3000 - солагии Ҳисори Шодмон


“Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад”

(Эмомалӣ Раҳмон)

Тоҷикистон кишвари таърихист ва ҳазорон бозёфтҳои қадима ва фарҳангу тамаддуни волои халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд.
 Ҳисори Шодмон як пораи Тоҷикистон буда, таърихи қадима дорад ва ёдгориҳои таърихии он нишонае аз кӯҳанбунёдии ӯст.
Ҷашни 3000 солагии Ҳисори Шодмон ба сифати макони таърихӣ ин гуфтаро собит месозад. Омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд, ки дар водии Ҳисор одамон ҳанӯз аз давраи асри санг, тахминан 40 – 50 ҳазор сол муқаддам сукунат доштанд. Аз бисёр маҳаллаҳои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6 – 9 ҳазор сол муқаддам дар онҳо истиқомат доштанд.

3000 - солагии Хисори Шодмон

Дар водии Ҳисор бостоншиносон бо маданияти моддии қадимтарини одамон вомехӯранд. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳо маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳад. Тамаддуни ин сарзамин бо номи маданияти Ҳисор машҳур буда, бо таҳқиқи он донишманди шӯравӣ А.П.Окладников ҳунӯз соли 1948 оғоз бахшидааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст.
Дар натиҷаи ҷустуҷӯи бостоншиносӣ аз соли 1946 то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ва атрофи он маводҳои гуногун дастрас гардидааст. Дар асоси он гуфтан ба маврид аст, ки ҳудуди шаҳр аз ҳазораи II то милод ҳамчун бошишгоҳи қабилаи чорводорӣ кӯчӣ аз худ карда шуда, аз асри VII то милод ҳамчун шаҳр ташаккул ёфтаву ба маркази сиёсиву иқтисодии минтақаи заминдорӣ табдил меёбад.
Тибқи нишондодҳои таърих, Ҳисори бостонӣ дар гузаштаи дур зери итоати давлатҳои гуногун қарор дошатааст. Дар нимаи дуюми асри XV ва аввали асри XVI дар Ҳисори Шодмон пайвандони шоҳзодаҳои темурӣ ҳукмронӣ мекарданд. Тадриҷан Ҳисор рушд ёфта, ба яке аз шаҳрҳои калону мустақили Мовароуннаҳр табдил меёбад. Ин давраҳо дар маданияти Ҳисор тағйироти кулли ба амал омада, деҳқонӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ, тангасозӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, шаҳрсозӣ ва дигар савдову тиҷорат вусъат пайдо мекунанд.
Номи Ҳисори Шодмон бори аввал дар асари мушҳури таърихии Шарофиддин Алӣ Яздӣ “Зафарнома” (асри XV) ҳамчун яке аз мулкҳои империяи Темуриҳо зикр карда шудааст ва ба сифати маркази силоҳсозӣ ёдовар мешавад. Муҳаммади Бобур (1483 – 1530) дар асари ёддоштиаш “Бобурнома” доир ба Ҳисор маълумотҳои зиёде овардааст.
Қалъаи Ҳисор яке аз ҳашт ёдгории таърихие мебошад, ки ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО дохил шудааст ва тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми марти соли 2012, таҳти рақами №90 “Дар бораи баргузории ҷашни 3000 солагии Ҳисор” қарор қабул шудааст. Ҷашни 3000 солагии Ҳисор, силсилаҷашнҳои тамаддун, таърих ва фарҳанги кишвар ва халқи тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб рафта, мақсади асосии ин тадбирҳо хубтару возеҳтар омӯхтану шинохтани таърихи миллат аст.
 Имрӯз моро зарур аст, ки осори дасти ниёгони худро ҳифз намуда, онро ба ояндагон мерос гузорем. Ҳамаи ин тадбирҳо тавассути ғамхорӣ ва пуштибонии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар партави соҳибистиқлолии кишварамон амалӣ хоҳанд гардид.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив