Аз захми сухан захми табар беҳ


Аз захми сухан захми табар бехЗабони сурх сари сабзро диҳад барбод. Ривоят мекунанд, ки дар як замон марди ҳезумкаше умр ба сар мебурд. Ў зиндагии ҳақиронае дошту ҳар рўз ба ҷангал мерафт ва аз он ҷо як банд ҳезум оварда дар бозор мефурўхт. Аз ҳисоби фурўши як банд ҳезум ў қутии лоямути худ ва оилаи худро меёфт. Рўзҳо, моҳҳо, солҳо паси сар мешуданд.

Марди ҳезумкаш як рўз ба ҷангал меравад. Дар он ҷо хирсе бо ў вомехўрад. Марди ҳезумкаш  дар аввал метарсад, лекин худро ба даст гирифта ба ҷанг омодагӣ мебинад. Хирс бошад ба забон омада, бо марди ҳезумкаш ошноӣ пайдо мекунад ва ба ў барои ҷамъоварӣ намудани ҳезум кўмак менамояд. Аз ин таъби марди ҳезумкаш болида гардида, қуттии лоямуташ низ то андозае беҳтар мешавад. Акнун марди ҳезумкаш ба бозор ба ҷойи як банд ҳезум ду банд оварда мефурўхт.

Як рўз марди ҳезумкаш бо нишони эҳтиром ба хирс ўро ба хонааш даъват мекунад ва зиёфат меорояд. Вақте ки хирс ба хонаи марди ҳезумкаш меояд зани марди ҳезумкаш хирсро дида мегўяд:

– Дўсти ҷониат ҳамин хирси бадбўй-мӣ?

Хирс аз ин суханони зани марди ҳезумкаш сахт ранҷида ба назди марди ҳезумкаш меояд ва ба ҷону ҳоли ў намонда аз ў хоҳиш менамояд то марди ҳезумкаш бо табараш ба фарқи сари ў як зарба занад. Марди ҳезумкаш аз ноилоҷӣ бо табари худ ба фарқи сари хирс мезанад. Хирс бо дарди ҷонкоҳ аз хона баромада ме­равад. Бадин минвол якчанд рўз паси сар мешавад. Як рўз марди ҳезумкаш дар ҷангал хирсро ме­бинад, ки аз захми табари ў нишоне намондааст.

Хирс ба марди ҳезумкаш мегўяд:

– Дидӣ, аз он захми табаре, ки ту ба фарқи сари ман зада будӣ ягон нишоне намондааст, ле­кин он захме, ки зани ту ба дили ман расонид то ба имрўз нарафтааст. Бо ҳамин дўстии марди ҳезумкаш ва хирс ба охир мерасад.

Магар ин сухане набуд, ки риштаи дўстии марди ҳезумкаш ва хирсро канда кард? Бале, ин ҳамон як сухани носанҷида гуфта шудаи зани марди ҳезумкаш буд, ки боиси ранҷидахотирии хирс гардида, риштаи дўстии онҳоро барканд. Гарчанде сухан зебост, вай метавонад дўстро душман гардонад, душманро дўст гардонад, оламро наҷот диҳад ва ё онро ба коми ҷанг кашад.

Сухан дар даҳон хуш аст. Сухани аз даҳон баромада мисли тири аз камон ҷастааст, ки он бозпас нахоҳад гашт. Аз ин хотир луқмони суханро зарур аст андеша ба он намояд, ки сухан бар беҳуда нагўяд, то сухани бисёр ранҷа бар дари пистаи бемағз кунад. Чун кунад сухан ранҷа бар дари пистаи бемағз, кунад луқмони сухан аҳамияташро гум. Аз ин ҷо сухане, ки беҳуда гуфта мешавад боиси он мегардад, ки шахс қурбу манзалати хешро гум карда, обрўву эътибори худро аз даст диҳад. Дар ҳолате, ки агар шахс қурбу манзалати худро бинобар сабаби суханони беҳуда аз даст диҳад, он чиз аз эҳтимол дур аст, ки он ин обрўву эътиборашро аз сари нав барқарор намояд.

Равшан аст, ки ҳар як қавму миллатро қабл аз ҳама бо фарҳангу забонаш мешиносанд. Ба дигар сухан, рукни асосии мавҷудияти миллат, ҳувияти миллӣ, забони он миллат маҳсуб мешавад. Зеро тамоми бурду бохти марлуми ин ва ё он қавм, пешинаи таърихӣ, дастовардҳои техникӣ, илмию фарҳангиаш твассути забонаш, суханаш инъикос мегарданд. Аз сўи дигар дар покизанигоҳдорӣ, рушду камоли забон адибону нависандагонанд, ки беш аз ҳар каси дигаре саҳм мегиранд.

Хидмати устод Рӯдакӣ дар инкишофу таҳкими забони тоҷикӣ ниҳоят бузург аст. Гап дар сари ин аст, ки хилофати араб дар сарзаминҳои тоҷикнишин зиёда аз дусад сол ҳукмронӣ намуданд. Дину ойину фарҳанги хешро маҷбуран таҳмили дигарон карданд, сарвати маънавии мардум – китобхонаҳоро сӯзонданд. Ин зулму таадӣ то асри IX идома дошт. Вале арабҳо натавонистанд фарҳангу адаби моро аз байн бибаранд. Фарҳанги мо болотару ҷонсахтар аз фарҳанги араб ҷилва намуд. Зеро сухан аз бузургон дорем, сухан аз онҳое, ки машъалафрўзи забони тоҷикӣ, сухани ноби тоҷикӣ, лафзи ширини дарианд.


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив