Давлати Шайбониён


Давлати Шайбониён

Нақшаи корӣ:

  1. Ҳуҷуми Муҳаммад Шайбониҳон ба Осиёи Миёна
  2. Рақобати Шайбониён бо Сафавиён
  3. Кӯшишҳои Бобур барои баргардонидани ҳокимияти Темуриён

Дар охири қарни XV ва ибтидои қарни XVI узбакҳои бодиянишин бо сарварии пешвои хеш Муҳаммад Шайбонихон қаламрави Темуриёнро забт намуданд. Давлат ва сулолаи нав бо номи   таъсискунандаи худ Шайбонӣ машҳур гардид. Шайбонихон аслан аз хонадони Чингизхон буд. Бобои ӯ Абдулхайрхон дар нимаи аввали асри XV давлати пуриқтидори кӯчаманчиёнро ташкил намуд. Қавму тоифаҳои туркзабони муттаҳидкардаи ӯ аз аслу насабҳои гуногун иборат буданд. Онҳо дар дашту саҳроҳои беканоре, ки аз  поёноби дарёи Сир то Сибир рафта мерасид, сукунат доштанд. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудовардаи Абдулхайрхон заминаи иқтисодӣ надошт. Аз ин рӯ пояҳои худро устувор карда натавониста, пас аз фавти Абдулхайрхон ба зудӣ аз байн рафт.

Муҳаммад Шайбонихон бо дигар чингизиёни ҷоҳталаб барои қудрат меҷангид ва ин набардҳо гоҳ ба фоида ва гоҳ ба зарари ӯ анҷом меёфт. Бояд гуфт, ки дар ин муборизаҳо борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд.

Дар ин замон Темуриён даврони парокандагиро паси сар мекарданд ва дар қисмати Шимоли мамлакат муғулҳо, ки Тошканд марказашон буд, рақиби онҳо ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо чандин бор ҳатто ба ноҳияҳои Мовароуннаҳри Марказӣ ҳамла намуда, аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили муғулҳо истифода карданӣ шуданд. Лекин Шайбонихон аз паи манфиати худ шуда хилофи ваъдаи худ амал карда, гоҳ тарафи Темуриёнро мегирифт ва гоҳ тарафи муғулҳоро. Ҳар замон ба мулкҳои ину он ҳуҷуми ғоратгарона менамуд. Сипас ӯ чунин шаҳрҳои истеҳкомӣ, мисли Утрор, Сайрам ва Яссаро ба тасарруфи худ дароварда, бо муғулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯъ намуд.

Ҳуҷуми Муҳаммад Шайбонихон ба Осиёи Миёна. Дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз, ки мамлакатро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард, шоҳзодагони темурӣ саргарми низоъҳои дохилӣ буданд. Баъзе Султон Алиро тарафдорӣ менамуданд, гурӯҳи дигар хешовандони вай-Бобурро ба Самарқанд даъват намуда, таслими шаҳрро ба ӯ ваъда медоданд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира намудани Шайбонихон  ин низоъҳо боз ҳам қувват кард. Аввал ӯ пойтахти Темуриёни Осиёи Миёна шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Вақте ки волии Бухоро бо қӯшуни худ ба тарафи Самарқанд равона шуд, Шайбонихон аз муҳосира даст кашида, ба муқобили ӯ  шитофт ва дар роҳ ӯро торумор намуда, ба сӯи Бухорои заифгардида ҳаракат кард. Аз муҳосира ҳатто се рӯз нагузашта, аъёну ашроф ва рӯҳониён шаҳрро ба вай таслим намуданд. Дар маҷмӯъ нақши рӯҳониёни бонуфуз барои қудратёбии узбакҳои шайбонӣ бузург буд.

Султон Алӣ ба ҷои мубориза бо як гурӯҳ наздикони худ ба қароргоҳи Шайбонихон равона шуд. Ашрофи Самарқанд аз ин воқиф гардида, бо тӯҳфаву инъомҳои зиёде ба ҳузури Шайбонихон омада, сари таъзим фуруд оварданд. Ҳамин тавр, соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон гузашт.

Аммо ин муваффақияти аввалин, ки ба зудӣ ва асонӣ ба даст омада буд, бақое наёфт. Як қисми ашрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буданд. Акнун ҳарифи асосиии Шайбонихон шоҳзодаи ҷавони темурӣ Зуҳуриддин Бобур гардид. Қароргоҳи Шайбонихон дар ҳаволии Самарқанд буд. Аъёну ашрофе, ки пинҳонӣ бо Бобур мукотиба доштанд, ба рӯи ӯ дарвозаи шаҳрро кушоданд ва ӯро подшоҳ эълон карданд. Вале дар муҳорибаи кушоди соҳили Зарафшон, ки дар моҳи апрели соли 1501 ба вуқӯъ омад, Бобур шикаст хӯрд ва ба Самарқанд ақиб нишаст ва онро Шайбонихон ба муҳосира гирифт. Самарқанд дубора ва тамоман ба дасти Шайбонихон даромад. Ин  ҳодиса соли 1501 рӯй дод.

Дере нагузашта, соли 1505 Хоразм ҳам аз тарафи қӯшунҳои Шайбониён ишғол карда шуд. Навбати забти пойтахти дигари Темуриён-Ҳирот расид. Султон Ҳусайн фақат акнун то чӣ андоза ҷиддӣ будани хатари таҳдид карда истодаро дарк намуда, бо қувваи асосии худ ба муқобили Шайбонихон равона шуд. Вале ӯ, ки пир ва бемор буд, дар роҳ вафот намуд. Дар байни асилзодагони темурӣ низоъу нифоқ ба амал омад. Дар натиҷа ду писари Султон Ҳусайнро ба тахт нишонданд, ки онҳоро ду гурӯҳи ашрофи соҳибнуфуз пуштибонӣ мекарданд. Шайбонихон Балхро забт намуда, ба тарафи Ҳирот раҳсипор гардид. Ӯ соли 1507 дар наздикии шаҳр қӯшуни хуб ба ҷанг омодашудаи темуриро мағлуб намуд ва ҳамин тавр ба мавҷудияти Темуриёни Ҳирот ҳам хотима дод.

Рӯҳониёни олимақом ва аъёну ашроф бо ҳам машварат намуда, ба Шайбонихон хати таслим ва итоат фиристодаанд. Дар тамоми шаҳрҳои калони собиқ темурӣ- Самарқанд, Бухоро, Марв, Балх, Ҳирот, Машҳад, Нишопур, Тӯс, Астаробод ва ғайра пулҳои нуқрагинро ба номи фотеҳи нав сикка заданд.

Рақобати Шайбониён бо Сафавиён. Пас аз он ки муддаъиёни хонадони темурӣ аз байн бардошта шуданд, як муддат сулҳу оромиш дар кишвар ҳукмфармо гардид. Вале дар соли 1510 якбора аз ду самт – ҳам аз Шимолу Шарқ ва ҳам аз Ҷанубу Ғарб ин оромӣ халалдор карда шуд. Сарҳаднишинони қазоқ бо муғулҳо як шуда, дар наздикии дарёи Сир ба давлати Шайбониён зарбаи ҳалокатовар расонида буданд. Ҳамзамон шоҳи ҷавони Эрон Исмоили сафавӣ аз Ғарб ба тарафи Хуросон лашкар кашид. Вай яке аз паси дигаре шаҳрҳои Хуросонро ишғол карда, фотеҳона ба сӯи Ҳирот ҳаракат намуд.

         Ӯ аз хонаводаи суфияи шаҳри Ардабил буд. Дар асри XV пуштибони асосиии ин сулола тоифаҳои бодиянишини турк буданд, ки дар вилояти Озарбойҷони Эрон зиндагӣ мекарданд. Онҳоро ба озарӣ қизилбош-сурхсар меномиданд, зеро сарбозони бодиянишин ба хотири 12 имоми шиа саллаи 12 рахи арғувонӣ доштаро ба сари худ мебастанд. Ин тоифаҳо ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати сисёсӣ тобеи шайхони сафавӣ буданд. Исмоил пас аз шикаст додани сулолаҳои маҳаллии Эрон бо сарварии Қоюнлуҳо соли 1502 худро шоҳаншоҳи Эрон эълон карда, мазҳаби шиъаи имомия (ё исноашария)-ро расмӣ эълон кард. Қизилбошҳо бо сардории Исмоили Сафавӣ дар як муддати кӯтоҳ қисматхои Эронро ба таҳти тасарруфи худ дароварданд. Ҳамин тавр тоҷикону эрониён, ки халқи воҳиданд, ба ду мазҳаб гаравида, заминаҳои ҷудогии минбаъдаи худро фароҳам сохтанд.

Сарони ин ду салтанат ба мақсадҳои сиёсии худ ранги мазҳабӣ медоданд: Шайбонихон дар қаламрави худ ба муқобили шиаҳо мубориза мебурд, дар сурате, ки Исмоил ва қизилбошҳо шиаҳои мутаасиб буданд. Хуросон барои ҳар ду силсила аҳамияти муҳими стратегӣ дошт. Аз ин рӯ маҳз барои соҳиб шудан ба Хуросон ду силсила вориди ҷанг шуданд.

Шайбонихон дар қалъаи Марв истеҳком гирифта, омодаи зарба задан ба Сафавиҳо гардид.  Шоҳ Исмоил фиребе ба кор бурда, қувваи худро аз муҳосира гирифт ва чунон вонамуд кард, ки гӯё ақибнишинӣ мекунад. Шайбонихон ба ин ҳиллаи шоҳ Исмоил фирефта шуда, аз қалъа берун баромад ва бо андак қуввае вайро таъқиб кард. Дар натиҷа ба иҳотаи душман афтода, тамоми сарбозонашро талаф дод ва худ дар майдони ҷанг кушта шуд. Исмоил аз косахонаи сари Муҳаммад Шайбонихон барои худ ҷоми шароб сохт. Ин воқеъа соли 1510 иттифоқ афтод.

Абдураҳмони Мушфиқӣ (1538-1588), Фазлуллоҳи Рӯзбеҳон, Ҳофизи Таниш ва дигар симоҳои адабу фарҳанги тоҷик дар ин аср зиста эҷод кардаанд.


Скачать реферат Давлати Шайбониён: davlati-shajbonien-maktab_tj.docx


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив