Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар фаъолияти худ ҳафти принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро риоя менамояд.
Башардӯстӣ
Ҷунбиши байналхалқии Салиби Сурх ва ҳилоли Аҳмар (Ҷунбиш) кӯшиш мекунад, ки ба ҳамаи маҷрӯҳони майдони муҳобираҳо бидуни истисно ё рӯуихотир ёрӣ расонад, дар ҳама ҳолатҳо чӣ дар сатҳи байналхалқӣ ва чӣ дар сатҳи миллӣ ба пешгирӣ намудан ва ё сабуктар гардонидани азобу шиканҷаи мардум саъй намояд. Ҷунбиш ҳаёт ва тандурустии инсонро таъмин менамояд. Вай барои комёб шудан ба ҳамдигар фаҳмӣ, дӯстию ҳамкорӣ вас улҳи пойдор дар байни халқҳо мусоидат мекунад.
Беғаразӣ
Ҷунбиш аз рӯи аломатҳои наҷодӣ, динӣ, синфӣ ё эътиқоди сиёсӣ ҳеҷ гуна тафриқу намегузорад. Вай танҳо ба он мекӯшад, ки азобу шиканҷи одамонро сабуктар гардонад ва дар навбати аввал ба онҳое, ки ба кӯмак бештар мӯҳтоҷанд, ёрӣ расоннад.
Бетарафӣ
Барои он ки эътимоди умум ҳифз карда шавад. Ҷунбиш набояд дар низоъҳои яроқнок тараферо ҷонибдорӣ кунад ва дар баҳсҳои сиёсӣ, наҷодӣ ё идеологӣ ширкат варзад.
Мустақилӣ
Ҷунбиш мустақил аст. Ҷамъиятҳои миллӣ ба фаъолияти башардӯстонаи ҳукматҳои худ кӯмак расонида, ба қонунҳои кишвари худ итоат намуда, ҳамзамон бояд мухторияти худро нигоҳ доранд, то, ки барои мутобиқи принсипҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар амал намудан имконият дошта бошанд.
Ихтиёрӣ
Дар фаъолияти ихтиёронаи кӯмакрасонии худ Ҷунбиш бе ҳеҷ ваҷҳ барои манфиатҷӯӣ кӯшиш намекунанд.
Ягонагӣ
Дар мамлакат фават як Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар арзи вуҷуд дошта метавонад. Бояд дарҳои он барои ҳамаи ниёзмандон боз бошанд ва фаъолияти башардӯстонаи худро дар саросари кишвар амалӣ намояд.
Ҷомеият
Ҷунбиш умумиҷаҳонист. Ҳамаи ҷамъиятҳои миллӣ ҳуқуқҳои баробар дорандва вазифадоранд ба ҳамдигар кӯмак расонанд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташкилоти хайрияи кӯҳнатарини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 1927 арзи вуҷуд дорад. Вазифаи асосии Ҷамъият бидуни тафриқа гузоштан аз рӯи миллат, эътиқоди динӣ ё ақидаҳои сиёсӣ сабук гардонидан ва пешгирӣ кардан шиканҷаи мардум мебошад.
Дар натиҷаи мушкилоти иқтисодиюи иҷтимомӣ, ки асосан бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста аст, оқибатҳои хонавайронкуни ҷанги шаҳрвандӣ ва офатҳои табии дар қаламравӣ ҷумҳурӣ тез – тез сарзананда сатҳи зиндагии бемориҳои хатарнок (ба монанди сил, вараҷа, домана, ва дигар бемориҳои сироятшаванда) оварда расонд.
Аъзоён ва ихтиёриёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон имрӯз маблағ ҷамъ карда тавассути фаъолияти ойинномавӣ мардуми ба душвориҳои ҳаёт вохӯрдаро дар барқароркунии нерӯи зиндагӣ ва паси сар кардани душвориҳои муваққатии ҳаёташон дастгирӣ менамоянд.
© Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия
© Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
Комментарии (0)