Ростгӯӣ ва росткорӣ аз шумори он хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки ба иродаву шуури ҳар кас вобаста аст. Касоне, ки умри худро дар фазои олами мунаввари ростгӯӣ ва росткорӣ масраф мекунанд, бешубҳа хушбахттарин шахсиятҳо мебошанд.
Ростӣ мисли ҳақиқат талх аст, лекин самараи он ширин аст. Шахсро меранҷонад, лекин ҳақиқатро ошкор мекунад. Душманро дур намуда, дўсти ҳақиқиро ошкор менамояд. Маҳз ана ҳамин суханони бофтаю сохтакорона ва маккоронаи Аҳриман буд, ки дар ду китфи Заҳҳок морон пайдо шуданд, маҳз ана ҳамин суханони бофтаю сохтакорона ва маккоронаи Аҳриман буд, ки Заҳҳок даҳҳо ҷавононро тўъмаи морони девсиришти худ кард. Маҳз ана ҳамин суханони бофтаю сохтакорона ва маккоронаи Аҳриман буд, ки даҳҳо падару модарон писарони худро аз даст доданд.
Сухани рост ва орӣ аз бофтаю дурӯғ ҳаргиз қимати худро гум намекунад ва баръакс, умри дурӯғ хеле кӯтоҳ ва сабаби ҳама бадбахтиҳост.
Абулқосим Фирдавсӣ дар ин маврид гуфтааст:
Бузург он касе, к-ў ба гуфтори рост,
Забонро биёрост, каж-жӣ нахост.
Агар хоҳӣ аз ҳар ду сар обрӯй,
Ҳама ростӣ кун, ҳама рост гӯй!
Оре, ростӣ инсонро баобрӯй ва сарбаланд карда, миёни хосу ом маҳбуб мегардонад. Он нафароне, ки бо ростӣ сару кор доранд, ҳеҷ гоҳ боиси маломату озор набошанд.
Таърих гувоҳ аст, ки ростӣ ҳамеша мисли Замину Осмон Хуршеду Моҳ ҷовидон аст. Ҳикмати гузаштагон барои ҳамагони мо дастур аст.
Ростонро баду бало нарасад,
Марди каҷрав ба ҳеҷ ҷо нарасад.
(Камолиддини Биноӣ)
Агар хоҳӣ, ки ба ту осебе нарасад, дар байни одамон обрӯят барҷо бошад, корҳоят пешрав бошад, ба мақсади худ бирасӣ, ҳамеша ростқавл ва росткор бош! Маҳз ана ҳамон росгўиҳои Зоя Космодеянская буд, ки номи ўро дар таърих ҷовид гардонид. Маҳз ана ҳамон росгўиҳои Зоя Космодеянская буд, ки боиси ҳикмати немисҳо гардид. Мардонагиву поктинатии ў буд, ки ҳатто дар назди дор сухани дурўғро ба худ лоиқ надонист.
Ҳама он ҳикматҳое, ки дар ин бора гуфта шудаанд, ба ҳақиқати зиндагӣ рост меоянд. Ростӣ чароғи олами тафаккури инсоният шинохта шудааст. Барҳақ Сайидои Насафӣ фармуда:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Дурӯғ, муқобили ростӣ, хислати ба даст, ки оташи хасму ғазабро фузун мекунад. Ба бадбахтиҳо боис мегардад. Бузургони адабиёт ин амали зишро мазаммат карда, моро таъкид мекунанд, ки аз он дар канор бошем.
Илова бар гуфтаи ниёгон худи зиндагӣ низ чун мураббии сахтгир моро ба ростгӯӣ ҳидоят мекунад. Ашхоси ростгӯву ростқавл ҳамеша гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳои дигаранд. Мардум онҳоро чун шахсиятҳои барӯманду беназир ва муаддаб парастиш мекунанд.
Шоҳбайти Саъдии Шерозӣ раҳгӯшаи зиндагии мост:
То роҳи рост тавонӣ расид дар мақсуд,
Ту рост бош, ки ҳар давлате, ки ҳаст турост.
Оре девори рост аз афтидан эмин аст. Пояи он аз ростӣ мустаҳкам буда, онро аз ҳар гуна газанд нигоҳ медорад. Зеро ростӣ дар ҳар давру замон пойбарҷо буду хоҳад монд.
Имрӯз шахсоне ҳастанд, ки дар ҳар суханҳояшон гапҳои дурӯғ мегӯянд ва шахсоне низ ҳастанд, ки то андозае кӯшиш мекунад то аз ин феъли бади одамӣ рӯй гардонанд. Албатта ин гуна шахсҳо хеле каманд. Баъзан падару модаре ҳастанд, ки худ ба кӯдаконашон дурӯғгӯйиро меомӯзонанд, боре фикр намекунанд, ки барои ояндаи худи кӯдак зарари калоне меоваранд. Дар зиндагӣ ин гуна ҳодисаҳо бисёранд, вақте ки писар ё духтар шабҳо дер ба хона меояд, падару модар намедонанд, ки то ин муддат фарзанди ӯ ба чӣ корҳо машғул буд, ҳангоме, ки писар ё духтар ба корҳои нодаркору бадрафторона даст мезананд, ҳеҷ гоҳ ба падару модарашон рост намегӯянд. Барои ҳамаи ин падару модаронро мебояд, дар тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ диҳанд!
Комментарии (0)