Нақшаи корӣ:
1) Ҷонишин
2) Имлои ҷонишин
3) Ҷонишини саволӣ
4) Ҷонишини номуайян
5) Ҷонишини таркибӣ
Ҷонишин
Ҷонишин (форсӣ: ضمیر) ба гурӯҳи ҳиссаи номии нутқ мансуб бошад ҳам аз дигар калимаҳои ин гурӯҳ аз ҷиҳати маъно хусусиятҳои грамматикӣ фарқ мекунад. Ҷонишин ҳиссаи номии нутқ буда, ашё ва аломати онро нишон медиҳад, вале онҳоро бевосита ифода намекунад.Ҷонишин ба ҷойи исм, сифат, шумора меояд.Он ба ҷойи зарф ҳам кор фармуда мешавад.Ҷонишинҳои забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
Абдурозик - Огуши Гам
- Ҷонишинҳои шахсӣ;
- Ҷонишинҳои нафсӣ;
- Ҷонишинҳои саволӣ;
- Ҷонишинҳои ишоратӣ;
- Ҷонишинҳои таъинӣ;
- Ҷонишинҳои номуайянӣ;
- Ҷонишинҳои манфӣ;
- Ҷонишинҳои муштарак.
Имлои ҷонишин
Якҷо навишта мешаванд:
- а) ҷонишинҳои сохта: ҳамин, ҳамон, ҳамчунин, ҳамчунон, ҳамдигар ва ғ.;
- б) ҷонишинҳои мураккаб: инчунин, ончунон, инҷониб, онҷониб ва ғ.;
- в) бандакҷонишинҳо (-ам, -ат, -аш, -амон, -атон, -ашон) бо калимаҳои дигар: китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон ва ғ.
Эзоҳ. Бандакҷонишинҳо ҳангоми ихтисор дар назм аз калима ба нимтире ҷудо карда мешаванд: писар-м, писар-т, писар-ш ва ғ.
Ҷудо навишта мешаванд:
- а) ҷонишинҳои таркибӣ: ин гуна, он гуна, ин қадар, он қадар, ҳар як, ҳеҷ як, ҳар қадар, чӣ гуна?, чӣ хел?, чӣ қадар?, чӣ навъ? ва ғ.;
- б) ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ? дар таркибҳо: чӣ хел?, чӣ гуна?, чӣ тавр?, чӣ қадар? ва ғ.
Бо нимтире навишта мешаванд: Ҷонишинҳои номуайянӣ: ким-кӣ, ким-чӣ, ким-киҳо, ким-чиҳо, ким-кадом ва ғ.
Ҷонишинҳои саволӣ
Ҷонишинҳои саволӣ ашёву шахс ва ё аломату миқдори онро бевосита ифода намекунанд, балки онҳоро ба воситаи пурсиш муайян месозанд.Дар забони тоҷикӣ калимаҳои кӣ, чӣ, киҳо,чиҳо, кадом, кадомҳо, чанд, чаро, ку, куҷо, кай, чӣ гуна, чӣ хел, чӣ сон, чӣ зайл, чӣ тариқ, чӣ ҷадар, чӣ тавр ба сифати ҷонишинҳои саволӣ истеъмол мешаванд.
Мисолҳо
- Чӣ буданашро сонӣ мефаҳмӣ (Садриддин Айнӣ);
- ... ба кадом рӯзи худ шукр кунам? (Садриддин Айнӣ)
- Ба чанд даромадӣ? (Фотеҳ Ниёзӣ)
- Чаро дар хона? (Раҳим Ҷалил)
Ҷонишинҳои номуайянӣ
Ҷонишинҳои номуайянӣ ашё ва аломати онро ба таври умумӣ ва тахминӣ нишон медиҳанд.Ба ин гурӯҳ калимаҳои баъзе, ягон, фалон,кадом, чандин, якчанд, андак, чанде ва монанди инҳо дохил мешаванд.Ҷонишинҳои ягон ва кадом ашёҳои номуайянро далолат мекунанд.
Мисолҳо:
- -Не, бояд ягон гап бошад...(Сорбон);
- Кадом рӯз,ки қадаматро беҷо мондӣ,ҳамон рӯз бо дастёрии ин хат туро ба кӯрқозиҳо ошно хоҳам кард (Садриддин Айнӣ).
- Ҷонишини баъзе ҷузъи номуайяниро аз кулл ҷудо мекунад.
Ҷонишинҳои таъйинӣ
Ҷонишинҳои таъинӣ — ашё ва аломати онҳоро ба таври умумӣ таъйин менамоянд. Онҳо аслӣ ва ғайриаслӣ мешаванд. Ҷонишинҳои таъйинии аслӣ калимаҳои ҳама ва ҳар мебошанд. Ҷонишинҳои ғайриаслӣ дертар ба вуҷуд омадаанд: ҳар кӣ, ҳар чӣ, ҳар кадом, ҳар як ва ибораҳои ҷонишинии ҳар он кӣ, ҳар он чӣ, ҳар он кас, ҳар он чиз.
Мисол:
Ҳамаи корҳоро ҷадидон карда истодаанд. (Садриддин Айнӣ)
Бандакљонишинњо ва имлои онњо
Бандакчонишинхо дар навбати худ ба се гурух таксим мешаванд:
- Шахси якум -ам. -амон: китобам, китобамон, амакам, амакамон;
- Шахси дуюм - ат. -атон: китобат. китобатон. амакат. амакатон:
- Шахси сеюм -аш. -ашон: китобаш. китобашон.амакаш. амакашон.
Бандакчонишинхри шахси якум ба исм васл шуда, маънои сохибиятро мефахмонанд, ба кй мансуб будани ашё ва ё кдробати одамонро ба сохибсухан нишон медиханд . Бинобар ин ба ду гурух, чудо мешаванд:
1).Бандакчонишинхое, ки сохибиятро мефахмонанд: китобамро шрифтам, китобамонро шрифтам.
2).Бандакчрнишинх,ое, ки муносибати инсонй, аз чумла хешу табориро мефахмонанд: бародарам. амакам. холаам. дуетам. рафикам ва ь.
Комментарии (0)