Илм ба кор судманд бувад,
Илми бекор пойбанд бувад.

Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯрии хирад дили кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвози аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку якбора не, бо гузашти айём, дар натиҷаи илмомӯзӣ ва амал.
Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ гуфта:
Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,
Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.
Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад.Камолиддин Биноӣ фармудааст:
Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Омӯхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар бо амал созгор гардад:Илмат ба амал чӯ ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Ё киКори бе илм бору бар надиҳад,
Тухми бемағз бас самар надиҳад.
Абдулқодири Бедил ба омӯхтани дониш баҳои баланд дода, гуфтааст:Фалакро чу нақши по кунӣ паст,
Вале гар донише нагзорӣ аз даст.
Хулоса, илму амал дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Мо ҷавонони бояд ҳамеша илм андӯзем ва дар амал онро татбиқ намоем.
Комментарии (0)