Китоб чароғи донишу маърифат


Бикун з-ин корхона дар кутуб рӯй,

Хаёли хешро деҳ бо кутуб хӯй,

Бувад бемузду миннат устоде,

Зи дониш бахшадат ҳар дам кушоде.

Абдураҳмони Ҷомӣ

Китоб чароғи донишу маърифатАз қадимулайём гузаштагонамон чор чизро муқаддас мешуморанд: об, оташ, хок ва бод.

Ин муқаддасот чун мӯъҷизаи бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт бароямон азиз аст. Аммо дар қатори онҳо боз мӯъҷизаи дигаре низ ҳаст ва ба онҳо монданӣ надорад. Паст чист он мӯъҷиза?

Ин мӯъҷизаи бебаҳо, ганҷинаи сухан ва хазинаи илму донишу маърифат – китоб аст.

Бале, китоб мӯъҷизаест, ки шабеҳи офтоби зарфишон бо нурҳои зарҳамаш ба олами дилҳо нуру зиё мебахшад.

Китоб бо саҳифаву ҳарфу сатрҳояш дар назар чанд варақ қоғази оддӣ намояд ҳам, вале ин аврақ таронаи сухан ва таровати баёну андешаҳост. Ин авроқ сафи ном, хирад, саҳифаи хотирот ва хазинаи ҷавоҳироти маъниҳост.

Аз он рӯзе, ки олами рангини китоб моро ба оғӯшаш гирифт, зиндагӣ бароямон боз ҳам зеботару гуворотар ҷилвагар гашт. Китоб бароямон рафиқи бовафову дӯстӣ беҳамто дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ бароямон раҳнамову дар лаҳзаҳои танҳоӣ ёри қадрдону дилнавоз аст.

Ҳар боре, ки парастӯи хаёлам дар олами зебои китоб парвоз мекунад, суханони хирадманди барнодил ва пири рӯзгордида Унсурмаолин Кайковус пеши назарам ҷилвагар мегарданд: «Агар ҳар касе набошӣ, писандкор бошу қонеъ, то бузургтару бебоктар дар ҷаҳон ту бошӣ. Оқилу ҳаргиз ба ситам натавон омӯхт. Ва бидон, ки ақл аз ду гуна аст: яке ақли табиатзода, дигаре ақли ба заҳмат бадастомада,  яъне ғайритабиӣ. Онеро, ки ғайритабиӣ бувад, ҳадяи китоб хонанд. Ту барои ақли ғайритабиӣ ранҷ бару омӯз то бузург гардӣ!».

Ин хиштҳои заррини қасри сухан барои ман китобе аст, ки ман дар ин китоб симои бузургонро мебинам. Ҳақиқатан бузургию ҳашамати шоирон ва олимони тавоно чун Рӯдакиву Ибни Сино, Бедилу Хаём, Саъдиву Фирдавсӣ, Айниву Ғафуров, Ломоносову Менделеев ва дигарон аз хондани китоби бисёру ошиқи китоб будан аст. Баъзеҳо ҳанӯз чӣ будани китобро намедонанд ва аз меваҳои шакаринаш начашидаанд. Охир, аҷоиб лаззате дорад меваҳои шаҳдбори китоб. Лаззати ҷонанд ин меваҳо.

Оре, китоб барои кас ёри вафодору дӯсти мададгор ва шарики беҳамтост. Китоб барои кас устод аст устоди меҳрубону ғамхор, устоде, ки касро ба сӯйи мақсад ва фардоталабӣ ҳидоят мекунад. Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки гуфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест. Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ, Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Ман китобро оинае мепиндорам, ки ҳар кас дар он симои аслии худ ва дигаронро мебинад. Шахсе, ки ошиқи китоб нест, пас ӯ симои худ ва симои замонаро дида наметавонад. Суханони Расул Ғамзатов пайваста дар гӯшам садо медиҳанд: «Доғистон аз сабаби қафомонию ҷаҳолат ва бесаводӣ басо чӯҷаҳои худро нобуд кард. Барои худро шинохтан китоб лозим. Барои дигаронро шинохтан ҳам китоб лозим. Халқи бекитоб мисли одамест, ки оина надорад: вай рӯйи худро дида наметавонад» Китоб оинаест, ки ҳама ранггардониҳои зиндагиро инъикос мекунад. Ва шахсе, ки ба ин оина ошност, пас вай шахси ҷаҳондидаву хирадманд, бофазлу бомаърифат, инсондӯсту инсонпарвар асту маънии ҳаётро дарк хоҳад кард. Шахсе аст, ки ҳаргиз дар кӯчаҳои пурпечутоби зиндагӣ раҳгум нахоҳад зад.

Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив