Пеш аз ҳама, бояд баъзе масъалаҳои психологияи азбаркунии забони хориҷиро баррасӣ кард, зеро бе дониши устувор аз психологияи таълими забони хориҷӣ ба даст овардани малака ва маҳорати истифодаи забони хориҷӣ имконпазир аст. Азбаски фанни методикаи таълими забони хориҷӣ бо фанҳои забоншиносӣ, психология алоқаи зич дорад, баррасии масоили лингвистӣ ва психологии таълими забони хориҷӣ басо муҳим мебошад.
Фаъолияти муошратӣ аз ду амалиёти мухтор иборат аст:
- Идрок - дар ду шакл зуҳур мекунад: шунида дарк кардан ва хонда дарк кардан.
- Изҳор – низ ду хел ранг мегирад: даҳонӣ ва хаттӣ.
Мутаносибан метавон дарки шунавоӣ (шунидор), дарки биноӣ (хондор), гуфтор ва навишторро чун чор рукни робитаманди фаъолияти муоширатӣзикр кард, ки дар адабёти русизабон онҳоро “аудирование, говорение, чтение, писменно” номгирӣ мекунанд. Ҳар якеаз он чор рукн дорои ҷанбаи физикӣ ва маъновӣ мебошад. Ҳангоми муошират анализаторҳои гуногун амал мекунанд, ки онҳо чунинанд: анализаторҳои изҳоротӣ ё гуфторӣ, шунидорӣ, биноӣ ва муҳаррикӣ (ба ҳаракат оваранда). Анализатори изҳоротӣ дар ҳамаи намудҳои гуфтор (ботинӣ ва овозӣ) амал менамояд. Психологи бузург А.Блонский қайд кардааст, ки гӯянда ва шунаванда ҳар ду сухан мегӯянд, яке – бо овоз, дигаре – бе овоз. Вақте, ки кас бо дарун мехонад, ӯ ноаён калимаҳоро талаффуз мекунад.
Ҳангоми амалиёти ҳар як ҷузви фаъолияти муоширатӣ мавқеи анализаторҳо гуногун аст. Масалан. Ҳангоми ҳарфзанӣ анализатори муҳаррики нутқӣ мавқеи калон мебозад. Анализаторҳои шунидорӣ ва биноӣ мавқеи паст доранд. Иштироки анализаторҳои нутқро дар таҳрезии рукнҳои фаъолияти муоширатӣ – гуфтор, шунидор, хондор ва навиштор чунин тасвир мекунанд. Психологҳои шинохта А.Р.Лурия, Н.И.Жинкин, А.Н.Соколов таъкид мекунанд, ки дар зуҳуроти фаъолияти муоширатӣ мавқеи асосиро анализаторҳои изҳоротӣ ва шунидорӣ бозӣ мекунанд. Таҷриба нишон медиҳад,ки роҳи аз ҳама самараноки пайдарпаии омӯзиши забони хориҷӣ чунин аст: шунидор, гуфтор, хониш ва нигароиш (навишт).
Профессор С.Ф. Шатилов гуфтааст, ки намуди продуктивии фаъолият гуфтор ва навишторро фаро мегирад. Дар он нигоранда фикри хешро хаттӣ ва гӯянда ба таври шифоҳӣ ифода мекунад. Намуди ретсептивии фаъолият дарки шунавоӣ ва биноиро дар назар дорад. Дар ҷараёни таълими забони хориҷӣ мафҳумҳои дониш, малака ва маҳорат мавқеи хоса доранд. Дар адабиёти илмӣ солҳои дароз дар фаҳмиши мафҳумҳои зикршуда ақидаи профессор И.А. Грузинская ҳукумфармо буд. Ин олим ҷараёни омӯзиши забони хориҷиро ба ду қисм – донишгирӣ ва азбаркунии фаъолият ҷудо карда буд. Таҳти мафҳуми “донишгирӣ” ба маҳорати фонетикӣ, грамматикӣ ва лексики ноилшавиро мефаҳмид. Омӯзиши хониш, ҳарфзанӣ ва шунида фаҳмиданро фаъолият меҳисобид.
Доир ба мафҳумҳои маҳорат ва малака се ақида мавҷуд аст.
Мувофиқи ақидаи 1 –ум психологҳо се хели онҳоро ҷудо мекунанд: маҳорати ибтидоӣ, алака ва маҳорати дуюм ё маҳорати ҳақиқӣ.
Аз рӯи ақидаи 2 –юм танҳо ду мафҳум ҷудо карда мешавад: маҳорат ва малака.
Намояндагони равияи 3 – юм ҳисоб мекунанд, ки маҳорат – ин ҷузви автоматикунондашудаи малака аст (Рубинштейн С.Л ва Шатилов С.Ф).
Комментарии (0)