъзе мулоҳизаҳои ӯ ба ашъори шоирони давраш, имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ҳамин нигоҳ, Малеҳо бо таълифи асари худ барои адабиёти тоҷик хидмати бузурги таърихиро анҷом додаст ва ба ин восита ному насаби худро низ дар таърихи адабиёт ҷовидонӣ сабт намудааст.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив