Имлои пешоянду пасоянд


Имлои пешоянд

Ҷудо навишта мешаванд:

а) пешоянд дар робита бо калимаҳои мустақилмаъно: аз сафар баргаштан, аз ӯ пурсидан, ба бозор рафтан, бар бом баромадан, бо дӯст нишастан, аз чор се ҳисса, дар бар гирифтан, аз ёд кардан, барои рафиқ, ҷуз модар (касе нозбардори фарзанд нест) ва ғ.;

б) пешояндҳои таркибии номӣ: пеш аз, пас аз, доир ба, роҷеъ ба, нисбат ба, оид ба ва ғ.;

в) таркибҳои пешояндии қолаби зерин: дар ба дар, рӯ ба рӯ, тан ба тан, пай дар пай ва ғ. 

Бо нимтире навишта мешаванд: 

Пешояндҳои изофии номии такрор: гирд-гирди, зер-зери, таг-таги, таҳ-таҳи, лаб-лаби, рӯ-рӯйи, пас-паси, сар-сари, қад-қади, пеш-пеши ва ғ.

Эзоҳ. Пешоянди ба бо ҷонишинҳои ишоратии ин, он ва ҷонишини шахсии ӯ дар назм чунин шакли навишт доранд: бад-ин, бад-он, бад-ӯ

 

Имлои пасоянд

Якҷо навишта мешавад:

Пасоянди — ро: Ватанро бояд дӯст дошт. Мо меҳмононро пешвоз гирифтем ва ғ.

Ҷудо навишта мешаванд:

Пасояндҳои номӣ ва вожаҳои пасояндии боз, пеш, қабл, замон, ҳамон (ҳамоно): ду сол боз, як ҳафта пеш, панҷ сол қабл ва ғ. 

Бо нимтире навишта мешавад:

Пасоянди — ро пас аз қавс ва нохунак: Ман «Шоҳнома»-ро хондам. Ман Ватанам (Тоҷикистон)-ро ҳамчун Модар дӯст медорам ва ғ.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив