Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои насрии Бедил мақому пояи ӯро дар рушду таҳаввулоти насри адабии аҳди таназзули феодализм нишон медиҳад. Осори насрии Мирзо Абдулқодири Бедил низ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ӯ омадаанд:
1. «Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ, машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди бадеъ ва умуман кори эҷодӣ, хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз мавзӯъҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.
2. «Нукот». Ин асари Бедил насрӣ буда, дар он аз зикри пораҳои гуногуни шеърӣ хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷомеашиносии худро баён намудааст. Ӯ барои таҳким бахшидан ба андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз пораҳои шеърӣ хеле устодона кор гирифтааст. Назм ҳатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз ҷумла дар асар бештар жанрҳои рубоӣ, мусаммати мухаммас, қитъа, ғазал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта – Маҷоз, яъне олами эътиборро ниҳоле тасаввур намудан аст, ки тухми он ҷуз ҳақиқат нест, дар мартабаи ниҳол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва ҳамчунон аз шоху барг ҳеч натавон шикофт. Асари мазкур барои муайян намудани ақидаҳову ҷаҳонбинии Бедил, барои таъин намудани мавқеъ ва пояи адиб дар таҳаввули насри бадеии асримиёнагии тоҷик арҷманд аст.
3. «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки дар ду шакл – назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорӣ махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ниҳоят устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад. Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру мустақили он зуҳур мекунад. Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ дар шакли омехта низ меояд. «Руқаот»-и Бедил асари насрӣ буда, дар он пораҳои шеърӣ низ истифода шудааст. Яъне маҷмӯи номаҳоест, ки Бедили Деҳлавӣ онҳоро дар вақтҳои гуногун, бо шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онҳо нома навиштааст, онҳо дӯстону муқаррабон, ҳамфикрону ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони эҷодкоранд. Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҷавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубҳо аз ин рӯ, арзиши адабӣ-шарҳиҳолӣ дошта, равобити адабӣ эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо, симоҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номаҳо бисёр лаҳзаҳои рӯзгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ӯ бо муосирон инъикос ёфтааст.
4. «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Деҳлавӣ буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрӣ бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, асосан масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рӯҳи мутлақ, рӯҳи табиию наботӣ, ҳаёвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, ҳаёту мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба тафсил баён карда шудааст.
Комментарии (0)