Дар Мисри қадим, ки он яке аз гаҳвораҳои бузурги маданияти инсоният ба ҳисоб меравад, динҳои ба ин кишвар хосс вуҷуд доштанд. Яке аз шаклҳои қадимаи динҳои Мисри қадим эътиқод ба худоҳои номӣ будааст. «Ном» гуфта вилоятҳое дар назар ҳастанд, ки намояндагони қабилаҳои қадима дар онҳо зиндагӣ мекарданд. Худоҳои номӣ то давраи охири таърихи Мисри қадим мавриди ибодат қарор дошта, якҷоя бо худоҳои умумии Миср парастида мешуданд. Ҳар як ном ҳайвони ба ақидаи онҳо муқаддасеро мепарастид. Масалан дар Элефантин-гӯсфанд, дар Дендер-модагов, дар Сиут-шағол, дар Гермопол-ибис (паррандаи ба лаклак монанд) ва павиан (маймун), дар Файюм-тимсоҳ, дар Бубастис-пишак ва ғайраро мепарастиданд. Гумон меравад ин парастишҳои ҳайвонот, боқимондаҳои тотемизм бошанд.
Баъдтар ин худоҳои ҳайвонӣ протсеси антропоморфизация (ба одам монандкунӣ)-ро аз сар гузарониданд, яъне ҷисмашон дар шакли одам, аммо сарҳояшон дар шакли ҳайвонҳои муқаддас тасаввур ва тасвир карда мешуданд. Масалан пишак ба худозан-Бастет табдил ёфт, ки сараш мисли сари пишак буд; шоҳин-ба худо Гор табдил гашт, сари худо Тот монанди сари ибис, аммо сари худо Анубис мисли сари Саг, сари худо Сабек-монанди сари тимсоҳ, сари худозан Сохмет-монанди сари шери мода ва сари худо Хатор мисли сари модагов тасвир мегарданд.
Ҳамин тавр, парастиши худоҳои «номӣ», ки онҳо бешубҳа дар аввал худоҳои қабилавӣ буданд, чанд муддат идома дошт. Баъд аз он ки номҳои Миср муттаҳид гардонида шуданд, худоҳои умумимисрӣ пайдо шуданд. Дар ин росто он чиз ҷолиби диққат аст, кадом номе, ки ба маркази Миср табдил меёфт, худои он ном худои умумимисрӣ мешуд.
Яке аз худоҳои қадимтарини умумимисрӣ шоҳин Гор буд. Дар аввал дар вилоятҳои Иераконпол ва Эдфа Горро парастиш мекарданд. Маҳз шоҳони ин вилоятҳо, ки Горро мепарастиданд, аввалин муттаҳидсозони кишвари Миср буданд (сулолаҳои 1,2 дар охири ҳазорсолаи чоруми то мелод). Ва маҳз онҳо худои қабилавии худро ба худои умумимисрии офтоб табдил доданд. Чун маркази Миср ба Мемфис кӯчид, худои умумимисрӣ худои мемфисиён-Птах гардид. Ҳангоме, ки вилояти Фива маркази муттаҳидсози Миср гардид, худои на он қадар маъруфи фивагиҳо-Амон ба худои умумимисрӣ табдил ёфт, лекин дар якҷоягӣ бо худои пештара-Ра (Амон-Ра).
Ҳамин тавр, дар Миср бо кӯшиши роҳибон худоҳои зиёде пайдо шуданд. Дар Миср ҳайвонҳои зерин муқаддас дониста мешуданд: гурба, шоҳин, ибис, тимсоҳ.
Яке аз қабатҳои динҳои Мисрро эътиқодоти халқии марбут ба коркарди замин ташкил медиҳад. Фигураи асосии ин эътиқодоти динӣ Осирис буд. Дар аввал Осирис худои маҳаллии Бусирис дар резишгоҳи Нил буд, вале дар айни замон он ба ойини ҳосилхезӣ алоқаи мустаҳкам дошт. Осирис ҳамеша якҷоя бо наботот (бо нилуфар, ангур ва ғайра) тасвир мегардид. Дар тасвирҳои дигар дида мешавад, ки хӯшаҳои гандум аз бадани Осирис баромадаанд ва роҳиб ба онҳо об дода истодааст. Мардуми Миср ҳар сол маргу эҳёшавии Осирисро ид мекарданд. Ид 18-рӯз идома ёфта дар давоми он маросими кишткунию тухмипошӣ гузаронида мешуд. Осирис дар ин маросимҳо нонро таҷассум мекард. Қиссае низ вуҷуд дошт, ки тибқи он худо Осирис замоне подшоҳи Миср буда, ӯ аз ҷониби бародари худ Сет хоинона кушта мешавад. Баъд Сет ҷасади ӯро пора-пора карда, он пораҳоро ба саросари кишвар пош медиҳад. Аммо хоҳар-зани Осирис худозан Исида баъд аз ҷустуҷӯйҳои зиёд пораҳои бадани Осирисро ёфта ҷамъ меорад ва аз ӯ писаре-худо Горро таваллуд мекунад. Гор бар Сет ғолиб омад ва падари худро эҳё кард. Ин қисса дар шакли образ омадааст, яъне образи гандум, ки кошта шуда аз он гандуми нав месабзад.
Образи Осирис ва Исида баъдтар инкишоф ёфт ва Исида оҳиста-оҳиста ба худозани серҳосилӣ дар Миср табдил ёфт.
Мисри Қадим (юн.-қад. Αἴγυπτος и лотинӣ Aegyptus), бо шеваи худ Та-кемет, Та-мери, Та-уи ва бо забони бостонии мисрӣ tA-kmt, tA-mrj, tA-wy, Ке́ми (копт. Kὴμε) — номи таърихии минтақа ва фарҳанг, ки ба фарҳанги ҷаҳони пайванд ҳаст, дар шимолу-шарқии Африқо дар поёноби дарёи Нил вуҷуд дошт.
Комментарии (0)