Ба нақшагирии оила. Маҳфуми танзими оила ва принсипи он


       Нақшаи кор: 

  1. Мафҳуми танзими оила
  2. Нишондиҳандаҳои демографаи ҶТ
  3. Принсипҳои асосии танзими оила 
  4. Услубҳои асосии танзими оила
  5. Қ.Ҷ.Т. «Оид ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ» 
  6. Технологияи нави афзоиш. 

 

Оилаи бехтаринТанзими мутавалидот яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат ва агили асосии таъмини шароитҳои мӯътадали мавҷудияти (зиндагонии) наслҳои ояндаи одамон дар рӯи замон мебошад. Дар баробари таҳдиди афзудани шумораи мутаваллидодти аҳолӣ, дар сайёра дигар муаммо вуҷуд дорад. – афзудани шумораи оилаҳои бефарзанд, аз ин рӯ масъалаҳои танзими оила бояд дар модаи назари кормандони тиб монда шавад, аз он ҷумла ҳамчунин ҳамшираҳои тибби низ. 

Мувофиқи муқаррароти ТУТ танзими оила ин таъмини назароти вазифаи афзоиши (репродуктивӣ) барои таввалуд кардани кӯдакони солим ва дилхоҳ мебошад. Дар байни синну сол, вази солимии зан ва вазифаи бачазоиш (репродуктивӣ) он алоқамандии ниҳоят зич вуҷуд дорад. Мисол ҳомиладори ба зоиши зане, ки касолати ғайританосули (экстрагенталӣ) дорад метавонад ба фавти модари ва фавти зиёди (баланди) айёми зоиш (перинаталии) кӯдакон оварда расонад.

20 – ми феврали соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ҷаласаи ҷумҳуриявии машварати оид ба муаммоҳои тавсифи нуфуз (демография) танзими оила ва инкишофи (тараққиёти) устуворро гузаронд. Дар нутқи барноваии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқарар  шуд, ки дар мамлакати мо дар даҳсолаи охир шумораи аҳоли 14% афзуда аст, аммо даромади умумии дохилӣ бошад 64% кам шудааст. Истеҳсоли маҳсулоти умумии дохили ба ҳар як сари аҳоли 3 маротиба кам шудааст. Дар ин ҷо фаромӯш набояд кард, ки 93% сарзамини мамлакатамонро кӯҳҳо ташкил менамоянд ва аз ин рӯ воқеъан масоҳати корамӣ хоҷагии деҳот маҳдуд мебошад. 

Ҳамн тавр солимии наслҳои оянда ба танзими оила ниҳоят зич алоқаманд мебошад. Ҳамшираи тибби ба ҳамсароне, ки ҳомиладоршавиро ба нақша мегиранд тавсияҳо диҳанд, бо дар назардошти ҳолатҳои зерин: 

  1. Синну соли мувофиқи модар барои иҷрои вазифаи бачазоӣ (репродуктивӣ) аз 19 то 35 солагиро ташкил медиҳад. 
  2. Фосилаи байни зоишҳо аз 2, 3 – 3 сол камтар набошад. 
  3. Бордоршави (ҳомиладоршавӣ) танҳо баъди 2 моҳи. Беморшавии ҳамсарон бо бемориҳои шадиди сирояти мумкин аст. 
  4. Ҳамсарон 2 моҳ қабл аз ҳомиладоршавии ба нақша гирифташуда бояд, пурра аз ҳама одатҳои зиёновар даст кашан. (нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани тамоку, маводи мухадир ва ғайра). 

Техналогияи нави афзоишӣ (репродуктиви) 

Усулҳои бордоршавии сунъӣ – бордоркунии (инсеминатсияи) сунъӣ, бордоркунии хориҷи баданӣ (экстрокорпоралӣ) ва интиқоли кӯчонидани ҷанин (эмбрион) асосан барои безуретӣ истифода бурда мешаванд. Усули бордоркунии хориҷи баданӣ ва интиқолӣ ҷанин аз ҷониби олими ҷаниншинос (эмбриолог) Р. Эдвардс ва олими момоиву (зоимону) бемориҳои занона В. Стептоу дар инглистон офарида шудаанд, ки дар он ҷо соли 1978-ум якум «кӯдак аз найчаи шишагӣ (пробирка)» таввалуд шуда аст. Дар Руссия ин усулҳо аз соли 1986 бо муваффақият истифода бурда мешавад. 

Вазъи солимии кӯдаконе, ки бо ин усулҳои бордоркунӣ таввалуд шудаанд мутаасифона аз ҷиҳати илмӣ ба таври кофи тадқиқ карда нашудаанд. 

Маълумотҳои мавҷуда нишон медиҳад, ки дар таҷрибаи истифодабарии технологияҳои нави афзоишӣ (репродективӣ) дар кӯдакони бо ин усулҳо таввалудшуда касолатҳои ҷидди вомехӯранд. 

Интихоби усули пешгирии ҳомиладоршавиро бо ёрии маслиҳатҳои гуногун оид ба пешгирии ҳамл (контрасепсия) ё пешгирии пайдоиши ҳомилаи ба нақша нагирифташуда, ҳал намудан мумкин аст. Гарчанде, ки ягонтои усулҳои мавҷудаи пешгирии ҳомиладоршавӣ, аз камбудиҳо холи нест.

Аз маводи механикии пешгирии ҳамл (контросептивҳо) рифолаҳо (презирвативҳо) ва диафрагмаҳои, резинӣ бештар маълуманд. 

Маводи пешгирии ҳамли (контросептивҳои) кимиёвӣ ё спермитсидӣ (нутфанобудкунанда) номгӯии (навъҳои) хеле васеъро дар шакли равғанҳо (кремҳо), хамираҳо, хокаҳо, саккочаҳо (глобулаҳо), шамъчадоруҳо (суппозиторитҳо), кулчадоруҳои кафкунанда, маҳлулҳо, аэрозалҳо (кулчадоруи тратсептин. Т, С пардача, фарматекс, шамъчадоруи контрасептин ва ғайра). 

Ба усулҳои муосир контросепсияи дохилибачадонӣ (спирали дохилибачадонӣ) мансуб мебошад, ки раванди пайвандшавии (часпиданӣ, имплатансияи) тухмҳуҷайраи бордоршударо вайрон мекунад, инчунин контросепсияи ҳормоналӣ низ мансуб аст, ки аз боиси фурӯнишонии тухмрасии (эвулятсия) раванди бордоршавиро истисно мекунад.

Ҳамшираи тиббӣ бояд шартҳо ва зидинишондодҳои гузоштани спрали дохилибачадониро аниқ бидонад. Бояд дар хотир дошта бошад, ки рӯзҳои аввали баъди воридкарда гузоштани спирали дохилибочадонӣ (СДБ), пайдо шудани дард дар қисми поёнии шикам, обияти (тарашуҳотӣ) хуннок ва баромада афтидани СДБ, шиддатёбии равандҳои илтиҳоби музмин ва ғайра имконнопазир аст.        


Комментарии (0)

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив